Бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», солҳои 2019-2021

Сари Хосор — муъҷизаи табиат

№90 (4196) 25.07.2020

Сари Хосор1Соли 2002 буд. Он замон дар вазифаи муовини раиси ноҳияи Фархор кор мекардаму ба тамошои шаршараи Сари Хосор рафтем. Сафар бо супориши Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

Раиси вилояти Хатлон Амиршо Миралиев буданд. Фасли тобистон ҳукумат дошт. Сарвари давлат бо фаъолони 25 ноҳияи вилояти Хатлон маҷлис ороста таъкид намуданд, ки кори идеологии вилоятро занҳо пеш мебаранд. Сипас, бодиққат ба толор нигариста, пурсиданд:

- Кадоме аз шумо таи се соли охир ба осоишгоҳ рафта, истироҳат кардаед?

Касе посух нагуфт. Хомӯшӣ толорро фаро гирифт. Сарвари давлат ҳақиқати ҳолро аз чашмони мо хонда, афзуданд:

- Кор бо истироҳат хуб аст. Медонам, ки бо ташвишҳои кори роҳбарӣ, хонаву фарзанд шумо фикри истироҳатро дар сар надоред. Бинобар ин, ба раиси вилоят супориш доданд, ки муовинони идеологии 25 ноҳияи вилояти Хатлон як ҳафта ба мавзеи хушманзараи шаршараи Сари Хосор рафта истироҳат кунанд.

Баъди се рӯз ҳамроҳи ду табиб, бо роҳбарии муовини раиси вилоят Шарифова Латофат азми сафари Сари Хосор намудем. Бо роҳи ноҳамвору душворгузари кӯҳсор ҳаракат карда, оқибат ба он мавзеи афсонавӣ расидем.

Шаршараи Сари Хосор. Ин ёдгории нодири табиат дар мавзеи Пушти Боғи деҳаи Мулоконии деҳоти «Сари Хосор» ҷойгир аст. Он бо як дидан дилро мебараду шефта мегардонад. Дар он 10-15 вагон гузошта, ҳар кадомеро бо се кати хоб ва дигар ҷиҳози зарурӣ муҷаҳҳаз намуда буданд. Ман, Раҳмонова Соҷида-собиқ муовини раиси ноҳияи Темурмалик ва Зоирзода Маърифат — муовини якуми раиси ноҳияи Балҷувон дар як вагон ҷой гирифтем.

Ҳар пагоҳӣ чаҳ-чаҳи мурғакони даштӣ моро аз хоб бедор мекард. Баъди наҳорӣ назди шаршара рафта, аз тамошои гулу буттаҳои гирду атроф ва шоридани об лаззат мебурдем. Амаки Ҷалол, ки ҳамроҳи ҳамсараш камари хидмат барои истироҳаткунандагон баста буданд, тарбузу харбузаҳоро зери оби шаршара гузошта, барои тайёр кардани хӯроки нисфирӯзӣ омода мешуданд. Муовини раиси ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ) Муаззама Баҳромова, ки кадбонуи хуб буд, дар тайёр кардани хӯрок ба амаки Ҷалол ёрӣ мерасонд. Ӯ аз навдаҳои борики дарахтон чӯбча сохта, харбузаро тилим намуда, аз он чӯбчаҳо даста карда, «ана ба шумо яхмос», — гуфта ба ҳар кадоме аз мо медод.

Он рӯз Латофат Шарифова озмун эълон кард, ки касе ба баландӣ баромада, аз куҷо баромадани оби шаршараро бо чашм бинад, ӯро туҳфа интизор аст. 16 нафар аз пайи иҷрои озмун шудем. Баъзеҳо ба сахтии роҳ тоб наоварда, ба қафо баргаштанд. То болои шаршара 6 нафар расидем. Об аз дили санг ҷӯшида мебаромаду ба шаршара мубаддал мешуд. Манзараҳои атроф низ чунон дилрабо буданд, ки қалам дар васфашон оҷизӣ мекунад.

