Бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдкорӣ дар мамлакат босуръат идома дорад. Дар ин кори хайр на танҳо сохторҳои давлатию соҳибкорон, балки сокинони ватандӯсти маҳаллӣ низ саҳм мегузоранд.
Сокинони деҳоти Понғози ноҳияи Ашт Шерфаттоҳ Мавлонов ва Алиҷон Фидоматов маблағи барои анҷоми ҳаҷи умра ҷамъовардаи худро ҷиҳати мумфарш намудани роҳи деҳаашон — Чамбар истифода карданд. Ҳар кадоми онҳо барои ин кори хайр 46 000 сомонӣ ҷудо намуданд.
Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба дидорбинии ин пирони хайрхоҳ омада, барои анҷом додани корҳои созандагӣ ба онҳо изҳори миннатдорӣ кард.
Ташаббуси Шерфаттоҳ Мавлонов ва Алиҷон Фидоматов дар миёни сокинони деҳоти ноҳия ҳамовозӣ ба вуҷуд овардааст. Ба гуфти масъулон дар шаҳраку деҳоти Шайдон, Пунук, Ошоба, Ориён ва Ашт сокинон якдилона пули барои анҷоми маносики ҳаҷ андӯхтаашонро ба корҳои ободонӣ харҷ мекунанд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»