Зимни ҳодисаи ба сарамон омада ва саргардониҳо ҳам бо беадолатӣ ва ҳам бо адолат дучор шудем.
Тафсилоти воқеа чунин аст: Аввало боиси таассуф аст, ки набераи мо Иқбол Ҳасанов – хонандаи синфи 8-и МТМУ №60-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, моҳи декабри соли 2019 дар таълимгоҳ тартиботро вайрон карда, бо ҳамсинфаш Алиҷон Назиров муноқиша кардааст. Ин рафтори ӯро маҳкум мекунам.
Бинобар он ҳодиса, бо қарори Суди ноҳияи Сино Иқболро ба муҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум карданд. Аммо баъди муроҷиатҳои зиёди мо маълум гардид: «Аз омӯзиши маводи парвандаи ҷиноятии мазкур ба назар мерасад, ки тафтишоти пешакӣ ва судӣ рӯякӣ гузаронида шуда, ҳама ҳолати кор муайян ва санҷида нашудаанд» (Аз қарори раёсати Суди шаҳри Душанбе аз 5 октябри соли 2020). Ин хулоса баъди он бароварда шуд, ки мо нисбат ба ҳодиса ба чанд мақомоти дахлдор муроҷиат кардем ва баъд аз бознигарии онҳо кор ранги дигар гирифт ва адолат барқарор шуд.
Мавриди зикр аст, ки сабаби ду сол ҳукми ҷазо гирифтани набераамон ҳуҷҷати қалбакии Шаҳодатномаи таваллуди ӯ мебошад, ки аз ҷониби шуъбаи САҲШ-и ноҳияи Сино 23 декабри соли 2015 дода шудааст. Дар шаҳодатнома имзои шахси масъул мавҷуд нест ва санаи таваллуди Иқбол Ҳасанов 22 октябри соли 2005 қайд шудааст. Аммо дар асл вай 18 марти соли 2006 таваллуд шудааст, яъне ҳангоми содир кардани ҷиноят ноболиғ буд. Яъне, ин ҳолат бояд ҳангоми баррасии парванда ба эътибор гирифта мешуд. Баъди муроҷиати мо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон набераамон Иқбол Ҳасанов баъди ҳашт моҳи адои ҷазо аз маҳбас озод шуд. Аз ин ҷиҳат, тавассути рӯзномаи «Садои мардум» ба роҳбарону масъулони ниҳодҳои зикршуда ва ба роҳбарияти МТМУ №60-и ноҳияи Сино, ки моро дастгирӣ карданд, миннатдорӣ баён мекунам.
Зимнан, мехоҳам бемасъулиятии баъзе аз кормандони САҲШ — ро махсус таъкид намоям, ки маҳз бо хатои онҳо ташвишу саргардониҳои мо зиёд шуд. Баъзан аз расонаҳои хабарӣ мешунавам, ки бо сабаби чунин бемасъулиятӣ ва зимни таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон ба иштибоҳ роҳ додани кормандони баъзе аз идораҳои САҲШ барояшон мушкилот эҷод мекунанд. Аз ҷумла, бархе аз ҳамватанон маблағи зиёд сарф карда, барои дарёфти кор ба хориҷа мераванд, вале бинобар сабабҳои дар боло номбаршуда ба мушкилӣ дучор шуда, онҳоро аз кишварҳои хориҷӣ берун мекунанд. Ин амали онҳо, яъне, он масъулони бемасъулият, нобахшиданист.
Ҳамчунин, мехоҳам нуктаи дигарро доир ба таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон қайд кунам. Мушоҳида мешавад, ки ин масъала боис ба нигаронӣ гаштааст. Ахлоқу одоби аксар наврасону ҷавонон коста шудааст ва дар натиҷа онҳо дар таълимгоҳҳо, кӯчаю дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ худро идора карда наметавонанд, суханони қабеҳ мегӯянд, ҷанҷолу хархаша мекунанд. Ин ҳолат бояд падару модарон ва омӯзгоронро ба андеша водор созад. Онҳо бояд ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон эътибори ҷиддӣ диҳанд. Дар ин бобат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ қабул шудааст, ки иҷрои он ҳатмист. Мо — калонсолон фарзандонамонро бояд лаҳзае аз назорат дур намонем, зеро дар ҷомеа омилҳои зиёде мавҷуданд, ки аз таъсири онҳо ҷавонон метавонанд ба роҳҳои бад раванд.
Қурбоналӣ АБДУРАҲИМОВ,
нафақахӯр,
сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев, бинои 34/2, ҳуҷраи 2