Агар баромадан то оғози шаршара душвор буд, аз он баландӣ ба поён фуромадан боз ҳам душвортар гардид. Бо азоб буттаву навдаҳои дарахтонро дошта, тарсидаву ларзида ба зери шаршара расидем. Дигар гирифтани туҳфа ҳам ба ёдамон намерасид. Шукр мегуфтем, ки аз як санҷиши душвор гузашта, сиҳату саломат мондем.

Латофат Шарифова ҳоли моро мушоҳида намуда, эълон кард:

- Ба шаш нафар бонуи нотарсу ҷасур барои қаҳрамонияшон як донагӣ яхмоси дигар туҳфа карда мешавад. Ҳама хандиданд.

Муаззама Баҳромова бо ханда ба мо як донагӣ яхмос доду «ман ин ҷо нишаста, се дона яхмос хӯрдам, шумо азоб кашида, боло баромада ба ду дона яхмос соҳиб шудед», — гуфт.

Рӯзи дуюми сафар субҳи барвақт зани чеҳракушоде наздамон омад:

- Ман, раиси занҳои деҳаи Сари Хосор Азизова Ҷиғагул. Омадам, ки шуморо ба меҳмонӣ барам. Занҳои деҳа аз омадани шумо хабардор шуда, маро назди шумо фиристоданд, — гуфт ӯ.

Мо аз даъвати ногаҳонӣ ҳайрон шуда, дурии роҳро баҳона пеш оварда, Ҷиғагулро саволборон кардем: «Роҳ дур аст?», «То деҳаи шумо чанд дақиқа роҳ аст?», «Дар он ҷо чанд бону моро интизор?», «Моро мошин мебарадад ё не?»…

Маърифат Зоирзода муовини якуми раиси Балҷувон чун соҳибхона ба мо рӯ оварда гуфт:

- Омода шавед, меравем, роҳ чандон дур нест. Ба умеди мошин нашавед, он ҷо роҳи мошингард надорад. То бегоҳ баргашта меоем.

Баъди чанд лаҳза ба роҳ баромадем. Пеш-пеш амаки Ҷалол харбузаеро бардошта қадам мезад. Соате роҳ гаштем, вале деҳае ба чашм намерасид. «Кай мерасем?», «Чаро ба роҳ баромадем?», «Ҳоло ҳам дер нашудааст, биёед ба қафо бармегардем», — садои норозиён баланд гашт.

Аз ҳама бештар Муаззама Баҳромова, ки зани бо танутӯш буду роҳ рафтан барояш душворӣ мекард, эътироз намуд. Вай аламашро аз амаки Ҷалол гирифтанӣ шуда, ба ӯ часпид:

- Дар ҳамин роҳи душвор чаро харбузаи вазнинро бардошта омадӣ?

- Муаллима, шунидам, ки занҳои деҳа фатирмаска карданианд, барои ҳамин харбуза гирифтам. Фатирмаска бо харбуза лаззати дигар дорад, — бо самимият иброз дошт амаки Ҷалол.

Ҷиғагул ба ҳоламон дилаш сӯхт, ки гуфт:

- Барои роҳро кӯтоҳ кардан беҳтар он аст, ки аз болои пули ларзонаки дарёча гузарем. Агар розӣ бошед, аз қафои ман қадам занед.

Бо дили нохоҳам аз қафои ӯ рафтем

Маърифату Соҷида, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ (Балҷувон ва Темурмалик) кор мекарданд, сабук роҳ мерафтанд, дигарон шалпар шуда, ба пули ларзонак расидем. Ҷиғагул гӯё парвоз мекарда бошад, аз пул гузашт. Маърифату Соҷида низ ба ӯ пайравӣ карданд. Дигарон худро қафо гирифтанд. Роҳбари гурӯҳ духтаронро ҳавасманд кардан хост:

- Ба шумо чӣ шуд, аз ин дида, озмоиши вазнинтарро бо сарбаландӣ гузаштед, болои шаршара баромада тавонистед, аммо аз пули ларзон ба воҳима афтодед.

