Тайи солҳои охир, соҳаи сайёҳӣ, ки дар кишвар яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад, ҳамеша зери таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Аз ҷумла, бо мақсади рушд ва тараққӣ бахшидани ин соҳаи басо муҳим аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 — 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид.
Яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳаво, ки диққати сайёҳони дохилу хориҷро ба худ ҷалб кардааст, Сари Хосор мебошад, ки дар ноҳияи Балҷувон ҷойгир аст.
Аз маркази Балҷувон то Сари Хосор расо ду соат роҳ аст. Ҳангоми сафар ба он ҷо аз дидани шаршараи овозадори мавзеъ дар ҳайрат мондем. Гирду атрофи он пур аз дарахтони гуногуни ҳамешасабз мебошад, ки ба ҳусни он ҷилои дигар бахшидаанд. Тибқи маълумотҳо, шаршараи Сари Хосор, ки дар баландии 2010 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад, дар кишвар зеботарин ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки бо мақсади ҳифзи намудҳои нодири набототу ҳайвонот ва рушди соҳаи сайёҳӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 — уми октябри соли 2005 дар ин мавзеъ Парки табиии «Сари Хосор» таъсис дода шудааст. Он зертобеи Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар масоҳати 3805 гектар доман паҳн кардааст.
Тибқи маълумотҳо, дар мавзеи Сари Хосор 20 намуд набототи нодиреро вохӯрдан мумкин аст, ки соли 2015 ба «Китоби Сурх»-и Тоҷикистон дохил шудаанд.
Мавзеи Сари Хосор бо дарахтони кӯҳансолу сарсабз сайёҳони зиёдро дар ҳайрат гузоштааст. Чанорҳои куҳнаи мавзеи Дашта, манзилгоҳи Шоҳ Неъматуллои Заробии балҷувонӣ ва деҳаи Дошмандиро метавон мисол овард, ки аз 200 то 1300 сол умр доранд. Дар дохили яке аз чинорҳои азимҷусса ҷувоз ҷой дода шудааст, ки бо номи Чинори ҷувоз машҳур мебошад.
Мавзеи дигари сайёҳии Сари Хосор деҳаи Боғи Зоғон аст, ки дар он зиёда аз 150 хоҷагӣ умр ба сар мебаранд. Шуғли сокинон чорводорӣ ва боғдорӣ мебошад. Дар деҳа чашмае бо номи Чашмаи Сулаймонӣ маъруф аст, ки дармонбахш аст. Оби он, ки аз байни сангҳои азимҷусса ҷӯш зада мебарояд, дар ҳама фасли сол ҷорист.
Бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон дар мавзеи зебоманзари Сари Хосор меҳмонхонаи замонавӣ бо тарҳи муосир сохта ба истифода дода шуда, ки аз се ошёна иборат буда, дорои шароити хуби хизматрасонӣ мебошад.
Дар сурати аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Балҷувон пурра таъмир ва мумфарш кардани роҳи Балҷувон — Сари Хосор ин макон ба мавзеи хуби сайёҳӣ мубаддал мегардад.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»