Конститутсия дар ҳар як кишвар санади асосӣ ба ҳисоб меравад ва бинобар ин масоили асосии ҳаёти ҳар як кишварро танзим мекунад. Адолат низ аз ҷумлаи масоили асосии зиндагии башарият буда, хоса дар кишварҳои демократӣ ва рӯ ба тараққӣ боис ба тавсеа ва дастгириву ҷонибдорӣ мебошад. Воқеан ҳам давлатҳои пешрафта ва ҷомеаи мутамаддинро бе адолат тасаввур кардан номумкин аст, зеро беадолатӣ хоси кишварҳои аҳриманӣ ва ҷомеаи барбарӣ аст. Адолат боис ба ризоияти ҷомеа, дар навбати худ ризоият боис ба сулҳу субот, пешрафту шукуфойӣ ва файзу баракат аст. Дар он ҷое, ки адолат нест, суботу оромӣ ва файзу баракат нест. Ин қонуни табиат аст ва касе инро инкор карда наметавонад. Агар инкор кунад, дер ё зуд мефаҳмад, ки хато кардааст. Аз ин рӯ, ин рукни муҳими одамӣ ва ҳаёти инсонӣ дар санади асосӣ ва аз тарафи шахси мансабдор ва ё мақомоти ниҳоят бонуфузи кишвар амалӣ карда мешавад.
Аз замони пеш ё даврони куҳан адолат ба шоҳу додситон (дар замони Қамар ба амиру қозӣ) иртиботи қавӣ дошт, зеро ин соҳибмансабон метавонистанд дар мавриди пойдорӣ ва ё нопойдории адолат нақш бозанд. Масалан, Анӯшервон бо одилии худ шуҳратёр шудааст, он тавре ки Ҳотам ба саховат, Ҷамшед ба базм, Рустам ба зӯри бозу, Қорун ба ганҷ, Борбад ба ромиш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба суботу ободкорӣ. Нисбат ба додситон (қозӣ) низ дар иртибот ба адолат санаду тафсир, қиссаву рӯйдодҳои зиёд мавҷуданд. Масалан, Имоми Аъзам Абӯҳанифа ибни Собит ба хотири дар ҷараёни ба амал баровардани адолат ё қазоват кардан барои ғолибан ба хато роҳ надодан аз ишғоли мансаби қозигӣ даст мекашад. Ё Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ гуфтаанд:
Қозӣ гар бошад палиду порахор,
Кай кунад фарқ золим аз мазлуми зор.
Ҳаким Фирдавсӣ гуфтаанд:
Расад лутфи Яздон ба фарёди ман.
Ситонад ба маҳшар аз ӯ доди ман.
Умуман, ҳар як фарди ҷомеа бояд бо адлу инсоф бошад ва дар кирдори худ онро риоя кунад. Мардуми Тоҷикистон низ тавассути Конститутсияи (Сарқонуни) кишвари худ бо пайгирӣ аз ин усули куҳан амалӣ намудани адолатро ба зиммаи Президент ва суд вогузор кардааст. Дар қисми дуюми моддаи 84 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст: «Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.». Дар баробари ин, Сарқонун риояи ҳуқуқи инсонро ба зиммаи Президенти кишвар низ вогузор намудааст. Мувофиқи қисми дуюми моддаи 64 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон «Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.» Дар ин ҷо, пеш аз ҳама мафҳуме, ки вобаста ба адолат аст ва маҳаки ин ҷумларо ташкил медиҳад, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон будани Президент аст. Дар амал низ чунин аст. Шахсони зиёд аз амалу санадҳои шахсони мансабдори сатҳи гуногун ва ҳатто аз амалу қарорҳои суд (судя) ба Президент шикоят мекунанд ва бо такя ба моддаи 64 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз медоранд, ки умеди охирини мо дар тантанаи адолат Президент аст, ҳарчанд мустақилияти судҳо ба онҳо ёдрас карда мешавад. Дар мавриди адлу адолат зикр кардан бамаврид аст, ки дар қонунгузории мо дар иртибот ба ин масъала баъзе тобишҳои гуногун низ ҷой доранд. Аз ҷумла, дар моддаи мазкур вобаста ба ваколатҳои Президент дарҷ шудааст: «Шӯрои адлияро таъсис медиҳад». Чунин ба назар мерасад, ки дар баробари Президент ва суд боз як мақоми дигаре бо номи «Шӯрои адлия» мавҷуд аст, ки адолатро амалӣ менамояд. Шӯрои адлия як мақомоти машваратии додгоҳҳо буда, масоили ташкилию ҳуқуқии судҳо (корҳои ғайрикасбӣ), аз ҷумла пешбарӣ ҷиҳати ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани судяҳо, муҷозоту мукофоти онҳо, таъмини маблағгузорӣ ва дигар самтҳои фаъолияти онҳоро сарпарастӣ намуда, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул мекунад.
Ниҳоди дигаре, ки номаш ба адл пайваст аст, вале дар амалӣ намудани адолат бевосита сарукор надорад, Вазорати адлия мебошад. Тибқи номи худ ин ниҳоди бонуфузи давлатӣ низ бояд бо адлу дод сарукори бевосита дошта бошад, вале ин кор ислоҳоти ҳуқуқию ташкилӣ мехоҳад.
Ниҳоди дигаре ҳаст, ки номаш ба адлу дод чандон иртиботе надорад, вале дар асл бошад, дар ба амал баровардани адолат бевосита тавассути густариши дод, яъне бо роҳи назорати пешниҳоди даъво, оғоз ва пешбурди парванда вобаста ба қонуншиканиҳо, ҳифзу ҳимояи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, манфиати давлату ҷамъият ширкат мекунад ва дар ин самт нақши бориз низ дорад. Ин ниҳод прокуратура ном дорад (дарвоқеъ вожаи прокурор — ғамхор, назоратчӣ аст. Ҳуқуқи додани ҷазоро надорад.). Имрӯзҳо, сарфи назар аз маҳдуд гардидани салоҳияти он дар самти баъзе ҳаракатҳо вобаста ба таъқиби ҷиноят, ҳамоно ин ниҳод бонуфуз ва пуркор аст. Албатта, дар оянда ба як мақоми мукаммалу муназзам муттаҳид намудани чандин ниҳоду мақомотҳо дар иртибот ба адлу адолат кори боманфиат хоҳад буд. Вале мусаллам он аст, ки айни замон тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамон тавре дар боло ишора рафт, адолат имрӯз аз тарафи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва додгоҳҳои кишвар амалӣ шуда истодааст. Дар роҳандозию пиёда кардани он нақши дигар мақомоти дахлдори давлатӣ, аз ҷумла прокуратура, мақомоти амнияту тартибот кишвар , Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ бориз аст.
Адолат ва Сарқонун дар хидмати инсон қарор доранд, зеро ҷавҳари ҳастӣ инсон аст. Ва мақсуд аз офариниши дунё аз тарафи Офаридгор низ одам аст. Дар пайгирӣ ба ин кор аз тарафи ҷомеаи мутамаддин ва мамолики мутараққӣ инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, аз ҷумла дар моддаи 5 Сарқонуни кишвари мо арзиши олӣ ва муқаддас дониста шудааст. Ин муқаддасот ва ин арзишу рисолат бо роҳҳои таҳияю қабули санадҳои ҳуқуқӣ, таъсиси ниҳодҳои давлатию ғайридавлатӣ ва роҳандозӣ кардани кори онҳо мавриди амал қарор дорад.
Қабули қонуну барномаҳои нав, такмили санадҳои амалкунанда ва таъсиси сохторҳои мутасаддӣ, бознигарии сохтору кори онҳо ҷузъе аз корҳои Ҳукумати кишвар ва ниҳодҳои ӯ маҳсуб меёбанд. Ҳар сол 6 ноябр рӯзи қабули санади асосӣ- Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хуррамию хушдилӣ, аз ҷумла бо баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ҷашн гирифта мешавад. Арҷгузорӣ ба ин санади муқаддас ниҳоят муҳим аст. Месазад, ки мо бештару хубтар онро ҷашн гирем, меъёрҳои онро эҳтиром намоем, зеро бо ин санад роҳи ҳаёти сиёсию иқтисодии мардуми мо дуруст муайян шудааст ва нуздаҳ сол аст, ки ҷомеа бе халал ба як самти босубот ва шукуфоию ободӣ таҳти сарварию сарпарастии Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаракат аст. Вақеан ҳам, эҳтиром ва риояи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки кишвари азизи мо дар солҳои наздик ба кишвари пешрафтаву муқтадир табдил ёбад.
С. Шоназаров, ҳуқуқшинос, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3