- Чӣ мешавад, ду нафарӣ якдигарро дошта пулро гузарем, — пешниҳод намудам.

- Ин корро накунед, пул вазни ду касро бардош­та наметавонад, — аз он тарафи соҳил дод зад Ҷиғагул.

Олиямоҳ – муовини раиси ноҳияи Панҷ (шодравон) зеботарину меҳрубонтарин бону бо шухӣ гуфт:

- Идеологияро, ки аз ҳама соҳаи вазнин аст, уҳда карда метавонед, наход аз пули ларзонак тарсед, — гуфта пеш даромад. Вай ба байни пул расида ногоҳ чунон дод зад, ки ҳама шах шудем. Рангу рӯи Латофат Шарифова аз тарс канд.

- Хато кардем, ки ба ин меҳмонӣ розӣ шудем, – гуфт ӯ, баъде ки Олиямоҳ аз пул гузашт. — Охир, ман барои ҳар яки шумо ҷавоб мегӯям.

Дилам ба ҳоли роҳбари гурӯҳ сӯхт. Пеш даромадам. Ба рӯи пул қадам гузоштам. Пул ба ларзидан даромад, хаёл кардам, ки вуҷуди ман ҳам меларзад. Худамро ба даст гирифта, пеш рафтам. Хаёл кардам, ки ҳеҷ ба соҳил намерасам. Ба замин қадам мондан баробар Олиямоҳ ба оғӯшам гирифта, ба гӯшам пичиррос зад:

- Гулчеҳра, вақти аз пул гузаштан гуноҳҳоям пеши рӯ омад. Хаёл кардам, ки аз пули сирот мегузарам. Назди Офаридгор тавба кардам.

- Олиямоҳ, хоҳиш мекунам, хомӯш бош, то дигарон нотарсида пулро гузаранд, — гуфтам ба ӯ.

Ҳамин тавр, пули ларзонакро тарсидаву ларзида гузаштем.

Сари ХосорБа маҳали аҳолинишин расидем. 10-15 нафар бачаҳои 6-7- сола моро дида ба қафо давида: «омаданд, омаданд, меҳмонҳо омаданд», — гӯён ба ҳавлие даромаданд. Аз он тараф садои доира баланд шуд. Зани фарбеҳе пеш-пеш ва чор нафар доирачии дигар аз қафо бо остинҳои кушод-кушод «Хуш омадӣ, меҳмони мо», — гуфта ба кӯча баромаданд. Дар як лаҳза аҳли деҳа ҷамъ омаданд. Чашмони шуълабор, рӯи офтобхӯрда, рӯймолҳои сафеди каҷбаста, табассуми зебои занҳои кӯҳистонӣ моро чунон шод гардонд, ки тарсу ваҳм, пули ларзонак, мондашавиро фаромӯш карда, зери навои доира ҳама ба рақс даромадем.

Дар рӯи ҳавлӣ барои меҳмонон ҷой карда буданд. Аввалин шуда Муаззама худро болои кӯрпача партофт:

- Сиҳату саломат ба ноҳия баргардам, кӯшиш мекунам, ки хароб шавам. Охир, вазнам аз сад кило зиёд аст, — ба гап даромад ӯ. — Вақте аз пул мегузаштам, ба поён нигоҳ карда, оби пурталотумро дида, диламро даҳшат зер кард. Вале худамро таскин додам, ки маро бо ин тану тӯш об бурда наметавонад? Пеши обро дамба мекардаму дарёча аз соҳил мебаромад, — ӯ ин гапро гуфта баланд хандид. Дигарон низ ба ӯ пайравӣ карданд.

- Меҳмонҳои азиз, чаро ин қадар дер кардед? Фатирҳо хунук шуд, аз сари нав хелиданд, аммо парво накунед ҳозир фатирмаска тайёр мешавад, — гӯён бонуе моро пазироӣ намуд.

Занҳои деҳ серташвиш буданд, яке оташ дармегиронд, дигаре ба фатирҳо мухпар мезад, сеюмӣ ба рӯи дастархон анвои хӯрданӣ мегузошт.

