«Саsa-1000» — Меҳвари гуфтугӯйи гурӯҳи муштараки кории Тоҷикистону Покистон

№34 (3671) 30.03.2017

00100765_n1Чанде пеш дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории муштарак оид ба энергетика ва инфрасохтор ва ҷаласаи аввали Гурӯҳи корӣ оид ба нафту газ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаҳо ҷониби Тоҷикистонро вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва ҳайати Покистонро вазири федеролии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф роҳбарӣ намуданд.

Усмоналӣ Усмонзода зимни баромад гуфт, ки муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Покистон расман аз соли 1992 оғоз гардида, то имрӯз зиёда аз 50 санади меъёрии ҳуқуқӣ ба имзо расидааст, ки дар густариши робитаҳои дуҷониба саҳмгузор мебошад. Ҳамчунин, дар ҷаласа оид ба татбиқи натиҷаи музокироти сатҳи олии ду кишвар, маҷмӯи масъалаҳои энергетикӣ ва инфрасохтор, аз ҷумла вусъат бахшидани ҳамкориҳо вобаста ба татбиқи лоиҳаи минтақавии «САSA-1000», сохтмони хатти интиқоли барқи «Сангтӯда-Новшераи Покистон» бо дарозии 750 км, ки яке аз қисматҳои муҳими лоиҳаи «САSA-1000» мебошад, сухан рафт. Дар баробари ин, имкони сохтмони хатти интиқоли барқи иловагии 500 кВ «Тоҷикистон-Покистон» ва паҳлуҳои иқтисодию техникии он мавриди муҳокима қарор гирифт.

Вазири федеролии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон барои ривоҷ бахшидани ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба ҳавасманд аст. Қайд шуд, ки Покистон барои ҳар чӣ зудтар амалӣ намудани лоиҳаи «САSA-1000» манфиатдор мебошад, зеро он барои ҳамгироии бештари Покистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Ҳамчунин,масъалаҳои вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ, истихроҷ, коркард ва воридоти нафту газ, омӯзиши геологӣ-геофизикӣ дар майдонҳои нафту газдори қисми ҷанубу ғарбӣ ва шимоли Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти нафтӣ, бо дарназардошти таҷрибаи бойи ҷонибҳо омода намудани мутахассисони соҳавӣ ва такмили ихтисоси онҳо баррасӣ гардиданд.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»