Модар якчанд мактуби зардшудаи шавҳараш Бобоҷонро, ки аз майдони ҷанг навишта буд, дар сандуқи арӯсиаш нигоҳ медошт. Падари Муҳиб — Бобоҷон Сараев ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта, Ватанро аз душманон ҳимоя карда, қаҳрамонона ҳалок гардид. Модар то нафаси охирон мактубро ба наздикон нишон дода, ҷумлаҳои зеринро: «Фарзандонамро таълиму тарбия деҳ, ба воя расон, Худо хоҳад, баъд аз ғалаба ба наздатон меоям…» мехонду ашк мерехт.
Модар бо се писари хурдсол танҳо монд. Дар он замонҳо ба воя расонидани фарзандон басо кори мушкилу гарон ба ҳисоб мерафт. Холаи Давлатмоҳ дар саҳро кор мекард ва фарзандонро бо азоб ба воя расонд.
Муҳиб дар хона аз ҳама фарзанди хурдӣ буд. Соли 1970 факултети зоотехникии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо баҳои хубу аъло тамом кард ва дар колхози 40-солагии Тоҷикистон ҳамчун зоотехник ба кор оғоз намуд. Баъди ду сол дар ҳамин хоҷагӣ ба вазифаи сарзоотехник таъин гардид. Дар хоҷагии кишоварзии ба номи Максим Горкий низ вазифаи сарзоотехникиро ба уҳда дошт.
Соли 1991 барои ба роҳ мондани хоҷагидорӣ ва ҷалб намудани мардум ба меҳнат Муҳиб Бобоҷонов дар совхози Сорбоғи дараи Камароб директор таъин гардид. Ӯ ҳафтаҳо ба хонаи худ, ки дар деҳаи Поҷеи поён воқеъ буд, намеомад. Ҷойи хӯрду хоб ва меҳнаташ саҳро буд ва халқ ба корнамоии ӯ ташаккур мегуфтанд, гуфтаҳояшро дар амал ҷорӣ мекарданд. Хоҷагӣ оҳиста-оҳиста қомат рост мекард, мардум ба раис бо назари нек нигоҳ мекарданд. Ҳосили картошка хуб шуд, боғҳо сабзу хуррам гардида, ба болоравии сатҳи зиндагиашон мусоидат намуд.
Пас аз ин роҳбарияти ноҳия соли 1993 Муҳиб Бобоҷоновро ҳамчун мутахассиси варзида ба вазифаи пешина — сарзоотехники совхози Камароб таъин намуд ва супоришу дастур дода шуд, ки аз сари нав чорводорӣ ба роҳ монда шавад. Фермаҳои вайрона ва чорвои талафгашта — чунин буд дороии хоҷагӣ дар он сол. Давоми панҷ соли корӣ ферма таъмир гашту чорвои калон рӯ ба афзоиш ниҳод.
Дастовардҳои мардуми ноҳия дар қатори сокинони кишвар сол то сол хубтар мешуданд. Ҳис мешуд, ки мардум сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, рӯ ҷониби созандагию комёбиҳо оварданд. Шаклҳои нави хоҷагидорӣ вобаста ба талаботи қонунҳои сохтори бозаргонӣ ташкил мегардиданд ва марди деҳқон акнун шахси комилҳуқуқ — соҳиби аслии замин гардид. Пайдоиши нахустин хоҷагиҳои деҳконӣ дар навоҳӣ аз ин дарак медод.
Муҳиб Бобоҷонов пайи обод намудани диёр меҳнат мекард. Дар ин давра ҶДММ «Исфандиёр»-ро таъсис дод ва ду гектар боғи нави нок бунёд намуд. Соли ҷорӣ аз боғи нав чор тонна ноки чун асал ширин ҳосил ба даст овард. Ӯ аз ҳосили фаровони нок ба шахсони ниёзманд як миқдори онро туҳфа намуд.
