Қонун ва иҷро

Шаҳодатномаи таваллуд ва ақди никоҳ

№130 (4870) 01.11.2024

Дар гирифтани онҳо набояд беэътиноӣ кард

WhatsApp Image 2024-10-28 at 16.37.53Мо дар ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ҳаёт ба сар мебарем, бинобар ин, зарур аст, ки ҳуқуқҳои худро хуб донем ва аз онҳо дуруст истифода барем. Яке аз ҳамин гуна ҳуқуқҳо доштани шаҳодатномаи таваллуд (зоднома) ва шаҳодатномаи ақди никоҳ мебошад.

Мутаассифона, имрӯз иддае аз волидайн бинобар беҳавсалагӣ ва надонистани қонун сари вақт ба тифлони навзодашон зоднома намегиранд. Ба хотири равшанӣ андохтан ба ин масъала бо мудири шуъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳияи Варзоб Мунира Ҳакимова ҳамсуҳбат шудем.

- Чаро бархе аз падару модарон барои сари вақт гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ва дигар ҳуҷҷатҳо бепарвоӣ мекунанд?

- Шуъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳияи Варзоб фаъолиятро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ мондааст. Аз рӯи талаботи қонунҳои зикршуда ва дастуруламали сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ падару модарон вазифадоранд, ки ба тифли навзоди худ то давраи семоҳагӣ аз макони истиқоматаш ва ё ҷойи таваллуди кӯдак шаҳодатномаи таваллуд гиранд.

Мутаассифона, то ҳол шаҳрвандоне ҳастанд, ки намедонанд, баъд аз таваллуди кӯдак аз куҷо бояд барояш шаҳодатномаи таваллуд гиранд. Фаромӯш набояд кард, ки шаҳодатномаи таваллуд дар ҷамоати шаҳрак ва деҳот ба кӯдакони то яксола дода мешавад. Баъд аз яксолагии навзод волидон маҷбур мешаванд ба шуъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳия муроҷиат намоянд. Натиҷа ҳамин аст, ки қариб ҳар рӯз корафтодагон ба идораи мо омада, навишта додани шаҳодатномаи таваллуд ё ягон ҳуҷҷати дигарро хоҳиш мекунанд.

Шаҳодатномаи таваллуд ҳуҷҷати асосии ба расмият шинохтани ҳар як шаҳрванд аст, ки дар оянда барои гирифтани шиносномаи миллӣ асос мегардад. Аз ин хотир, кормандони шуъбаи мо ҳангоми навиштани шаҳодатнома ё ягон ҳуҷҷати дигар кӯшиш мекунанд ба хато роҳ надиҳанд. Ному насаб ва санаи таваллуди шаҳрванд бехато дарҷ шавад. Афсӯс, ки ҳоло ҳам ҳолатҳои дар шаҳодатномаи таваллуд ё дигар ҳуҷҷати асосӣ ғалат навиштани ному насаби шаҳрвандон дида мешавад ва ин кор ислоҳи ҷиддӣ мехоҳад.

- Баъд аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз қайди ақди никоҳ гузаштани оилаҳои ҷавон ва таъмини кӯдакони навзод бо шаҳодатномаи таваллуд дар кадом ҳолат аст?

- Гузаштан аз қайди ақди никоҳ маънои ташкил намудани оилаи навро дорад. Эътироф бояд кард, ки то қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бештари ҷавонон ва волидони онҳо нисбати он бепарвоӣ зоҳир мекарданд. Баъзеҳо аз қайди ақди никоҳи давлатӣ гузаштанро чандон муҳиму зарурӣ намешумориданду танҳо никоҳи мусулмониро кифоя медонистанд. Масалан, оилаҳои ҷавон баъд аз соҳиби тифли нахустин ва ҳатто, пас аз соҳиби ду-се фарзанд шудан аз пайи бастани ақди никоҳи давлатӣ мешуданд. Мутаассифона, чунин камбудӣ ҳоло ҳам ҷой дорад.

Сокинони ноҳияи Варзоб қонуни мазкурро, ки ҳадаф аз қабули он ҳифзи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад, хуб пазируфтанд. Имрӯз ҷавонон барои барпо намудани оила дар навбати аввал барои огаҳӣ ёфтан аз саломатии якдигар дар асоси моддаҳои 14 ва 15-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз муоинаи тиббӣ мегузаранд. Баъд аз муайян шудани ташхиси тиббии ҳар ду ҷавон ва ҷой надоштани монеа барои аз қайди ақди никоҳ гузаштан ба шуъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ариза пешниҳод менамоянд. Тавре маълум аст, пеш аз он ки ҷавонон никоҳи мусулмониро қабул намоянд, бояд хати ақди никоҳ дошта бошанд. Сабаби асосии солҳои пеш аз ақди никоҳи давлатӣ нагузаштани қисме аз ҷавонон, аз як тараф, бемасъулиятии падару модарон бошад, аз тарафи дигар, беназоратии мутасаддиёни мақомоти маҳаллӣ буд. Дар ин раванд ҳодисаҳои ба шавҳар додани духтарони ноболиғ ҳам ҷой дошт.

Мо — кормандони шуъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳияи Варзоб барои беҳтар хизмат расонидан ба аҳолӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодаем. Дар нуҳ моҳи сипаришудаи соли 2024 ба 1545 тифл зоднома додем, ки ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта бештар аст. Ҳамчунин, 417 ҷуфт оилаи ҷавонро аз қайди ақди никоҳ гузаронидем. Дар ин давра ба 1461 тифли то семоҳа шаҳодатномаи таваллуд ройгон тақдим гардида, ҳашт ҳолати фарзандхондӣ ва 265 ҳолати муқаррар кардани падарӣ ба қайд гирифта шуд.

- Солҳои пеш аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ ба аҳолӣ фаҳмонидани ҳуқуқу вазифаҳояшон роиҷ буд. Оё вақти он нарасидааст, ки чунин иқдом аз нав ба роҳ монда шавад?

- Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсири мусбати худро ба ҳама соҳа расонид. Кормандони шуъбаи мо якҷоя бо мутахассисони тибби ноҳия, намояндагони комиссияи танзими ҷашну маросим ва ҷамоати деҳот корҳои ташвиқотию тарғиботиро дар самти сари вақт гирифтани шаҳодатномаи таваллуди навзод, бастани ақди никоҳи давлатӣ, мондани номҳои миллӣ ба навзодон, дурусту бехато навиштани ному насаб дар шаҳодатномаи таваллуд ва шаҳодатномаи ақди никоҳи навҷавонон аз нав ба роҳ монданд. Баъд аз якчанд вохӯриву суҳбат дар деҳоти Варзоб-қалъа, Чорбоғ, ба номи Садриддин Айнӣ, Деҳмалик, Зиддӣ, Лучоб, шаҳраки Такоб ва як қатор ташкилоту идораҳо ин иқдом аллакай натиҷа дода истодааст. Ҳамчунин, мо якҷо бо намояндагони гурӯҳҳои корӣ оид ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар вохӯрӣ намудем. Мардум моҳияти ин мулоқотро хуб дарк кардаанд ва сармашқи кор қарор додаанд.

Мусоҳиб Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»