Шаҳомат ва лаккаҳои ҳамоиш бахшида ба Рӯзи озодии баён

№56 (4476) 10.05.2022

279165662_8128475820511831_4737567170623254792_nЧор сол қабл дастандаркорони баргузории ҳамоиши байналмилалиро бахшида ба Рӯзи озодии баён, ки ҳар сол 3 май таҷлил мегардад, хоса Шаҳло Акобироваро, ситоиш намуда, рӯзи матбуоти хусусӣ будани ин санаро бо истинод ба он ки дар ҳамоиш намояндагони расонаҳои давлатӣ низ иштирок карда, чорабинӣ дар расонаҳои мавриди назар васеъ инъикос меёбад, ботил дониста будам. Солҳои баъдӣ, бинобар пандемияи коронавирус, баргузории чунин чорабинӣ мавқуф гузошта шуда, имсол омодагӣ ба он хеле барвақт шурӯъ шуд.

Аммо шукӯҳу шаҳомати ҳамоиши имсола то андозае камранг гардид.

МУСИҚИРО КАСЕ ФАРМОИШ ДОД, КИ…

Бо даъвати раиси Шӯрои ВАО Ҳуринисо Ализода, ки дар ҷанбаҳои мусбати ҳамоиш саҳимтар аз дигарон аст, дар он ширкат варзидем. Мизбонон хеле хуш пазироӣ карда, бароямон халтаҳои латтагии бо навиштаҷоти англисӣ мунаққашро эҳдо карданд, ки то кунун ҳикмат, зарурат ва таъиноти онҳоро барои аҳли қалам дарк накардаам. Ҳарчанд оғози ҳамоиш соати нуҳ пешбинӣ шуд, вале 20 дақиқа дер оғоз гардид.

Гумон кардам, ки мисли чорабинии бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, ки чанд лаҳза дертар шурӯъ шудани он боиси норозигӣ — чаппакзании бардавоми иштирокчиён шуд, ҳозирин ба қарсакзанӣ медароянд. Вале аз чӣ бошад, ки ҳама ором буданд.

Билохира, дар раёсат муносибон ҷойгузин шуданд. Гумон доштам, ки раиси Шӯрои ВАО, муовини вазири фарҳанг, намояндаи Иттифоқи журналистон (зеро раис дар сафари хизматӣ будааст), директори Академияи ВАО, роҳбарони расонаҳои давлативу ҷамъиятиро дар раёсат, паҳлуи хориҷиҳо мебинам.

Вале чунин нашуд. Шаҳло Акобирова танҳо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҷиба Ҷавҳариро ба раёсат даъват кард. Дар ин зимн маълум гардид, ки «мусиқиро касе фармоиш медиҳад, ки пулашро пардохтааст»…

Аввал роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Вук Жугич суханронӣ кард. Эътироф мекунам, ки номбурда бо риояи назокатҳои ба дипломат хос андешаҳояшро иброз намуда, аз маблағгузори асосии чорабинӣ будани САҲА суиистифода накард.

Ягона тоҷик дар раёсат — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Муҷиба Ҷавҳарӣ зимни суханронӣ минҷумла зикр кард, ки заминаҳои ҳуқуқӣ барои фаъолияти озоди расонаҳо дар кишвар фароҳаманд. Таъкид гардид, ки 71 дарсади расонаҳо дар кишвар ғайридавлатианд. Дар ин раванд аз мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва директори радиои «Озодӣ», ки чанде пеш дар хориҷ аз кишвар доир шуд, ёдовар гардид, ки бамаврид буд.

Вале нуран алонур мешуд, агар нотиқ бо истифода аз фурсат ва минбар, хоса барои хориҷиҳое, ки як қисмашон ташкилотҳои мазҳакаофарро намояндагӣ мекарданд аз таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шарофати он дар кишвар барои фаъолияти мақсадноку ширкати фаъолонаи аҳли қалам шароити мусоид фароҳам шудааст, ёдовар мегардид.

Барои тақвияти андеша ба тасвиб расидани Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои таҳлилӣ ва танқидии воситаҳои ахбори омма» ва баргузории нишастҳои матбуотӣ аз иқдомоти дар ақсои олам беназир мебошанд, бояд мисол оварда мешуд. Зеро чунин дастгирӣ, ки дар ягон кишвари олам вуҷуд надорад, имкони хубест то журналистон минҳайси ҳокимияти чорум мавқеашонро мустаҳкам намоянд.

