Масъалаи таъмини аҳолии водии Бартанги Болои ноҳияи Рӯшон бо неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз ин ҷост, ки дар муддати кӯтоҳ аз ҷониби Ширкати «Помирэнерҷӣ» бинои Неругоҳи хурди барқи обии деҳаи Савноб ба маблағи 135 ҳазор доллар аз нав сохта шуд. Генератори нави 125 квт-ро мутахассисон аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба деҳаи Савноби водии Бартанг оварда, васл карданд.
- Барои ба таври пурра ва бе камбудӣ кор кардани неругоҳ ширкати мо тасмим гирифт, ки симчӯбҳо ва ноқилҳоро аз нав кашида, дар хонаҳои шаҳрвандон ҳисобкунакҳои барқиро насб намояд. Бо насби таҷҳизоти нав неругоҳ зимистону тобистон, новобаста аз кам шудани оби чашмаи Савноб, 100 квт қувваи барқ истеҳсол ва мардуми деҳаро бо қувваи барқи доимӣ таъмин менамояд. Барои таъмиру аз нав сохтани неругоҳ зиёда аз 2 миллион сомонӣ масраф гардид, — гуфт муҳандиси Ширкати «Помирэнерҷӣ» Амирхон Раҳимов.
Сохтмончиён шабу рӯз заҳмат кашида, корҳои сохтмониро то ҷашни Истиқлолият анҷом бахшиданд ва дар рӯзи ҷашн ба деҳаи Савноб неруи барқро интиқол доданд.
Неругоҳи дигар бо иқтидори 120 квт дар деҳаи Пасор сохта шуд, ки он низ дар арафаи ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз нав ба истифода дода шуд. Барои анҷоми ин кор аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба маблағи 50 ҳазор доллари амрикоӣ генератор оварда шуд. Барои сохтмони бинои неругоҳ, таъмири канал ва қубурҳои обгузари неругоҳ 242 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.
Ш. Шоҳқосим, «Садои мардум»