- Меҳмонҳои азиз, нӯши ҷон кунед, — гуфта дар чанд коса дӯғ оварданд, ки ташнагиамонро бо он паст кунем.

Бо занони меҳнатдӯсти деҳа ду соат нишаста он қадар маълумот ба даст овардам, ки зеби навиштану китоб кардан аст. Онҳо дар бораи ҳунарҳои мардумӣ, дӯхтани куртаву ҷомаҳои нақшбандӣ, чакандӯзӣ, тоқидӯзӣ, шерозбофӣ, чолбандбофӣ, ресандагӣ, сабадбофӣ, ороиши гаҳвора ва бо муҳраҳои рангоранг оро додани бандакҳои он, дӯхтани кӯрпаву кӯрпача, қӯроқдӯзӣ нақл карданд. Онҳо ҳама корро аз маҳсулоти худӣ мекунанд, ниёзе барои аз бозор харид кардан надоранд, худ медӯзанд, мебофанд, мересанд ва оро медиҳанд. Ҳунарҳоро ба фарзандонашон низ меомӯзанд.

Баъди хӯрдани фатирмаска як зани таҳҷоӣ наздам амонат нишаста пурсид:

- Муаллима, байни шумо духтур нест?

- Ҳаст, чӣ буд?

- Келинам навзо аст. Чанд рӯз боз худро бад ҳис мекунад.

Ман вазъиятро ба табиб Роҳатой Маҳмудова гуфтам. Ӯ аз зан пурсид:

- Хонаатон дур аст?

- Наздикак, — саросема ҷавоб дод вай.

Роҳатой табассум карду гуфт:

- Ҷиғагул ҳам наздикак гуфта моро ба ин ҷо овард. Ба ҳар ҳол, табиб ҳастем ва вазифадорем ёриро аз бемор дареғ надорем, — сипас ба ман рӯ овард, — Дигаронро ташвиш намедиҳем. Ҳар се назди бемор меравем.

Ман вазъиятро ба Латофат Шарифова фаҳмондаму оҳиста аз ҳавлии Ҷиғагул баромадем. Дар ҳақиқат, хонаи зан наздикак будааст. Моро зани ҷавони хароб, ки ҳомиладор буданаш маълум буд, хуш пазируфт:

- Биёед, биёед, меҳмонони азиз, — гуфта болои суфаи таги тут кӯрпача андохтанӣ шуд.

- Хоҳарҷон, ташвиш накаш, беҳтараш, биё, ба хона дароему туро муоина кунам, — гуфт Роҳатой.

Ман ба лаби суфа нишастам. Хушдомани ҷавонзан парешонҳолона гоҳ ин тарафу гоҳ он тарафи ҳавлӣ қадам мезад.

- Холаҷон, ҳамааш хуб мешавад, — хостам таскинаш диҳам, ки зан оби дида кард.

- Муаллима, дар деҳа духтури занона надорем. Ман дояи ҳамин деҳа ҳастам, бачаҳои деҳа «мома» гуфта, ҳурматам мекунанд. Лекин вазъияти келинам дигар аст.

Ҳамин вақт садои Роҳатой ба гӯшам даромад:

- Хоҳарҷон, ҳамааш хуб мешавад, — вай аз хона баромада, ба ҷавонзан дастур медод, — 10-12 рӯз пас Худо хоҳад таваллуд мекунӣ. Бисёр ҳаракат кун, хоб нарав! Баъд ба хушдоманаш рӯ овард:

- Моро то хонаи маъракадор гусел мекунед?

- Албатта, гусел мекунам, — зан бо мо ҳамроҳ шуд.

Дар вуҷуди Роҳатой изтироб ҳис мешуд. Бо савол ба ӯ нигаристам.

- Холаҷон, вазъияти келинатон хуб нест. Кӯдак чаппа истодааст. Ӯ бояд дар назорати духтурон бошад. Фавран ба беморхона бурдан даркор. Духтурон ба воситаи маҳс ва дигар усулҳо кӯдакро рост мекунанд.

