Аз пешниҳоди вакил ҷонибдорӣ мекунанд

Саратон бояд ройгон муолиҷа шавад

№83 (3068) 04.07.2013

Ба ҳамагон маълум аст, ки тайи солҳои охир олимони забардасти соҳаи тандурустии тамоми дунё дар пурра муолиҷа намудани бемориҳои саратон (рак) хеле танқисӣ мекашанд. Гарчанде қарни XXI, асри пешрафти технология бошад ҳам, аммо то ҳол ин беморӣ пурра табобатнашаванда боқӣ мондааст. Табибони кишвар бо роҳҳои ҷарроҳӣ, сӯзонидан тавассути нурҳои лазерӣ, бо истифодаи доруҳои химиявӣ (химиятерапия) садди роҳи он шуда натавонистанд. Давоми солҳои охир шумораи гирифторони ин беморӣ дар ҷумҳурӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Як сол қабл се шахси ба ман шинос бо чунин ташхис дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ бистарӣ шуда буданд ва онҳоро бо маблағҳои гуногун ҷарроҳӣ карданд. Афсӯс, аз ин се нафар як нафарашон пас аз ҳафт моҳ аз олам гузашт. Ду нафари дигар то ҳол зери назорати духтурон мебошанд, ки ҳоли хеле вазнин доранд. Онҳо хеле камбизоат шудаанд, чунки аз ночорӣ мошину молумулки рӯзгорро фурӯхта, барои табобат сарф карда истодаанд. Ҳар гоҳ ки ба муоинаи табибон мераванд, лозим меояд, ки маблағи муайяне сарф намоянд. Чунин вазъ онҳоро оҳиста-оҳиста ба бемадорию камбизоатӣ оварда расонид. Ин се нафар аз баҳри калон қатрае мебошад, чунки шумораи чунин беморон дар ҷумҳуриамон хеле зиёд аст. Ба фикри ман, нест деҳа ё маҳаллае, ки дар он як ё ду нафар гирифтори ин беморӣ набошад.

Аз ин лиҳоз, ман ҳамчун як шаҳрванди ҷумҳурии азизамон пешниҳоди вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Амиршоеваро ҷиҳати ройгон роҳандозӣ шудани табобати бемориҳои саратон дар кишвар ҷонибдорӣ менамоям. Инчунин итминони комил дорам, ки тамоми мардуми кишвар ҷонибдори ин пешниҳоди вакили муҳтараманд ва дуогӯи ӯ мебошанд.

Мо -интихобкунандагон бовар дорем, ки ин пешниҳоди саривақтиро ҳама вакилон якдилона дастгирӣ менамоянд, чунки имрӯз табақаи зиёди аҳолии кишварамон аз қабули чунин қарори хайрхоҳона шод гардида, боварашон ба Парлумони кишвар бештар мешавад.

М.ШОЕВ, номзади илмҳои биология,

муаллими калони кафедраи зоологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон