Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоми 25 июли соли ҷорӣ 146 шаҳрванди Тоҷикистон тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд. Аз ин теъдод 42 нафар занон ва 104 нафар кӯдакон мебошанд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, 21 июли соли равон дар Димишқ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия оид ба масъалаҳои амниятӣ, роҳбари Дафтари амнияти миллии ин кишвар, генерал Алӣ Мамлук ва муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Ҷафарӣ дар робита ба масълаи мавриди назар вохӯрӣ анҷом дод.
Дар оғози соли равон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ хабар дода буд, ки ҳоло дар урдугоҳҳои Ал-Ҳавл ва Ар-Равҷи Сурия беш аз 260 нафар занону кӯдакони Тоҷикистон қарор доранд.
Он вақт вазир иттилоъ дода буд, бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахси ваколатдор сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт, ки ҳамзамон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сурия мебошад, ба урдугоҳҳои ал-Ҳавл ва ар-Равҷ сафари корӣ анҷом дода, зимни он бо шаҳрвандони кишвар вохӯрданд.
Ҷавҳари иқдом, ки идомаи мантиқии ибтикори инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад, ҷавонмардӣ ва шаҳодати он аст, ки Пешвои миллат нисбат ба кӯдакон, ки ояндаи миллатанд, бетараф нестанд.
Барои тасдиқи андеша метавон далелҳои зиёд овард. Аз соли 2016 дар кишвар таъсис ёфтани вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати ин гуфта аст.
Муҳимтар аз ҳама, ба Ватан баргардонидани чунин ашхос дар ҷаҳони муосир таҷрибаи камназир буда, на ҳар роҳбари давлат, бо назардошти сабабҳои объективӣ ва субъективӣ дар ин самт иқдом менамояд.
Баробари ба хоки кишвар фуруд омадан кӯдакон аз ҷониби масъулини сохторҳои марбута бо ғамхории хоса фаро гирифта шуданд. Ҳоло кӯдакон таҳти назари масъулини Ҳукумат қарор дошта, бо онҳо равоншиносону табибон пайваста кор мебаранд. Барояшон беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст. Итминонам комил аст, ки дар ояндаи наздик бо дастгирии аҳли ҷомеа ба зиндагии муқаррарӣ ворид мегарданд, даҳшати ҷангу хунрезиҳои дидаро аз ёд мебароранд, аз фазои сулҳу оромӣ ва зебоиҳои табиати нотакрори диёри аҷдодӣ баҳра мебаранд.
Аслан, хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниёз ба бозгӯйӣ ва тарғибу ташвиқ надоранд, зеро «он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест». Хуб дар хотир дорем, ки оғози давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давраи мураккабу душвори гузариши кишвар аз як сохт ба сохти дигар рост омад. Яъне, дар он айёми басо ҳассос ва тақдирсоз Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи ташаккули давлатдории нав, шароити сангини ҷанги шаҳрвандӣ, харобиҳои баъд аз ҷанг ва душвориҳои дигарро паси сар мекард.
Ба бахти тоҷику тоҷикистониён Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз ҷавониашон, дар ҷодаи сиёсат аз ин ҳодисаву воқеаҳо аз душвортарин шароиту вазъият бо сарбаландӣ берун омаданд ва ба ин васила ягонагӣ ва тамомияти давлату миллатро ҳифз карданд.
Маҳз дар марҳилаи тақдирсоз обрӯву эътибори ӯ афзуд ва дар ниҳоди сокинони кишвар эътимоду боварӣ ба роҳе, ки ин абармард интихоб кардааст, мустаҳкамтар гардид.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафтору ибтикори ҳаррӯза суханони таъсирбахш ва рафтори намунавӣ ба шаҳрвандони кишвар поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ, посдории хотираи гузаштагон, меҳандӯстӣ ва худогоҳиро талқин намуда, бо ин хислатҳои нек роҳи пешрафти мардумро дар ҷодаи душворгузару пурфарозу нишеби таърихӣ мунаввар сохтаанд.
Дар маҷмӯъ, мо бояд ба ҳама пешравӣ воқеъбинона баҳогузорӣ намоем ва таҳаввулот дар фарҳанги сиёсӣ, афкори ҷомеа, инчунин тағйирот дар рӯҳия ва афкори оммаро, бешубҳа, ҳамчун омили нақши шахсият эътироф ва арҷгузорӣ намоем.
Далер Абдулло,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»