Сарвари ҷавоне, ки маромаш ободкорист

№90 (4196) 25.07.2020

МастчохҶалби ҷавонон ба созандагиву бун­ёдкорӣ, тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ барои устувор намудани рукнҳои давлатдории Тоҷикистони навин мусоидат менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 чунин иброз намуданд: «Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад.

Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад».

Яке аз ҷавонони дилсӯзи халқу меҳан ва пайрави Пешвои миллат, ки барои халқу Ватан хизмати софдилона карданро пеша намудааст, Тоҳир Азиззода мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли ҷорӣ Тоҳир Азиззода раиси ноҳияи Мастчоҳ таъин гардида, солҳои 2016 — 2019 ба ҳайси муовини якуми раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ фаъолият дошт ва худро ҳамчун шахси уҳдабаро, ташаб­бускор, ватандӯст ва дилсӯзу ғамхори мардум нишон дод. Бо кордониву бунёдкорӣ, аз ҷумла, бунёди роҳҳо, зиёд кардани шумораи чорвои хурду калон, сохтмони кӯпрук барои осон шудани рафтуомади аҳолӣ ва роҳҳои чорвогузар, зиёд кардани маҳсулоти кишоварзӣ, ба қалби аҳолӣ ба зудӣ роҳ ёфт.

Ӯ, бо вуҷуди ҷавон будан, малакаву маҳорати хуби роҳбариро дорост. Дар ҳафт моҳи фаъолият ба ҳайси роҳбари ноҳияи Мастчоҳ ба сохтмони 30 иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшид.

Вай мисраъҳои зеринро шиори ҳамешагии фаъолият қарор додааст:

Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ,

К-имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ?

Айни замон сабзкорию бунёдкорӣ дар ноҳия вусъат пайдо кардааст. Бо дарназардошти вазъи пешомада, Т. Азиззода барои барқарор кардани заминҳои аз истифода баромада саъю талош намуд. Бояд гуфт, ки гузаштагони Т. Азиззода низ аз шахсони дилсӯзу бун­ёдкор буданд. Ӯ яке аз пайвандони шахси ободкунандаи дашти Дилварзини ноҳияи Мастчоҳ Мирзо Азизов мебошад.

Мастчоҳ асосан ноҳияи кишоварзӣ мебошад, саъю талоши раиси ноҳия низ асосан барои рушди соҳаи кишоварзӣ равона гардидааст. Сарвари ҷавон ба сокинони ноҳия таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри аз як замин гирифтани 2-3 ҳосил хотиррасон карда, ҷиҳати амалӣ шудани ин нақшаҳои нек дастурҳои мушаххас медиҳад. Аз ҷумла, ба роҳ мондани кишти сабзавоти барвақтӣ зери плёнка муҳлати пухтани ҳосилро кӯтоҳ карда, барои кишти навбатӣ замина фароҳам меорад. Дар назар аст, ки истифода аз поруи чорво ва паранда низ афзоиш дода шавад. Зеро пору структураи хокро беҳтар намуда,онро бо элементҳои барои рустаниҳо зарурӣ таъмин месозад.

Айни замон мумфарш кардани роҳҳои дохили ноҳия ва байни хоҷагиҳо идома дорад. Зиёда аз 80 дарсади аҳолии Мастчоҳ аз оби ширини нӯшокӣ маҳруманд. Т. Азиззода нақша дорад, ки бо дастгирии соҳибкорон аз тариқи ҳашар ва маблағгузории гуногун мардумро бо оби ширини нӯшокӣ таъмин намояд.

Зимни суҳбат сардори Идораи сохтмону истифодаи иншооти оби нӯшокии деҳоти ноҳияи Мастчоҳ Юсуфхоҷа Асроров иброз дошт, ки дар нақшаи кории раиси ҷавон ривоҷ додани тиҷорат байни аҳолии ноҳия ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ба ин васила ташкил кардани бозори байниноҳиявӣ барои маҳсулот пешкаш кардани аҳолии ҳам ноҳия ва ҳам сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки мехоҳанд маҳсулотро ба фурӯш гузоранд, зиёд кардани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, таъмиру таҷдиди беморхонаҳо ва дигар корҳо дар назар аст. Раиси ҷавон, инчунин барои фароҳам овардани сабукиҳо ба мардум дар шароити пандемияи CОVID — 19 саъю талош дорад. Бахусус, дар назар аст, ки заминҳои кишти зироатҳои аввалия ва ҳамчунин пахтакорӣ ва шумораи чорво зиёд карда шавад.

 

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»