Фарзандаш Раҳим дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия яке аз тоҷирони муваффақ мебошад. Имрӯз дар муассисаҳои таъсисдодаи ӯ зиёда аз сад нафар ҳамватанон кору фаъолият доранд. Писарони дигари ӯ Содиқчон ва Бегиҷон ҳам ба тиҷорат машғул буда, ба халқу Ватан хизмат карда истодаанд.
Муҳиб Бобоҷонов дастуру супориш, гуфтаҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро доири ёрӣ расонидан ба камбағалону ниёзмандон ҷонибдорӣ карда, паи иҷрои он аст. Тайи солҳои охир кумаки ӯ ва писаронаш ба беморони беморхонаи касалиҳои рӯҳии ноҳия, беморхонаи шаҳраки Навобод, тарбиятгирандагони мактаб — интернати шаҳраки Навобод ва дигар ниёзмандон зиёда аз 24 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Бояд иброз намуд, ки аз тарафи ӯ ва фарзандонаш ба 250 нафар ниёзмандон як халта орд, равған, шакар, макарон ва анвои ғизоӣ, ба 50 нафари дигар бошад, ба маблағи сад долларӣ кумаки яквақтаина расонида, хатнасури 50 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуд.
Солҳои зиёд мардуми деҳаи Поҷеи поён ва 15 деҳаҳои деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзода аз вайронии роҳ дар фасли тирамоҳу зимистон азоб мекашиданд. Муҳиб Бобоҷонов бо роҳбарияти ноҳияи Рашт оид ба кушодани роҳи нав маслиҳат намуд. Раис ба сохторҳои гуногун супориш дод ва нақшаи роҳ тайёр гардид.
Баъди пардохти маблағ дар муддати муайян роҳи панҷкилометра сохта шуд. Ҳама ба соҳибкор, марди накукор Муҳиб Бобоҷонов ва фарзандони меҳнатдӯсташ барои ин кори хайр миннатдорӣ баён менамоянд.
Ба наздикӣ зиёда аз 125 мошинаи даҳтоннагӣ сангреза ба ҷойҳои ноҳамвори роҳ рехта, шароити рафтуомади ронандагон ва мардумро осон кард. Муҳиб Бобоҷонов аз узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия Лоиқзода Қаноатшо хурсанд аст, ки ҳар як ташаббуси ӯро сари вақт дастгирӣ менамояд.
Соли сипаришуда ӯ дар масофаи панҷ километр канали Араракро ба маблағи се ҳазор доллари ИМА таъмир карда, аз дарёи Сорбоғ барои шодобгардонии даҳ гектар замини нав об овардааст. Дар ин замин аҳолии деҳаи Поҷеи поён картошка, ҷуворимакка, лӯбиё, карам, каду ва ғайра кишт намуда, аз он ҳосили фаровони маҳсулоти хӯрокворӣ хоҳанд гирифт. Ҳамчунин бо ташаббуси ӯ ба ду гектар майдони сангдори беҳосил хок кашида, онро ба замини ҳосилдеҳ табдил доданд.
Ҳамсараш Ҳалима Сиярова яке аз бонувони фозилаю пешқадами ноҳия буда, мунтазам дар байни занону духтарон, ҷавонон бо суханҳои ҷаззоб баромад карда, таъкид менамояд, ки насли наврас бояд дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ ба воя расанд.
Имрӯзҳо Муҳиб Бобоҷонов пайи ободии Ватани азиз ва беҳтар намудани дараҷаи зиндагии сокинони он кӯшиш дорад. Дар шаҳри Душанбе чанд нуқтаи фурӯши анвои маҳсулоти талаботи ҳаррӯзаи мардумро мавриди истифода қарор додааст. Фикри онро дорад, ки барои ободии кишвар корҳои дигареро тарҳрезӣ намуда, барои халқ ҷойҳои корӣ муҳайё намояд. Бигузор роҳи пешгирифтаи ин марди наҷиб ва фарзандонаш фарохтар гардад.
Ҳоким КАРИМОВ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон