Саразм ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон, ки дорои таърихи 5500-сола мебошад, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2000 мақоми ҳуқуқии «Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ» — ро соҳиб гардида, 31 июли соли 2010 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид гардид.
Бояд қайд кард, ки ин ёдгории қадима тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос, шодравон Абдуллоҷон Исоқов кашф гардид. Он дар 15-километрии ғарби шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ва 45- километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Масоҳати умумиаш қариб 90 гектарро ташкил медиҳад. Саразм дар зарфи беш аз ҳазор сол, бахусус дар давраҳои энеолит ва асри биринҷӣ рушд ёфта, дар худ равобити гуногуни фарҳангӣ ва муносибатҳои мардуми тоҷикро таҷассум кардааст ва ёдгории беназир ба ҳисоб меравад. Шаҳраки Саразм яке аз қадимтарин нуқтаҳои аҳолинишин ва далели рушди пешрафтаи шаҳрсозӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, аҳолии он асосан бо деҳқонӣ, чорводорӣ, моҳигирӣ, шикорчигӣ, инчунин косибӣ ва маъдангудозӣ машғул будааст.
Ду бор, солҳои 2003 ва 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ёдгории Саразм боздид намуданд. Маҳз бо дастуру ҳидоятҳои созандаю фарҳангпарваронаи Сарвари давлат солҳои 2003-2008 панҷ ҳафриёти бостоншиносӣ болопӯш карда шуд.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 сентябри соли 2020 дар шаҳри Панҷакент 5500-солагии Саразми бостонӣ ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни 5500 — солагии Саразм, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил карда мешавад, мояи худшиносӣ ва меҳанпарастӣ хоҳад гашт. Зеро дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат таҷлили 5500-солагии шаҳри қадимаи Саразмро қарзи сокинони мамлакат дар назди таърих ва наслҳои оянда арзёбӣ намуданд.
Тавре Сарвари давлат иброз намуданд, ин ҷашн имкон медиҳад, ки маданияти беш аз 5500-солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшударо ба ҷаҳониён шоиста муаррифӣ намоем. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ёдгориҳои таърихиро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллат муносибат намоем. Ин қарз дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад.
Инчунин, вазифаи муқаддаси ҳар як сокини худогоҳи кишвар аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ тарбия намуда, дар қалб ва мафкураи онҳо эҳтиром нисбат ба Ватан, илму фарҳанг, таърихи бою пурғановати кишварро ҷой диҳем.
Зарина ҚОДИРОВА, омӯзгори МТМУ № 93-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе