Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораи тоҷикон таъсис ёфт

№ 14.10.2021

- Дар шароити пандемияи бемории COVID-19 дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон диаспора ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ҷиҳати расонидани кумакҳои модӣ ба ҳамватанон якдилона мусоидат намудаанд, ки он ҳамчун намунаи муташаккили сохтори диаспоралӣ эътироф гардидааст, — гуфт вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Ширин Амонзода сездаҳуми октябри соли раовн зимни конференсия дар мавзӯи «Ҷалби диаспораи тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баҳри рушди кишвар дар давраи баъд аз COVID-19».

Бино ба маълумоти вазир, дар давраи пандемия Намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва соҳибкорони бурунмарзӣ ба шаҳрвандон кумакҳои модӣ, молӣ ва тиббӣ расонида, аз ҷумла 2426 нафар муҳоҷири меҳнатиро бо ҷойи кори доимӣ ва шароити мусоиди зиндагӣ таъмин намуданд.

- Умедворем, ки дар оянда низ ин ҳамкориҳо густариш ёфта, бо истифода аз макони кору зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ фаҳмондадиҳӣ оид ба муқаррароти қонунҳои кишвари иқомат, донистани забон, таърих ва гирифтани иҷозатнома барои кор, роҳ надодан ба қонунвайронкунӣ, эҳтиёт аз бемориҳои эҳтимолии сироятӣ ва пешгирии ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистиро тақвият мебахшанд,- афзуд Ширин Амонзода.

Зикр шуд, ки ҳоло 112 ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ ва диаспораи тоҷикон ба таври расмӣ дар Федератсияи Россия, 2 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Украина, 2 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Қирғизистон,  диаспора ва 10 маркази фарҳангӣ дар Қазоқистон фаъолият дошта, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи ҳамватанон ва таъмини онҳо бо ҷойи кор саҳми муносиб мегузоранд.

Дар конференсия намояндагони намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилоятҳо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андоз, роҳбарон ва намояндагони диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баромад намуда, доир ба корҳои анҷомшуда дар давраи пандемияи COVID — 19 иттилоъ доданд.

Ширин Амонзода иттилоъ дод, ки дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораи тоҷикон (ҷамъияти тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ таъсис ёфтааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»