Соли 2018 як гурӯҳ олимону мутахассисони бахшҳои гуногуни табиатшиносӣ дар ҳайати беш аз 30 нафар ба деҳоти «Сари Хосор»-и ноҳияи Балҷувон сафар карда, иқлим, олами набототу ҳайвоноти ин мавзеи зебоманзарро мавриди таҳқиқ қарор доданд, ки дар зери назари бархе аз онҳоро пешкаш менамоем.
Олами биологии ноҳия, алалхусус, мавзеи Сари Хосор, аз ҳисоби гуногунии набототу ҳайвонот яке аз мавзеъҳои нотакрор ва беҳамто маҳсуб меёбад. Дар он ёдгориҳои нодири таърихию табиӣ низ хеле зиёданд, ки бозгӯйи тарзи зиндагӣ, урфу одат ва касбу ҳунари мардуми диёранд.
Қисмати зиёди релефи ин мавзеъро миёнакӯҳҳо ташкил менамоянд, ки дар баландии 1200-3500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд. Табиати афсонавӣ дар Сари Хосор теппаҳоеро аз хоку сангу гил тавре сохтааст, ки ба манораҳои секунҷа шабоҳат доранд. Шакли онҳо диққатҷалбкунанда буда, ландшафти табииро хеле дилкашу зебо гардонидаанд. Захираҳои обии Сари Хосорро асосан дарёҳои Сурхоб, Тира, Оби Мазор, Шӯроб ва Шаршараи Пушти Боғ ташкил медиҳанд.
Набототи мавзеъҳои наздикӯҳӣ, пасткӯҳҳо, дараҳои гуногунманзара ва кӯҳҳои осмонбӯси Сари Хосор аз растаниҳои шифоӣ (105 намуд), асаловар (28), ғизоӣ (87), анҷибар (92), дарахтони тут (беш аз 10), чормағз (7), себ (20), нок (4), ношпотӣ (2 ), мурӯд (2), гелос (3), олуча (2 намуд), олучаҳои кӯҳӣ, ки меваашон зард, ҷигарӣ, кабуду сурх аст (5 намуд), бодоми талхак, бодоми шириндона, дӯлона (2), писта, инчунин, дарахтони паҳнбаргу сояафкан, аз қабили чинор, бед, сафедор, ар-ар, шинг, буттаҳои зирк (2), настаран, ангат (2 намуд) ва ғайра иборат мебошанд. Махсусан, ин маҳал аз шаклҳои гуногуни гандум — сурхак, сафедак, каду (4 намуд), нахӯдҳои шакли донашон гуногун, лӯбиёи маҳаллӣ (3 намуд) ҷав (2 намуд), зағир, наск, зироатҳои хӯроки чорво, ҳазориспанд, чукрӣ, торон, шӯлха, рошак ва ғайра хело бой аст.
Сари Хосор аз нуқтаи назари гуногунии агробиологиаш, ки асоси яке аз бахшҳои кишоварзӣ — растанипарвариро ташкил медиҳад, аз минтақаҳои аввалини пайдоиши бисёре аз намудҳои зироатҳои кишоварзӣ ба шумор меравад. Дар он ҷо дарахтонеро, аз қабили арча, чанор, чормағзу тут пайдо кардан мумкин аст, ки таърихи 700-1000 — сола доранд.
Апаи Марҷонбӣ Маҳмадиева ва шавҳараш Маҳмадсолеҳ Муҳаббатов (сокинони ин минтақа) зикр намуданд, ки солҳои пеш тухмии зироатҳои кишоварзиро падару модарашон аз ҳосили парваришкарда ба даст меоварданд. Ба қавли ин ду нафар, онҳо байни худ тухмиҳоро иваз менамуданд ва ҳосили дилхоҳ ҳам мерӯёнданд. Масалан, апаи Марҷонбӣ тухмии навъи лӯбиёеро, ки «сафедак» меномиданд, аз модараш ва ӯ аз модаркалонаш гирифтааст. Яъне, се насли авлод онро нигоҳ доштааст. Онҳо ин навъи тухмиро барои омӯзиш ба Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ пешниҳод намуданд. Инчунин, маълумот гирифтем, ки дар ин мавзеъ навъҳои гуногуни кадуро аз давраҳои хеле қадим кишт менамоянд. — Махсусан, навъи кадуи маҳаллӣ «Ширкаду», — гуфтанд онҳо, — дар он ҷо хуб афзоиш меёбад ва вазни як донаи он то ба 50-70 кг мерасад.
