Мусоҳиба бо директори Корхонаи давлатии заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе Шерхон Каримов
- Кӣ ва ё чӣ боис шуд, ки дар мамлакат корхонаи протезию ортопедӣ таъсис дода шавад?
- Соли 1942 бо сабаби ба Ватан баргаштани шумораи хеле зиёди маҷруҳону маъюбони ҷанг зарурат ба миён омад, ки устохонаи маҳсулоти протезию ортопедӣ ва таъмири он таъсис дода шавад. Бо тақозои замон дар муддати хеле кӯтоҳ устохона ба Корхонаи протезбарорӣ табдил ёфт. Соли 1998 шартномаи сеҷониба миёни собиқ Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон оид ба таъсиси маркази ортопедӣ ба имзо расид. Самти асосии фаъолияти корхона ва се филиали он, ки дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хоруғ ва Хуҷанд амал мекунанд, таъмин намудани иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони Қувваҳои Мусаллаҳ, сарбозони башардӯст, бартарафкунандагони оқибатҳои садамаи Чернобил, пиронсолону маъюбони хона — интернатҳои зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дасту пойҳои сунъӣ, ортез, пойафзоли ортопедӣ, камарбанд, асо, чигас, аробачаи маъюбӣ ва лавозимоти дигаре мебошад, ки маъюбон ба он ниёз доранд. Бояд қайд кард, ки тибқи қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ дар корхона ройгон амалӣ мегардад. Дар баробари ин, роҳкирои маъюбон аз тамоми ҷумҳурӣ соле як маротиба пардохт мешавад. Ба ғайр аз ин, корхона маъюбонеро, ки ба ин ҷо меоянд, бо се вақт хӯроки гарм ва ҷои хоб таъмин менамояд. Ба ниёзмандоне, ки дар минтақаҳои дурдаст зиндагӣ мекунанду имконияти ба пойтахт омадан надоранд, узвҳои ориятӣ ва лавозимоти дигари фармудаашонро тавассути почта мефиристем.
Ба кӯдакони гирифтори фалаҷи майнаи сар, нимфалаҷ, полиомиелит ва бемориҳои модарзодӣ, ашхоси аз мина зарардида, захмишудагон низ хизмат мерасонем.
Дар корхона 3 коргоҳ — протезбарорӣ, пойафзолбарорӣ ва таҷҳизоти ҳаракатӣ амал мекунад. Шумораи коргарон якҷоя бо филиалҳо 102 нафар буда, аксари онҳоро маъюбон ташкил менамоянд. Табиист, ки ин омил ба сифати маҳсулот таъсиргузор аст.
- Таҷҳизоти корхона чӣ гуна аст?
- Хеле одӣ. Барои тайёр кардани пойафзол мошинаҳои дӯзандагиро истифода мебарем. Дастгоҳҳои тайёр намудани протезҳо низ одианд. Солҳои зиёд аз дастгоҳҳои фарсудаи замони шӯравӣ истифода бурдем. Хушбахтона, солҳои охир бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби баъзе таҷҳизоти замонавӣ гардидем.
- Эҳтиёҷмандон зиёданд?
- Бале. Бархе мустақиман муроҷиат менамоянд, дигарон бо роҳхати муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ меоянд.
- Бо кадом ташкилот ҳамкорӣ доред?
- Эътироф бояд намоем, ки дар тӯли фаъолият ба корхона аз ҷониби ташкилоти байналмилалӣ кумаки зиёд расидааст. Айни ҳол бо ташкилоти «Оперейшн Мерси» ҳамкорӣ дорем, ки солҳои 2016 ва 2017 ба ниёзмандон 223 аробачаи маъюбӣ дастрас намуд.
- Дар як сол ба чӣ қадар маъюб кумак расонида метавонед?
- Мо то 4 ҳазор ва аз он бештар пойафзоли ортопедӣ ва махсуси ортопедӣ тайёр мекунем. Шумораи дасту пойҳои ориятӣ ба муроҷиати эҳтиёҷмандон вобастагӣ дорад. Дар як моҳ корхона 200 ҷуфт пойафзол истеҳсол менамояд, вале дар як хона- интернат эҳтиёҷмандон аз 200 нафар бештаранд.
Барои ба таври назаррас зиёд намудани истеҳсолот шароити корхона имкон намедиҳад. Дар баробари куҳна будани аксар таҷҳизот биноҳо низ куҳнаву фарсуда ва дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Чанде қабл ҳолати биноҳо аз тарафи мутахассисон мавриди омӯзиш қарор гирифт ва онҳо низ ба хулоса омаданд, ки ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд.
- Ҷиҳати беҳтар намудани шароит чӣ тадбир андешида мешавад?
- Ба хулоса омадем, ки бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ташкилоти хайриявии байналмилалӣ бинои нав сохтан зарур аст. Корҳои омодагиро ба анҷом расонидем, лоиҳаи бино тайёр ва ҷояш низ муайян шудааст. Вазорат барои дастгирӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат намуд ва айни ҳол масъала дар марҳилаи омӯзишу баррасӣ қарор дорад. Итминон дорем, дар кӯтоҳтарин фурсат масъала ҳалли худро меёбад ва метавонем ҳам ниёзи эҳтиёҷмандони худро бароварда кунем, ҳам ҳамсоягонро.
- Ҳамсоягонро?
- Бале. Азбаски корхона бо Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ҳамкории доимӣ дорад, чанде қабл ин ташкилот ба корхона дархост фиристод, ки ба 27 эҳтиёҷманд аз кишвари ҳамсояи Афғонистон кумак расонем. Масъалаи мазкур бояд аввал дар сатҳи вазоратҳои умури хориҷӣ ва тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ду кишвар мувофиқа гардад. Сатҳи малакаву маҳорати кормандон имкон медиҳад ба ҳар маъюбе, ки муроҷиат менамояд, ёрӣ расонем.
Н. Низомӣ, «Садои мардум»