- Духтурҷон, шароити мошин­ёбӣ надорам, ақаллан писарам мешуд. Баъди гузаронидани тӯй қарздор шуда, ба мардикорӣ рафт. Шавҳарам даҳ сол пеш ин дунёро тарк кард. Худоё, ба аҳли деҳа доя ҳастаму ба келини худ ёрӣ расонида наметавонам, — гуфта боз ба гиря даромад.

Ба хонаи маъракадор нарасида, занро аз роҳ гардондем:

- Холаҷон, шумо қафо гардед. Ашки чашмонатонро тоза кунед. Келинатон огоҳ шуда, боз ғам нахӯрад. Мо як — ду рӯзи дигар ҳамин ҷоем, коре карда, ба шумо ёрӣ мерасонем, — гуфтему вале чӣ тавр ба ӯ ёрӣ расонданамонро намедонистам.

Латофат Шарифова бетоқат шуда, моро дар беруни дар интизор буд.

- Чӣ шуд? Чаро табъатон хира? — моро дидан замон саволборон кард ӯ.

Роҳатой ба муаллима вазъиятро фаҳмонд:

- Албатта, мошин ёфта, беморро ё ба Балҷувон ё ба ноҳияи Данғара фиристодан даркор.

Латофат Шарифова ба фикр рафт…

Вақти хайрухуш ҳам расид. Занон ба якдигар навбат надода:

«Муаллимаҳои азиз, мо фақат як ҳунари тайёр кардани фатирмас­каро нишон додем, мехоҳем ҳама ҳунар — пухтани хӯрокҳои миллӣ, аз қабили қурутоб, таҳмол, оталаи туппа, бурида, шакароб, тезакоб, оши палаву кабобу сихкабоб ва пухтани нонҳои чаппотӣ, фатири кӯрак, фатири ҷазза, кулчаҳои чойӣ, арӯсӣ, сатриро ба шумо пешкаш намоем. Барои ҳамин як ҳафта меҳмон шавед, вагарна аз шумо хафа шавем, гуфтанд.

Ба меҳмоннавозии бонувони балҷувонӣ арзи сипос намуда, ваъдаи боз омадан карда, хайрухуш намудем. Вале Муаззама ду поро ба як мӯза андохта:

- Ман маҷоли қафо рафтан надорам, ягон мошин ёбед, -гуфт.

Латофат Шарифова, Маърифат ва амаки Ҷалол фаҳмонданд, ки дар он ҷо мошин ёфтан амри маҳол аст.

- Агар мошин набошад, асп ё хар ёфта биоред, — хоҳиш кард Муаззама.

Амаки Ҷалол рафта, асперо бо соҳибаш овард. Муаззама ба ҳайвон нигаристу аз раъйаш гашт:

- Ман ба асп савор шуда наметавонам, қадаш баланд аст, мабодо афтам, дар ҷоям ҷон ба Ҷаббор месупорам, — гуфт.

Амаки Ҷалол боз аз ҳавлӣ берун шуд. Баъди даҳ дақиқа хареро ҳамроҳи соҳибаш ёфта овард. Соҳиби хар-мӯйсафеди нуронӣ ба Муаззама нигарист:

- Хари ман базӯр, як халта гандумро мебардорад. Вазни муаллимаи шумо анча будааст, — гуфта буд, ки Маърифат аз дасти мӯйсафед гирифта, аз издиҳом дуртар бурда чизе гуфт, ки ӯ бо сари хам сӯи хонааш рафт.

Бо як азоб Муаззама ба хар савор шуда, ба амаки Ҷалол хитоб кард:

- Ҷалолҷон, хоҳиш мекунам, банди харро сар надеҳ, мабодо маро гирифта нагурезад. Аз он тараф харбуза бардошта овардӣ, аз ин тараф харро бардошта мебарӣ.

