- Иди Қурбонро мардуми шарифи Тоҷикистон, тибқи анъана, бо шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Чанд рӯз қабл Шӯрои уламои кишвар таърихи баргузории ин иди диниро 5-уми октябр эълон намуд.
Тибқи иттилои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, 5-уми октябр, ки ба рӯзи якшанбе рост меояд ва рӯзи муқаррарии истироҳатӣ маҳсуб мешавад, мутобиқан ин рӯз мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид дар Тоҷикистон» ба рӯзи душанбеи 6-уми октябр гузаронида мешавад ва рӯзи душанбе рӯзи ғайрикорӣ эълон мешавад.
Ҳамин тавр, мардуми кишвар се рӯз паи ҳам- 4,5 ва 6-уми октябр истироҳат мекунанд. 7 октябр рӯзи корист.
Ёдовар мешавем, ки аз рӯи анъана Иди Қурбон бо намоз гузоштан дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар оғоз гардида, сипас мардум ба дидорбинии волидайн, хешу табор, аёдати пирони барҷомонда, ятимону бепарасторон ва беморон рафта, Иди Қурбонро муборак мегӯянд. Инчунин дар ин рӯз мардум ба сари манзили гузаштагони худ рафта, дуою фотеҳа хонда, арвоҳи онҳоро шод мегардонанд.
Яке аз фазилатҳои асосии Иди Қурбон қурбонӣ кардан аст, ки дар Тоҷикистон нафарони зиёд ин фаризаро ба ҷо меоранд.
Ба ҷо овардани маросими ҳаҷи фарзӣ аз рукнҳои асосии дини мубини Ислом буда, баргузории он ба арафаи Иди Қурбон рост меояд.
АМИТ «Ховар»