Инчунин, соли 2012, зимни таҷлили 100 — солагии Рӯзи матбуоти тоҷик Пешвои раъиятпарвари миллат дастур доданд, ки моддаҳои вобаста ба таҳқиру туҳмат — моддаҳои 135 ва 136-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қонунгузории ҷиноятӣ ба қонунгузории гражданӣ гузаронида шаванд.

Бояд зикр мешуд, ки озодии сухане, ки дар Тоҷикистон айни ҳол вуҷуд дорад, дар бисёр кишварҳои минтақа дида намешавад ва он ба бандҳои дахлдори тавсияҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқат мекунад.

Ин омил аз ҷониби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ низ дар заминаи раддабандиву назарсанҷӣ эътироф шуда, дар аксар маврид Тоҷикистон аз нигоҳи озодии баён аз қисмати аъзами кишварҳои ИДМ пеш гузаштааст. Мисоли ҷадид: Тибқи «Намоя (индекс) — и умумиҷаҳонии озодии матбуот» — ҳисоботи солонаи Созмони «Гузоришгарони бидуни марз», ки 3 майи соли 2022 дар Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот нашр шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон якбора 10 зина боло рафт.

Мутобиқи моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори омма кафолат дода шудааст. Дар баробари ин, ҳуқуқу уҳдадориҳои журналистон ва ноширон дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи табъу нашр» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ифода ёфтаанд.

Бояд зикр намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» 14 марти соли 1992 қабул шуд. Ҳамон сол ва дар солҳои 1996, 1999, 2002 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда, такмил доданд. Дар баробари рушду такомули матбуот, бахусус матбуоти мустақил, зарурати аз нав таҳия ва қабули қонуни нави матбуот ба миён омад.

Бо дарки ин зарурат ва бо дарназардошти афкори ҷомеаи журналистӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳрири нав таҳия гардида, моҳи марти соли 2013 қабул шуд ва он аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ гардид.

Ҳатман бояд таъкид мешуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар ва байналмилалӣ барои фаъолияти мақсадноки нашрияҳои давлатӣ ва мустақил ягон монеа эҷод накардааст. Баҳсҳои ҷудогонае, ки бинобар норозигии тарафайн, яъне нашрия ва объекти танқидшаванда, ба миён меоянд ва аз тариқи судҳо ҳаллу фасл карда мешаванд, аслан ба Ҳукумат дахл надошта, таҷрибаи давлатҳои демократӣ мебошад.

Мутаассифона, ин ҷанбаҳо аз мадди назари муҷриву нотиқон дур монда, дар бобати ибтикору таваҷҷуҳи Ҳукумат ба журналистикаву журналистон «ба даҳон об гирифтанд».

Дар суханронии Сезин Синаноглу — ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон ва Мерлин Ҷозефсон – роҳбари намояндагии Созмони Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Тимоти Ҷонс — сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва Тереза Рибейро — намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО (аз тариқи маҷозӣ) бештар насиҳат меҳвар буд.

Баръакси номбурдаҳо, сафири фавқулода ва мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марк Поммершайм ин фурсату минбарро барои ноҳақ будани Федератсияи Россия дар муноқиша бо Украина суиистифода кард. Сониян, нақли хотироти ӯ аз сафараш ба шаҳри Москва ва ситоиши Горбачёв, ки доир ба ин персонаж назарҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон яксон нест, мисли «тарошаи аз бом афтода» буд.

Ба андешаи инҷониб, чунин суханронӣ аз ҷониби фиристодаи яке аз кишварҳои абарқудрати олам, хоса дар ҳамоиши журналистон, ҷоиз нест.

АЗ «ОЗОДИИ МАТЛУБОТ» ТО «КУШОДАШАВИИ ЖУРНАЛИСТОН»

Ин ибораҳо бозгирифта аз тарҷумаи яке аз тарҷумонҳои чорабинӣ мебошанд. Хуб дарк мекунам, ки тарҷумаи суханрониҳо дар чунин чорабиниҳо кори саҳлу сода нест, вале бо чунин услуб, ки миёни матбуот ва матлубот фарқият гузошта нашавад, «кушта шудан», «кушодашавӣ» тарҷума гардад ва аз забони нотиқон ба журналистон тавсия дода шавад, ки «аз расидан ба виҷдони одамҳо худдорӣ кунанд», мояи сарафкандагии тарҷумон ва масъулини ин чорабинӣ бояд бошад.

Тарҷумон «рисолаташ» — ро то ҳадде  бемасъу­лиятона ба ҷо меовард, ки дар ин раванд вожаву ибораҳои «албаттара», «гирем, ки», «бгем, ки» ва дигар «шоҳкорӣ»-ҳои ихтироъкардаашро бениҳоят зиёд истифода мебурд.