- Муаллима, на танҳо хар, шуморо ҳам бардошта мебарам,- ҳазл кард амаки Ҷалол. Аз ин гап садои ханда баланд шуду хар тур гирифта, ба пеш давид. Доду войи Муаззама баланд шуд. Амаки Ҷалол ӯро ором карданӣ мешуд. Ҳама аз тарси он, ки Муаззама хафа нашавад, оҳиставу бесадо механдидем.

Бегоҳӣ болои суфаи зебои кандакоришуда нишаста, таассуротамонро дар бораи пули ларзонак, фатирмаскаи бомаза, занҳои ҳалиму меҳрубони кӯҳистонӣ, келин ва хушдомани меҳрубон ба якдигар навбат надода мегуфтем.

Латофат Шарифова ба фикр рафта буд. Ман медонистам, ки муаллима дар бораи аз куҷо ёфтани мошин фикр карда истодааст. Ҳамин вақт овози баланди мошин ба гӯш омад. Муаллима аз амаки Ҷалол хоҳиш кард:

- Рафта бинед, мошин аз куҷо омадааст ва ба куҷо меравад?

Баъди бист дақиқа амаки Ҷалол хурсанд баргашт:

- КАМАЗ аз ноҳияи Данғара ба деҳаи ҳамсоя бори сохтмонӣ овардааст. Онро холӣ карда, пагоҳ барвақт ба Данғара бармегаштааст.

Аз ин хабари хуш ҳама хурсанд шудем. Муаллима боз аз амаки Ҷалол илтимос кард:

- Бо ронанда маслиҳат кунед, фардо ҳамон ҷавонзанро бо хушдоманаш ба беморхонаи ноҳияи Данғара бурда расонад. Маблағи роҳро медиҳем. Ягон касро фирист, то келину хушдоман ба сафар тайёр шаванд.

Сари ХосорёБаъди рафтани амаки Ҷалол ҳама хурсанд шудем. Гӯё як бори вазнин аз дӯшамон канда шуд. Ҳама розӣ буданд, ки маблағ ҷамъ оварда, ба ронанда диҳем.

Амаки Ҷалол баргашта ҳисобот дод, ки кор пухт, ронанда розӣ шуд, маблағ лозим нест. Ба хонаи он зан одам фиристодам, ки пагоҳӣ тайёр шаванд.

Рӯзи сеюм аз хоб хеста, Латофат Шарифоваро дар изтироб дарёфтем:

- Қиматой, Роҳатой ва Санавбар ғайб задаанд. Ҳамроҳи акаи Ҷалол ҳама ҷоро кофтем. Метарсам, ки ба ҳамон КАМАЗ савор шуда, ба хонаҳояшон рафтаанд. Мегӯянд дар ин ҷойҳо ҳайвонҳои дарранда низ бисёр аст. Мабодо… Не, Худо нишон надиҳад. Чаро ман розӣ шуда, роҳбарии гурӯҳро ба уҳда гирифтам?

Ҳолати муаллимаро дида, ҳама ғамгин гаштем. Ман таклиф кардам:

- Биёед гурӯҳ-гурӯҳ шуда, ба кофтукови онҳо мебароем.

- Не, хоҳиш мекунам, ҳама як ҷо бошем, боз шумо ҳам гум нашавед, — Латофат Шарифова эътироз баён кард. Ҳамин вақт садои ҳамсари акаи Ҷалол баланд шуд:

- Муаллимаҳои азиз, наҳорӣ хунук шуд, як пиёлагӣ чой гиред.

Акаи Ҷалол сухани ҳамсарашро шунида, оташин шуд:

- Рав, кори худатро кун! Ин ҷо одамон гум шудаанд. Ту бошӣ чой хӯред, мегӯӣ! Зани бечора сарашро хам карда, ба ошхона даромад. Ин рафтори акаи Ҷалол ба роҳбари гурӯҳ нафорид, ки ба мо рӯ овард:

- Биёед, духтарҳо, як пиёлагӣ чой гирем, баъд якҷоя ба кофтукоб мебароем.

Латофат Шарифова болои суфа баромада нишаст. Ҳама гирди он кас сари дастархон ҳозир шудем.

Гардсӯз ва ширбиринҷ оварданд. Иштиҳо баста буд.

Ҳар пагоҳӣ ду бача аз деҳа шир ва ҷурғот меоварданд. Онҳо пайдо шуданд. Мо аз онҳо пурсон шудем, ки «дар роҳ се занро надидед».

- Дидем, онҳо аспсаворӣ дош­танд, — гуфтанд онҳо.

Аз дур ду асп намудор гашт. Дар байни ду асп марде ҷилавашонро дошта меомад. Дар як асп як зан. Ду зан болои аспи дигар ва дар дасташон чатр. Ҳама оҳи сабук кашида, ба хӯрдани наҳорӣ оғоз кардем. Аммо қаҳри Латофат Шарифова зиёд шудан гирифт.

- Болои асп, чатр дар даст, айбро намедонед? Ақаллан хабар карда, баъд ба аспсаворӣ мераф­тед, — сахт коҳиш кард онҳоро ӯ.

Баъди наҳорӣ назди шаршара рафтем. Муаззама чун ҳарвақта чӯбча тайёр карда, ба дасти ҳама яктогӣ яхмос дод.

Аз амаки Ҷалол пурсидем, ки мегӯянд дар наздикиҳо чашмаҳои шифобахш бисёр аст. Метавонем он ҷо равем?

- Албатта, метавонем, фақат 3-4 километр пиёда рафтан даркор. Ин гапро шунида, Муаззама садо баланд намуд:

- Ман то омадани шумо хӯроки болаззат тайёр мекунам, вале ба ҷое намеравам.

Ин гапро шунида, ҳама хандидем.

Амаки Ҷалол пеш даромаду аз қафои ӯ ҳаракат кардем. Ба чашмае, ки дар деҳаи Пештова, наздикии хоҷагии Гулдара будааст, расидем. Дар сари чашма мардуми зиёд гирд омада буданд. Пурсидем, ки чаро онҳо ҷамъ омадаанд. Дар ҷавоб гуфтанд, ки чашма «Оби гӯгирд» ном дорад ва шифобахш аст. Махсусан, ба бемориҳои пӯст, дарди дасту по фоидаовар мебошад. Дар байни издиҳом чанд нафар аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон низ буданд. Онҳо гуфтанд, ки шахсоне, ки аз оби чашма табобат ёфтаанд, ба онҳо низ тавсия додаанд, ки ба ин ҷо биёем.

Ҳама гирди чашма нишаста, бо нияти шифо дасту рӯ шустем. Каме дам гирифта, ба назди шаршара баргаштем. Муаззама чун ҳарвақта бомазатарин хӯрокро бароямон тайёр карда буд.

Амаки Ҷалол ваъда карданд, ки пагоҳ назди чашмаи дигар меравем. Он чашма низ ғайриодӣ мебошад ва онро «Муродбахш» мегӯянд.

Рӯзи чорум омодаи сафари чашмаи «Муродбахш» шудем. Нисбат ба рӯзҳои якум қадамзаниамон осонтар шуда буд. 4-5 километр дуртар аз макони зистамон чашмаи дигаре буд, ки дар гирди он низ шахси зиёд ҷамъ омада буданд.

Шаб то саҳар борон борид. Баъди борон, мегӯянд, чағора-занбурӯғ дар зери бутта ва дарахтон зиёд пайдо мешаванд. Рӯзи панҷум мо ба чидани рустаниҳои шифобахш ва занбурӯғ омодагӣ гирифтем.

Қиматой Сабурова ва Роҳатой Маҳмудова ҳамчун табиб гуфтанд, ки на ҳама намуд занбурӯғ ва рус­танӣ ғизоӣ аст. Баъзеашон заҳр дошта, барои инсон хатарнок аст. Баъзе аз рустаниҳое, ки мешинох­тем чидему ба занбурӯғ ва рустаниҳои ношинос даст назадем.

