Сокинони ноҳияи Сангвор асосан ба кишоварзӣ машғул буда, зиёда аз 70 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар ин соҳа фаъолият мекунанд.
Онҳо тирамоҳи соли 2021 дар 1076 гектар замин кишти зироатҳои ғалладонагӣ гузарониданд, ки сад фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Тибқи нақша, соли 2022 дар ҳама шакли хоҷагидории ноҳия бояд дар 1540 гектар ғалладонагӣ, 1110 — картошка, 214 — сабзавот, 4 — полезӣ, 50 — зағир ва 52 гектар хӯроки чорво кишт гардад. То моҳи апрел кишти ғалладонагиҳо 61 дарсад, картошка — 2,7, сабзавот — 20, зироатҳои техникӣ — 36 ва хӯроки чорво 50 дарсад иҷро гардид. Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2022 ба 7 миллиону 190300 сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 871400 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар чор моҳи соли равон гӯшт 297 тонна, шир — 629 ва тухм 379 ҳазор дона истеҳсол гардида, дар муқоиса ба семоҳаи якуми соли 2021 — ум гӯшт 37 тонна, шир — 67 ва тухм 26 ҳазор дона фузун аст.
Дар тавозуни Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 11 шабакаи обёрӣ мавҷуд буда, муассиса барои бо оби полезӣ таъмин намудани 863 гектар замин шартнома ба имзо расонидааст. Ин нишондиҳанда низ тамоюли афзоишро касб карда, дар қиёс ба семоҳаи якуми соли 2021- ум 63 гектар зиёд шуд.
Идораи замини ноҳия бо мақсади самаранок истифода бурдани замин, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, дар асоси он фаъолиятро ба роҳ мондааст.
Тайи чор моҳи соли равон ҳафт ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва дар робита ба онҳо чора андешида шуд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»