Аз 1 то 7 сентябри соли 1920 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон съезди халқҳои Шарқ баргузор гардид. Дар он 1891 нафар вакил аз 37 миллат иштирок карданд. Вакилони уезди Хуҷанд дар ҳайати вакилони Туркистон дар ин анҷуман ширкат доштанд.
2 сентябри соли 1920 дар Бухоро инқилоб (табаддулот) шуд. Дар он рӯз дар болои Регистон байрақи Сурхро насб карда, Кумитаи инқилобӣ таъсис ёфт, ки давлати Бухороро Республикаи мустақили Советии Бухоро эълон кард.
20 сентябри соли 1924 дар шаҳри Душанбе аввалин шуъбаи почтаю телеграф кушода шуд.
Аввалин мактаби олии Тоҷикистон-Донишкадаи (ҳоло Донишгоҳ) омӯзгорӣ 1 сентябри соли 1931 ифтитоҳ ёфт.
1 сентябри соли 1931 дар шаҳри Ленинобод Институти меваю сабзавоти Осиёи Миёна ба кор сар кард. Он 1 октябри соли 1934 ба Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон табдил ёфт ва соли 1944 ба пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе кӯчонда шуд. Ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мебошад.
2 сентябри соли 1931 шумораи аввалини газетаи «Бадахшони Сурх» нашр гардид. Аз соли 1955 он номи «Бадахшони советӣ»-ро гирифт.
9 сентябри соли 1931 съезди якуми мухбирони коргару деҳқони Тоҷикистон баргузор гардид.
13 сентябри соли 1932 канали магистралии Вахш ва иншооти сершумори обёрӣ ба кор даромад, ки ба обёрии заминҳои бекорхобидаи водӣ ибтидо гузоштанд. Дар сохтмони канал 25 экскаватор, садҳо трактору мошин ва дигар механизмҳо кор мекард. Коллективи сохтмон аз 10 ҳазор коргару муҳандиси баландихтисос иборат буд.
11 сентябр соли 1933 дар шаҳри Душанбе заводи механикии ба номи Орҷоникидзе – нахустин корхонаи металкоркунии Тоҷикистон ба кор даромад.
2 сентябри соли 1934 Комбинати ордкашии Орҷоникидзеобод (шаҳри имрӯзаи Ваҳдат) аввалин маҳсулотро истеҳсол кард.
6 сентябри соли 1934 дар шаҳри Душанбе аввалин муассисаи беруназмактабии бачагонаи ҷумҳуриявӣ — Стансияи техникии бачагон кушода шуд.
8 сентябри соли 1934 қуллаи Ленин, ки 7134 метр баландӣ дорад, фатҳ карда шуд. Фотеҳони аввалини ин қулла Н. Криленко, В. Абалаков, И. Лукин ва Н. Черних буданд.
12 сентябри соли 1942 сохтмони канали калони Ҳисор бо ҷидду ҷаҳди якҷояи меҳнаткашони Тоҷикистону Ӯзбекистон анҷом ёфт.
1 сентябри соли 1948 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард. Дар бораи таъсиси донишгоҳ 21 марти соли 1947 Қарори Совети Вазирони СССР баромада, 31 августи соли 1948 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати ифтитоҳи донишгоҳ ҷаласаи ботантана доир гардид. Нахустин ректори донишгоҳ профессор З. Раҷабов буд.
1 сентябри соли 1956 Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.
5 сентябри соли 1960 навбати якуми Заводи сементи шаҳри Душанбе ба кор даромад.
22 сентябри соли 1961 Комбинати хонасозии шаҳри Душанбе ба кор даромад.
30 сентябри соли 1963 съезди якуми умумиҷумҳуриявии ихтироъкорон ва навоварон барпо гардид.
1 сентябри соли 1971 Донишкадаи тарбияи ҷисмонииТоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ кард.
1 сентябри соли 1973 Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода ифтитоҳ ёфт. То он дам мутахассисони соҳаи санъат ва китобдорону библиографон дар Донишкада (ҳозир Донишгоҳ)-и омӯзгорӣ тайёр карда мешуд.
9 сентябри соли 1991 баъди пош хӯрдани Давлати Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол эълон шуд.
7 сентябри соли 2000 дар қароргоҳи СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кард.
8 сентябри соли 2000 дар шаҳри Душанбе маросими ботантанаи ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супурдани Ҷоизаи байналмилалии «Сулҳ-99» доир гардид. Дар он намояндагони 13 мамлакат иштирок дошт.
1 сентябри соли 2003 нахустин машғулиятҳо дар Донишкадаи навтаъсиси нақлиёт шурӯъ шуд. Он сол бори нахуст 258 нафар ба донишкада дохил шуданд. Соли 2007 фаъолияти он қатъ ва ҳамчун факултет ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ҳамроҳ гардид.
3 — 4-уми сентябри соли 2008 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси занон-парламентарҳои Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Нақш ва саҳми занон-парламентарҳо дар рушди ҷомеа» баргузор гардид.
6 сентябри соли 2008 дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор ва дар ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кард.
18 сентябри соли 2008 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Форуми сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои ИДМ ба кор оғоз намуд.
3 сентябри соли 2009 дар Женева Конфронси сеюми умумиҷаҳонӣ бахшида ба проблемаи иқлим баргузор шуд, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.
6 сентябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе беморхонаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба истифода дода шуд.
7 сентябри соли 2009 нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибҳа Патил ба Тоҷикистон сурат гирифт.
8 сентябри соли 2009 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими гузоштани хишти аввали Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва ба истифода додани зеристгоҳи Душанбе хатти 500-киловолтаи интиқоли неруи барқи Ҷануб-Шимол доир гардид.
21 — 30 сентябри соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил баргузор гардид.
20 сентябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмаи кулли СММ бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола суханронӣ кард
3 сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ баргузор гардид.
6 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе Корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасраф, толори бузурги варзишӣ ва Маркази 22-ошёнаи тиҷорату соҳибкории «Душанбе-Плаза» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
5 сентябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе Корхонаи воҳиди давлатии «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва дучарха» расман ифтитоҳ ёфт.
3 сентябри соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон терминали нави ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ифтитоҳ гардид.
12 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Федератсияи Россия Владимир Путин, Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев, Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов, Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин ва роҳбарону намояндагони воломақоми кишварҳои нозир ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
2 сентябри соли 2015 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой сурат гирифт.
15 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор гардид.
29 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ кард.
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»