Рӯзи шашум ба деҳаи Дашторо рафта, чанори калонҳаҷми куҳансолеро дидем, ки дар вақташ дохили он мадраса будаасту хонандагон он ҷо таҳсил мекардаанд. Дар ду тарафи роҳ тахтасангҳои зебоеро мушоҳида намудем, ки муъҷизаи ҳақиқии табиат буданд.

Дар Мазори Лангар байни харсангҳо ҷое ҳаст, ки одамон бо ҳазор орзуву мурод ба он сурохӣ санг мепартоянд. Аммо санги на ҳар кас дар он ҷо қарор мегирад. Вақте санги Қиматой Сабурова ба нишон расид, ҳама табрикаш карданд.

Рӯзи ҳафтум бо ин диёри зебо, амаки Ҷалол Ҳалимову ҳамсари кадбонуаш хайрухуш карда, ҳар кадом ба ноҳияҳоямон баргаштем.

Баъди сафари якҳафтаина бо қувваи даҳчанд ба кор часпидем. Баъди даҳ рӯз дар вилоят маҷлис шуд ва онҳое, ки барои истироҳат ба Балҷувон рафта будем, то сар шудани он дар гӯшае ҷамъ омада, суҳбат оростем. Аз Маърифат Зоирзода дар бораи ину он пурсон шудем. Муаззама дер карда омад:

- Маърифат, вазъияти хушдоману келин, акаи Ҷалолу ҳамсараш ва хар чӣ гуна аст? — гуфта пурсид.

- Келин сиҳату саломат, писарча зоид. Акаи Ҷалол бо ҳамсараш хуб аст, аммо хари бечора шуморо бардошта, миёнаш шикаста будааст, мурд, — чун ҳарвақта оромона ва ҷиддӣ гуфт Маърифат.

Лаҳзае хомӯшӣ ба вуҷуд омад, аммо якбора хандаи осмонкаф дар толор танинандоз гашт…

Аз байн солҳо гузашт. Соли ҷорӣ сафари Балҷувон доштам. Дастовардҳои Истиқлолияти давлатиро бо чашм дидам. Рушди деҳаҳо, роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг, дарвозаи ноҳия, Қалъаи мир, маркази савдо ва хизматрасонӣ, гулгашт, бинои маъмурии бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, бинои дуошёнаи боғчаи кӯдакона барои 100 нафар, толори варзишӣ, тарабхонаи «Насими Балҷувон», Корхонаи коркарди сангҳои маҳаллии ҶДММ «Элегант», Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш рӯйхати нопурраи он дастовардҳост. Аз дидани он ҳама шуълаи ифтихор аз ватану ватандорӣ дар дилам аланга зад.

Он гулу гиёҳ, обу ҳаво, буттаву дарахт, хониши кабкони дарӣ, чаҳ-чаҳи мурғони даштӣ, шир-шири обҳои ширину шаффофи чашмасорон, меваҳои ширини дарахтон, нонҳои хушбӯи гандумӣ, тезакоб ва шакароби аз дӯғи навкашида ва нугули аз гашнич, шибит, пудина, райҳон, нозбӯ, себарга ва мурчу қаланфур кӯфташударо бояд муаррифӣ карда тавонем. Ҳар хонандаи ин сатрҳо он мавзеъро надида, бояд ошиқ шавад. Дар замир лаҳзае як ларзиши ширину гуворо, ҳисси хештаншиносӣ боло гирад. Бо дастрас намудани каме маблағ ба тамошои он диёри афсонавӣ равад.

Ҳастанд инсонҳое, ки маблағи як сол ҷамъовардаро ба хориҷа бурда, аз он васфе, ки кардам даҳ фоизашро надида, пас мегарданд ва як соли дигар таърифи диёри аз мо дурро мекунанд.

Боварӣ дорам, ки ҷавонмардони баору номус ва меҳандӯст ҳама аз як гиребон сар бароварда, мулкро обод месозанд. Бигзор, дигарон омада, аз зебоии диёрамон баҳра баранд ва ангушти ҳайрат газанд.

Гулчеҳра МУҲАММАДИЕВА