Дар Сари Хосор ба парвариши картошкаву сабзавот аҳамияти махсус дода мешавад. Аз ин ҷост, ки барои таҷриба олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ моҳи майи соли гузашта дар замини хоҷагии деҳқонии Давлат Сатторов (деҳаи Дашти Шӯро) дар баландии 1700 м аз сатҳи баҳр навъҳои гуногуни картошка — «Тоҷикистон», «Файзобод», «Рашт» ва «Академияи илмҳо-1»-ро кишт намуданд ва ҳосили дилхоҳ гирифтанд.
Мардуми меҳнатқарини Сари Хосор аз давраҳои қадим дар парвариши дарахти тут ном баровардаанд. Ба қавли онҳо, «дар зери дарахти тут дастархони Ҳазрати Хизр партофта шудааст», чунки ҳама вақт аз зери он одамон, чорво, мурғону парандагон ғизои худро пайдо менамоянд.
Дар ҷараёни омӯзиш чизи барои мо диққатҷалбкунанда ин кам гирифтор гаштани мурғони хонагӣ ба касали паҳнгаштаи мурғон (вабо ё ин ки муриши онҳо аз вирусҳо) буд. Мардуми маҳаллӣ сабаби онро дар бисёр хӯрдани мурғон аз меваи тут арзёбӣ намуданд.
Аҳолии Сари Хосор мисли дигар мардуми кишвар дар ҷараёни иҷрои корҳои хоҷагӣ аз қувваи ҳайвонҳои хонагӣ — асп, гов ва махсусан, хар, васеъ истифода мебаранд. Бартарии биологии хар дар он зоҳир мегардад, ки ба ҳар гуна касалӣ нисбат ба дигар ҳайвонҳои хонагӣ кам гирифтор мешавад.
Дар оянда метавон аз ҳайвонҳои саворӣ дар рушди туризм ва барои сайр намудани сайёҳон дар талу теппаҳои кишвар низ истифода бурд. Таҷрибаи истифодабарии ҳайвонҳои хонагӣ, аз қабили аспу хар, дар рушди сайёҳӣ ва болида гардонидани табъи сайёҳони хориҷӣ дар аксар мамлакатҳо васеъ истифода мешавад.
Тибқи тадқиқоти олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истифода аз асбобҳои дақиқи муосир дар деҳоти «Сари Хосор» сатҳи радиатсияи муҳити зисти деҳаҳо нисбат ба шаҳри Душанбе 2-3 маротиба паст аст. Шояд аз покизагии ҳаво ва муҳити зист бошад, ки чеҳраи сокинон равшан, баргҳои дарахту буттаҳо ҷилодиҳанда, ҳайвонот ҳушёру чобук ва меваҳо ниҳоят ширину ҳаловатбахшанд.
Дар ҳар деҳаи Сари Хосор гуногунии организмҳои сода — гулсангҳо (лишайникҳо)-ро мушоҳида намудем. Гуногуншаклӣ ва гуногунии рангу афзоиши гулсангҳо индикатори асосии табиӣ дар табиат ба шумор мераванд ва қонуни пайдоиши организмҳои мураккабро низ дар табиат нишон медиҳанд. Аз ин лиҳоз, омӯхтани гуногунии шаклу намудҳи гулсангҳо дар мавзеи Сари Хосор ҷиҳати баҳо додан ба гуногунии организмҳои мураккаби бисёрҳуҷайрагӣ дар оянда аҳамияти калони илмию амалӣ дорад.
Зимни тадқиқот олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ба омӯзиши организмҳои якҳуҷайрагӣ, аз қабили обсабзҳо аҳамияти махсус доданд. Онҳо аз мавзеъ ва баландиҳои гуногун аз сатҳи баҳр намунаҳои обсабзҳоро ҷамъоварӣ ва барои ҳаматарафа омӯхтани онҳо дар шароити озмоишгоҳ тадқиқотро оғоз намуданд. Дар баландии 1700 м аз сатҳи баҳр, дар мавзеи деҳаи Мулоконӣ, ба мо муяссар гашт растаниеро, ки дар байни мардуми деҳот бо номи «ровшак» паҳн гаштааст, пайдо намоем, ки гул ва тухми бисёр дошт. Барои омӯхтани он тухмии онро ҷамъоварӣ кардем, то ин ки дар оянда дар қитъаи таҷрибавӣ шинонида, тадқиқотро давом диҳем.
