Се хабар

№30 - 32 (3510 - 3512) 05.03.2016

 «Сафед – дара» . баргузории аввалин мусобиқаи лижаронӣ

Дар Маҷмааи  сайёҳии  «Сафед-дара», ки чанде пештар пурра азнавсозӣ гардида, ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ шуд, нахустин мусобиқаи ҷумҳуриявии лижаронӣ миёни ҷавонон  ва наврасон баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассосиатсияи бозиҳои зимистонаи варзишии Тоҷикистон, Маҷмааи сайёҳии «Сафед — дара» доир шуда, дар он  лижаронҳои ҷавони тоҷик дар ду намуд -  слаломи хурд (380 метр) ва слаломи калон (800 метр) байни ҳам сабқат карданд.

Вобаста ба натиҷаҳои бадастомада дар  бахши слаломи  хурд Баракатулло  Зокиров, Рафеъхони Абдураҳим ва Мақсуди Миралӣ ҷойҳои аввал, Сайфиддини Низом, Зикруллои Шамсулло, Маъруфҷони Шералӣ ҷойҳои дуюм, Иброҳими Ҷумъабой, Муҳаммадҷони Хайрулло ва Носири Сайидалӣ ҷойҳои сеюмро ишғол карданд. Дар слаломи калон Баракатулло Зокиров, Фаридуни Аслиддин, Саидшараф Эшонов, Ҷаҳонгири Киромиддин ба ҷойҳои аввал, Сайфиддини Низом, Муҳсин Умаров, Зикруллои Шамсулло, Мақсуди Миралӣ ба мақоми   дуюм ва Бахтовари Холназар, Ғаффор Ҳаётов, Рафеъхони Абдураҳим ва Билоли Холназар ба ҷойҳои сеюм сазовор дониста шуданд.

 Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»

Тасмиме, ки аз масъулиятшиносӣ шаҳодат медиҳад

Нигоҳдории роҳ аз лиҳози моҳият аз бунёди он камтар набуда, масъулиятшиносӣ, техникаву таҷҳизоти замонавӣ, мутахассисони болаёқат, азми қавӣ ва нияти некро тақозо менамояд. Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омилҳои зеринро доро буда, рисолаташро  вобаста ба нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе — Чанок дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намуда истодааст. Корҳои таъмиру таҷдид дар раванди нигоҳдории роҳ падидаи маъмулӣ ба ҳисоб рафта, хароҷоти зиёди маблағ  ва сарфи неруи зеҳниву ҷисмонии кормандонро тақозо дорад. Метавон хулоса кард, ки корҳои таъмиру таҷдид дар фаъолияти филиали ширкат ба раванди муттасил табдил ёфта, далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст.

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кўчактарин дар масири шоҳроҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. Бо дарназардошти муҳимияти масъалаи мавриди назар филиали ширкат таъмири кўпруки калони мошингузарро дар километри 95+600 шурўъ намуд. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби пудратчӣ — ҶДММ «Роҳи Ваҳдат» бо бунёди кўпруки муваққатӣ шурўъ шуда, айни замон босуръат идома доранд. Барои корҳои сохтмонӣ масолеҳи босифати сохтмонӣ дастрас шуда, таъмини сифати баланди корҳои сохтмонӣ мадди назар аст.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»

Тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар шаҳри Пекин бо аъзои Шўрои давлатӣ, вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой Го Шенкун мулоқот намуд.

Раҳимзода Рамазон Ҳамро зикр кард, ки мо барои таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ҳамеша омодаем.

Ҷонибҳо оид ба масоили ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва ҷиноятҳои фаромиллӣ табодули афкор намуданд.

Ҳамчунин, масъалаҳои расонидани кумак барои сохтмони бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Маркази муштараки зиддитеррористии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой шарикони боэътимод дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ,  хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳони имрўз маҳсуб меёбанд.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

 Аъзам МЎСОЕВ, «Садои мардум»