Рӯзҳои ИНИТ хеле зуд ба поён расиданд. Фарзандонаш ҳама ӯгай баромаданд. Ҳар яке мехост онро ба манфиати инфиродӣ истифода барад ва куррахари хешро ба нуқтаи мақсуд расонад. Кашокаши онҳо ҷавонмаргаш сохт.
«Ватандор» бо раису ҷамиъи аъзоёнаш – иборат аз як нафар, интихоботро таҳрим кард. Раҳматилло Зойиров ва муовинаш Шокирҷон Ҳакимов аз аввал ҷонибдори таҳрими интихобот буданд. Ахиран, Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ойниҳол Бобоназарова -номзади ягонаи неруҳои ислоҳотхоҳ тасмим гирифтанд, ки аз ширкат дар интихоботи президентӣ худдорӣ мекунанд.
Лекин ба ҳар сурат ИНИТ ва сарвари он Муҳиддин Кабирӣ бори дигар нишон доданд, ки дар тасмимгирӣ ва фаъолияти ҳизбии хеш мустақиланд. Бо дигар неруҳо вориди эътилоф ҳам шаванд, намегузоранд, ки қувваи на чандон зиёд, вале воқеии дар ихтиёр доштаашонро дигар сиёсатмадорони ба истилоҳ сағира ва пуштхолӣ ба манфиати хеш истифода баранд. Онҳо расман эълон доштанд, ки дар интихобот иштирок намекунанд, вале даъвати Зойиров ва ҳамандешагонашро дар хусуси таҳрими ин чорабинӣ напазируфтанд. Чуноне ки даъвати Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзодаро дар хусуси пешниҳоди Р.Зойиров ба сифати номзади ягонаи ИНИТ рад карда буданд. Муҳиддин Кабирӣ алорағми баъзе иттифоқчиёнаш боз ҳам собит сохт, ки сулҳу оромии кишвар барояш бартар аз ҳама аҳдофи сиёсист.
Барои ИНИТ хеле хуб аст, ки дар интихобот иштирок намекунанд. Онҳо метавонанд худро бо ин мақоли арабӣ тасалло диҳанд: «Ал-фирору филвақтиҳи зафарун», яъне «Гурехтан ҳам дар вақташ зафар аст». Зеро, агар муяссар мешуду онҳо хатти 210- ҳазораро мегузаштанд, яқин буд, ки дар сабқати асосӣ сифру сифру аз сад анд фоиз овоз мегирифтанд ва боиси ноҳинҷор шуданашон мегашт. Ҳоло бошад, озодона метавонанд, ки ҳавои даҳан кунанд: «агар моро монеъ намешуданд», «агар таҳрим намекардем», «агар Зойиров номзади ягона мешуд» (ва монанди инҳо), кор ранги дигар мегирифт.
Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров дар суҳбате, ки 19-уми октябр бо бахши тоҷикии ВВС анҷом додааст, мегӯяд: «Дар ҳамин хиёбоне, ки зиндагӣ мекунам, ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова 200 имзо ҷамъоварӣ кардам. Шокирҷон Ҳакимов 100 адад имзо ҷамъоварӣ кард». Пас обрую манзалати як нафар муддаии пешвоӣ бар миллат дар маҳалли истиқоматаш баробари 200 дастхат (рост будани ин рақамро низ касе насанҷида) ва аз муовини ҳизбиаш баробари 100 дастхат будааст. Агар чунин бошад, онҳо дар кӯчаю хиёбони дигар, ноҳияву шаҳри дигар ба кӣ умед баста метавонистанд?!
Дар ҳамин суҳбат Р.Зойиров қоил мешавад, ки дар сафҳои ҳизбаш рахна пайдо шудааст: «аъзои ҳизб ба се гурӯҳ тақсим шуданд. Гурӯҳи аввал номзади пешниҳодии ИНИТ-ро комилан эътироф накарданд. Гурӯҳи дигар номзадии Ойниҳол Бобоназароваро пазируфтанд, вале дар ҷамъоварии имзо ширкат надоштанд. Танҳо як гурӯҳ аз ҲСДТ ба ҷамъоварии имзо розӣ шуданд». — Оё ниёзе ба шарҳ ҳаст? Раисе, ки дар ҳизби худаш ваҳдат нест ва эътирофаш намекунанд, чӣ гуна қодир аст, ки бо дигар ҳизбу ҳаракатҳо дар эътилоф бошаду «ИНИТ»-созӣ намояд ва барои мавқеи калидӣ дар чунин иттиҳод даъво кунад.
Аз ин зовия беҳтарин тасмим иштирок накардан дар интихобот аст, хоҳ бо эълони таҳриму хоҳ бо дасткашӣ аз ширкат. Ҳам майдон барои ҳавойи даҳанро сар додан маҳфуз мемонаду ҳам айби надоштани обру дар ҷомеа нуҳуфта. Ба қавли пирони рӯзгордида «сари кал…».
Сиёвуши Ёдгор