ё хатсайри сайёҳие, ки фаъол карданаш зарур аст
Рангорангиву сарбаландии кӯҳҳои Тоҷикистон, ки обҳои зулоли рӯдҳову чашмаҳо аз онҳо сарозер шуда, ба табиат ҳусни дучанд меафзоянд, бешубҳа диққати ҳар сайёҳро ҷалб менамояд. Ҳар сол аз теъдоди умумии онҳое, ки ба Тоҷикистон ташриф меоранд, қисмати аъзамашон сайёҳоне мебошанд, ки маҳз барои тамошо ва фатҳи қуллаҳои осмонбӯси Ватани азизамон меоянд. Дар ин навишта мо кӯшиш кардем, ки доир ба якчанд минтақаи сайёҳии вилояти Хатлон, ки воқеан дилфиребу назаррабоанд, маълумот диҳем.
«Бешаи палангон»-и бе паланг
Мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» дар ноҳияи Дӯстӣ ҷойгир буда, бо олами ҳайвоноту набототи нодир ва табиати афсункораш бешак, диққатҷалбкунанда мебошад. Он соли 1938 дар масоҳати 49700 гектар таъсис ёфта, дар он намудҳои гуногуни ҳайвоноти нодир, парандагон, моҳиҳо, хазандаҳо ба сар мебаранд. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки то солҳои 1952-1954 дар ин ҷо паланги тӯронӣ зиндагӣ мекардааст ва номи мамнуъгоҳ низ ба ин хотир гузошта шудааст. Пас аз соли 1954 ин намуди ҳайвони нодирро дар ҳудуди мануъгоҳ касе мушоҳида накардааст.
Тавре нозири ёдгориҳои таърихии ноҳияи Дӯстӣ Нуриддин Сайфуллоев изҳор дошт, барои зиндагии як оилаи паланг 50 ҳазор гектар даркор аст, аммо замони шӯравӣ азхудкунии заминҳо барои кишти зироатҳо, махсусан пахта, босуръат идома дошт, ки ин раванд ба зиндагии ҳайвонот бетаъсир намонд. Бино ба гуфти номбурда, як сабаби кӯч бастан ва ё нобуд шудани палангҳои тӯронӣ дар азхудкунии заминҳо мебошад,
Қобили зикр аст, ки дар Мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» рӯбоҳ, шағол, гург ва дигар ҳайвоноти ваҳшӣ низ мавҷуданд.
Нуриддин Сайфуллоев, ҳамчунин гуфт, ки дарахте бо номи туранга дар мамнуъгоҳ парвариш меёбад, ки дар дунё камназир мебошад. Дарахти мазкур то 22-27 метр реша давонда, бисёр зебо аст. Аз ин ҷост, ки аксари сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ба тамошои туранга омада, дар назди он сурат мегиранд.
- Аҷибаш он аст, ки ин дарахт ба воситаи намак парвариш меёбад ва ҳангоми шикастани як шохчааш дар зери он 1-2 килограм намак ҷамъ мешавад. Ҳоло дар мамнуъгоҳ ҳайвони нодире, ки барои афзоишаш аз тамоми имконият истифода бурда мешавад, гавазни холдори бухороӣ аст. Айни замон теъдоди гавазни холдори бухороӣ ба 400 сар расидааст, ки нисбат ба солҳои пеш нишондиҳандаи хуб мебошад. Дар мамнуъгоҳ, инчунин зиёда аз 214 намуд паранда ба сар мебаранд, ки қисмате аз онҳо мавсимӣ мебошад. Яке аз парандаҳои нодири «Бешаи палангон» мурғи дуғдоғ ва ё индуки биёбонӣ аст.
Дар мамнуъгоҳ 17 намуд моҳӣ мавҷуд буда, чанд соли охир мормоҳӣ низ пайдо шудааст, ки масъулинро ба ташвиш овардааст.
Нуриддин Сайфуллоев мегӯяд, мо бояд коре кунем, ки мормоҳӣ кам шавад, зеро афзоиши он боиси аз байн рафтани дигар моҳиҳо мегардад.
Нуктаи ҷолиб он аст, ки бо вуҷуди хатарнок будани ҳайвоноту хазандагон, хусусан морҳо, то имрӯз ба касе зарар нарасонидаанд.
Ёдгории беназир
Тахти сангин дар ҳудуди ноҳияи Қубодиён, дар соҳили рости Амударё воқеъ буда, аз харобаҳои боқимондааш бармеояд, ки замоне ин ҷо қасри пуршукӯҳе қомат афрохта будааст. Бино ба гуфти собиқадори меҳнат Қувват Додов, давраи мавҷудияти Тахти сангин ба асрҳои ХI пеш аз мелод ва III мелодӣ рост меояд. Иншоот дар маконе сохта шудааст, ки шӯълаи офтоб нисбат ба дигар ҷойҳо барвақттар мерасад ва аз ҳама дертар ғуруб мекунад. Ғайр аз ин, дар рӯзҳои гармтарини тобистон дар ин макон ҳамеша шамол мевазад. Шабонгаҳи тобистон равшании моҳ ба дарё зада, атрофро равшантар мекунад. Масъулин иттилоъ доданд, ки бозёфтҳои оламшумули Хазинаи Амударё соли 1879 аз тарафи тоҷирони бухороӣ ба Афғонистон ва аз он ҷо ба Ҳиндустон бурда шуданд.
- Мутаассифона, чил сол аст, ки Тахти сангин дар фазои кушод-зери борону офтоб ва дигар ҳодисаҳои табиӣ қарор дорад, ки ин ҳолат ба боқимондаҳои ёдгорӣ бетаъсир нест, — гуфт Қувват Додов ва илова кард, ки метавон ба ин минтақа хати сайёҳӣ ташкил кард. Тибқи пешбинии номбурда, хати сайёҳӣ аз Мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» шурӯъ шуда, дар Тахти сангин, Тахти Қубод, кӯли Раҳматулло, ки дар масоҳати чор гектар дар қумзор ҷойгир аст, мадрасаи Хоҷа Машҳад ва қадамҷойи Хоҷа Дурбод идома ёфта, дар Чилучорчашма анҷом меёбад.
Чилучорчашма дар шӯразор
Шоистаи зикр аст, ки Чилучорчашма низ бо оби лазизу мусаффояш аз ҷойҳои дидании кишвари азизамон аст. Он дар ноҳияи Носири Хисрав ҷойгир буда, метавонад давоми хати сайри сайёҳони аз «Бешаи палангон» ва Тахти сангин диданкарда бошад, зеро он бо табиат ва мавқеи ҷойгиршавиаш бешак, таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ҷалб мекунад. Чилучорчашма дар минтақаи гармтарини Тоҷикистон, дар маконе фаввора зада аз дили замин мебарояд, ки атрофаш ҳама шӯразор аст, аммо тамъи обаш ширину лазиз мебошад. Оби ин чашмаи овозадор тамоми сол як хел ҳарорат дошта, 12-14 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар сурати пурсамар фаъолият намудани ширкатҳои сайёҳӣ дар самти ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба мавзеъҳои зикршуда ин маконҳо ба ҷойҳои сертамошобини минтақа табдил меёбанд. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои дахлдорро мебояд, ки барои ҷалби сайёҳон ба минтақаҳои диданибоб шароити заруриро фароҳам оваранд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»