Бо ташаббуси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба муносибати ҳаштумин солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тайи ду рӯз дар шаҳри Кӯлоб семинари ҷумҳуриявии кормандони соҳа баргузор гардид. Иштирокчиён дар рӯзи аввали семинар ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, ба ноҳияҳои Ховалинг, Восеъ, Муъминобод ва Шӯрообод сафар намуда, баробари шинос шудан ба таҷрибаи кори ҳамкасбони худ, инчунин аз ҷойҳои таърихии ноҳияҳои мазкур дидан карданд.
Дар рӯзи дувуми семинар дар Кохи фарҳанги шаҳр бо ҳам омада, оид ба масъалаҳои гуногуни соҳа табодули андеша намуданд. Дар назди иштирокчиёни семинар Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ Вализода, муовини раиси вилояти Хатлон Ситора Шерзода ва раиси ноҳияи Восеъ Мӯсо Ғафурзода суханронӣ карда, оид ба дастовардҳои қонуни мазкур, вазъи имрӯзаи ҷаҳони ислом ва дигар масъалаҳои баҳсталаби рӯз изҳори андеша намуданд.
Дар анҷоми семинар фаъолони соҳа ва журналистоне, ки дар мавзӯи дин ва ҷашну маросимҳо мақолаҳо иншо кардаанд, бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Т. ФАЙЗАЛӢ,«Садои мардум»