Дар деҳаи Шибдара бо як таҷрибаи инноватсионӣ доир ба ду ҳосил ба даст овардан аз растаниҳо ва дони лӯбиё шинос шудем. Онро оилаи деҳқони таҷрибанок А. Шокиров чанд сол боз ба роҳ мондааст. Онҳо дар заминҳои наздиҳавлигӣ фасли тирамоҳ (моҳҳои октябр-ноябр) тухмии ҷави сулӣ (овёс) кишт менамоянд. Дар моҳи июл, баъди ҳосили баргу пояи онро гирифтан, заминро нарм карда, ба ҷояш омехтаи ҷуворимакка ва лӯбиёи тезпази поядароз кишт мекунанд. Бо ин роҳ дар моҳҳои октябру ноябр баргу пояи сабзи ҷуворимакка ва дони лӯбиёгӣ ба даст меоранд. Баъди ҷамъоварии ҳосили ҷуворимакка ва лӯбиё боз тухми ҷави сулӣ (овёс) пошида мешавад. Дар шароити кӯҳистон ин таҷрибаи пешқадам аст ва дар оянда метавон аз он дар шароити кӯҳистон васеъ истифода бурд.
Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки омилҳои гуногунии биологии Сари Хосор аз инҳо иборатанд: ҳавои тозаи кӯҳистон, обу хоку гили он, дараҷаи шуъорасонии офтоб, ҷараёни бордоршавии дохилинамудӣ ва байнинамудӣ, ба тариқи интихоби табиӣ ва сунъӣ (аз тарафи одамон) ва ғайраҳо. Аммо дар паҳншавии гуногунии биологии Сари Хосор саҳми парандагон, ҳайвонҳои хонагӣ ва ваҳшӣ, оби чашмаву дарёҳо, шамол ва ғайра низ калон аст. Масалан, яке аз ҳайвонҳое, ки омили гуногунии биологӣ мегардад, хирс мебошад. Онҳо шабона ба водиҳо фаромада, меваҳои дарахтони гуногунро хӯрда, дар меъда тухми онҳоро ба ҳар тараф бурда, бо саргин парешон месозанд.
Инчунин, дар деҳоти «Сари Хосор» беш аз 150 чашма мавҷуд мебошад, ки хусусияти табобатӣ доранд.
Омӯзиш нишон дод, ки дар ноҳия таъсири тағирёбии иқлим ҳис карда мешавад. Омадани селу боронҳои шадид, хокборишҳо, баланд гаштани ҳарорати ҳаво, шамолу тундбод боиси талаф ёфтани чорво, эрозияшавии қитъаҳои замини деҳқонон ва паст гаштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мегардад. Боду ҳавои деҳоти «Сари Хосор» нисбатан тозаю форам бошад ҳам, дар он ҷо баъзе намуди касаливу ҳашароти зараррасони зироатҳои кишоварзиро мушоҳида намудем, ки дар оянда мебояд барои пешгирӣ аз онҳо чораҳои зарурӣ андешид. Масалан, аз касалиҳои картошка, занбурӯғӣ, вирусӣ ва ҳашароти хавфнок, ба монанди қунғузи колородоӣ, кирми тирамоҳӣ ва ғайра, киштзорҳо зарари ҷиддӣ мебинанд. Деҳқонон гуфтанд, ки солҳои охир саршумори хукҳои ёбоӣ афзоиш ёфтааст. Онҳо шабона ба киштзорҳо ворид шуда, майдонҳои кишти гандум, нахӯд, картошка ва дигар зироатро поймол намуда, зарари ҷиддии иқтисодӣ мерасонанд. Аз ин сабаб деҳқонон аз кишти гандуму нахӯд даст кашида истодаанд. Инчунин, солҳои охир касалиҳои занбурӯғии қутураку зиреҳакҳо ва ҳашароти ҳавфноки ширинчаи хунин зиёд ва боиси хушк гаштани дарахтони гелос, олуча ва олучаи кӯҳӣ дар Балҷувон гаштаанд, ки ин бештар ба тағйирёбии иқлим вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки минбаъд бар зидди онҳо чораҷӯйиҳои агрономӣ ба роҳ монда шаванд.
Захираҳои бойи генетикии набототу ҳайвоноти Сари Хосор дар оянда метавонанд ҳамчун махзани бебаҳо дар корҳои генетикию селексионӣ васеъ истифода бурда шаванд ва дар таъмини амнияти озуқавории диёр саҳми арзанда дошта бошанд.
Ҷиҳати рушди сайёҳии агроэкологӣ ва табиатшиносӣ зарур аст, ки роҳҳо ва инфрасохтори дигари лозим дар ин мавзеи нотакрори кишвар ташкил карда шавад.
Абдусаттор САИДОВ – доктори илмҳои биология, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Қурбоналӣ ПАРТОЕВ — доктори илмҳои кишоварзӣ, сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Сайфидин САДРИДДИНОВ – доктори илмҳои кишоварзӣ, сарходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон