Сафи соҳибкорон дар ноҳияи Сангвор сол то сол афзоиш меёбад. Дар соли 2018 аз тариқи «Равзанаи ягона» дар ноҳия 70 субъект ба сифати соҳибкори инфиродӣ фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 6 адад ё 8 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҳисоби 17 соҳибкори инфиродӣ, ки бо шаҳодатнома фаъолият доранд, имсол ба буҷети ноҳия 41,6 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки 100 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Соҳибкорони инфиродие, ки бо патент фаъолият доранд, 58 нафарро ташкил медиҳанд. Онҳо ба буҷети давлат 50,2 ҳазор сомонӣ ворид намудаанд. Фаъолияти 3 нафар соҳибкори инфиродӣ қатъ карда шудааст.
Аз тарафи соҳибкорон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 105 ҳазор сомонӣ андози содакардашуда, 12,2 ҳазор андози иҷтимоии якфоиза ва 14,7 ҳазор сомонӣ андози иҷтимоии 25-фоиза пардохт гардидааст. Маблағи умумӣ аз ҳама намуди андоз 223,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Соли ҷорӣ 2 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ амалӣ гардида, ки маблағи умумии азхудшуда дар ин самт 328 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»