Се хабари ҷолиб

№42 (3836) 05.04.2018

«Қасри шиновар»

вапваМоҳи апрели соли ҷорӣ киштии бузургтарини дунё бо номи «Symphony of the Seas» ба баҳри Миёназамин сар дода мешавад. Барои бунёди он 13 сол заҳмат кашидаанд. Ин «қас­ри сайёри обӣ» 362 метр дарозӣ дош­та, бараш 222 метр мебошад ва аз 18 қабат (палуба) иборат аст. Вазни умумиаш 230 000 тоннаро ташкил мекунад. Онро чор муҳаррике, ки ҳар кадом дорои 7500 қувваи аспанд, ба ҳаракат медарорад.

Киштӣ аз ҳафт минтақа иборат буда, дорои ҳавзҳои шиноварӣ, боғи бузург (12000 растанӣ), амфитеатр ва тарабхонаю қаҳвахонаҳо мебошад.

Ҳаракати нахустини ин киштии бузург дар хатсайри Барселона – Майёрка – Марсел – Рим – Капри – Барселона сурат мегирад. Аз моҳи ноябри соли ҷорӣ киштӣ сайёҳонро аз Майяма  гирифта, дар баҳри Қариб шино мекунад.

Неруи барқ аз ҳаво

ссДар Пажӯҳишгоҳи технологии Массачусетси (ПТМ) Иёлоти Муттаҳидаи  Амрико манбаи нави энергияи барқро пайдо карданд, ки аз  пасту баландшавии ҳарорати ҳаво дар натиҷаи ивазшавии шабу рӯз ба вуҷуд меояд.  Неруи барқ дар натиҷаи таносуби маводи мураккаби  дорои зарфи гарминигоҳдоранда ва гармигузаронанда пайдо мешавад. Резонатори гармӣ аз кафки металлии мис ва никел, ки қабаташ бо графен пӯшонида шудааст, иборат мебошад. Давоми рӯз мавод гарм мешавад ва дар мавриди зарурӣ пардаи графенӣ энергияи гармиро ба барқ табдил медиҳад. Таҷриба нишон дод, ки гармии (фарқ 10 дараҷа)  мавҷуда давоми рӯз 1,3 милливатт неруи барқ ҳосил мекунад. Ба қавли ихтироъкорон, такмили ин усул дар оянда самаранокии онро зиёд менамояд.

 Соати бебарқӣ

впавШанбеи охири моҳи март дар чанд кишвари аврупоӣ аксияи «Як соати замин» баргузор гардид. Мутахассисон онро яке аз бузургтарин аксияҳои ҷаҳонии экологӣ арзёбӣ мекунанд. Он рӯз бо даъвати Фонди байналмилалии табиати ваҳшӣ (WWF) ба хотири ояндаи сайёра неруи барқ ва асбобҳои барқӣ як соат хомӯш карда шуд.

Таҳияи Б. КАРИМОВ,

«Садои мардум»