Семинари омӯзишӣ оид ба интихобот дар Хоруғ

№ 25.12.2024

СЕМИНАР МАШХУР 241224Дар шаҳри Хоруғ барои масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисону котибон ва аъзои эҳтимолии ҳавзаҳои интихоботӣ вобаста ба даъвати нави интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар семинар масъалаҳои омодагии ҳавзаҳои интихоботӣ, вусъат бахшидани корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ оид ба маъракаи сиёсӣ ва дигар масъалаҳои марбута баррасӣ шуданд.

Зикр шуд, ки бо мақсади таҳким ва такмили низоми интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд қонуни конститутсионӣ таҳия ва қабул шудаанд, ки бевосита дар онҳо тартибу низоми ташкилу гузаронидани раъйпурсӣ ва интихобот муқаррар гардидааст. Инчунин, як қатор санадҳои дастурӣ барои комиссияҳои поёнии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурамалҳои намунавӣ барои комиссияҳои интихоботии вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқу ҷамоатҳо низ аллакай тасдиқ шуда, маърака бояд дар пояи ин аснод ва ба таври шаффоф баргузор карда шавад.

М. ИМОМНАЗАР, «Садои мардум»