Агар Вук Жугич, Сезин Синаноглу, Мерлин Ҷозефсон, Тереза Рибейро, Марк Поммершайм ва Тимоти Ҷонсон медонистанд, ки суханони онҳо ин гуна тарҷума ва дар аксар маврид то андозае таҳриф шудааст, шояд…

Аз он дар ташвишам, ки шахси мавриди назар суханони муҷрӣ ва нотиқони маҳаллиро ба забони англисӣ чӣ гуна тарҷума карда бошад?

«КАШФ»-И ИШТИБОҲИ АСОСӢ ВА РОҲНАМОӢ БАРОИ ГУЗОРИШ АЗ ХОНАИ ХОБ

Дар «амри маъруф»-и раиси Анҷумани рӯзноманигорони Литва Д. Раджевиюс, ки муҷрии қисмати аввали ҳамоиш Шаҳло Акобирова ӯро қариб раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон муаррифӣ мекард, ҷиддият комилан дар пасманзар қарор дошт.

Номбурда, ки бино ба гуфти Ш. Акобирова ӯро дар Тоҷикистон «хеле дӯст медоштаанд», ёдрас шуд, ки маърӯзаи 30 — дақиқаинаш дар мувофиқа бо муҷрӣ то 10 дақиқа коҳиш ёфт. Хайрият!

Агар ба суханони ӯ бовар намоем, пас иштибоҳи асосии қишри нисбатан фаъол, аз ҷумла журналистон ва сиёсатмадорон, он аст, ки бовар кардаанд одамон қудрати қабул ва дарки иттилои зиёдро доранд. Илова бар ин, радио демократитарин расона будааст.

Дар маърӯза меҳвар будани махсусиятҳои телефони тамғаи «Нокиа 95», қиёси мегабайту гигабайтҳо, қобилияти гӯш додан ба шикваи фарзандон, мавҷудияти тӯтӣ дар хона, ҳар рӯз ирсол шудани 500 варақаи иттилоотӣ аз онҳое, ки гӯё мехостанд собит намоянд, ки онҳо кор мекунанд, ки маро то андозае ҳайрон кард.

Нотиқ зимни роҳнамоии ҳозирон, дӯсташ, собиқ мушовири Сарвазири Литваро мисол овард, ки бо пахши гузоришҳо аз хонаи хоби худ барои 5000 ба истилоҳ, «подписчик» моҳе 20-30 ҳазор евро кор мекунад, зеро чизеро мегуфтааст, ки дар воситаҳои ахбори омма намегӯянд.

Шояд ин нафар ва ашхосе, ки маърӯза бо онҳо мувофиқа шудааст, огоҳӣ надоранд, ки аксар муқаррароту пешниҳодоти барои мағрибӣ қобили қабул барои машриқӣ саҳли мумтанеъ маҳсуб мешавад.

МАБЛАҒСИТОНӢ БАРОИ ТАНҚИДУ ТАЪРИФ ВА КОҲИШИ БЕСОБИҚАИ БОВАРӢ

Дар қисмати дуюм, ки муҷрии он журналист Умед Бобохонов буд, «Шаффофият ҳамчун неъмати ҷамъиятӣ» ба риштаи таҳлил кашида шуд. Ҳарчанд қисмати аъзами баромадкунандагони ин бахш ҳузур надоштанд, вале Умед Бобохонов тавонист мушкилоти марбут ба масъаларо то андозае бозгӯйӣ намояд.

Ёдоварӣ аз филми мазҳакавии «День сурка» ва «Давидан дар ҷой» («Бег на месте») арзёбӣ шудани баргузории чунин ҳамоишҳо аз ҷониби Бобохонови миёни донорҳо маҳбуб ҳикмат дорад, ки онро мутаассифона, на ҳама дарк карданд.

Вақте ки Бобохонов аз А. Атоев – масъули Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет» аз паҳн шудани овоза — ширкатҳое ҳастанд, ки чапғалат аз Маркази ягонаи назди Хадамоти алоқа интернет ворид менамоянд, пурсон шуд, посухи номбурда ҳамаро, ҳатто хориҷиҳои аз тариқи маҷози иштирокдоштаро шикамсерӣ хандонд. Атоев минҷумла гуфт, ки агар дар ин бобат овоза паҳн шуда бошад, пас воқеият будани он дар ҷомеаи мо ногузир аст.

Илҳоми Ҷамолиён дар суханрониаш аз мушкилоти дастрасӣ ба иттилоот ҳарф зада, тавсеаи журналистикаи шаҳрвандиро тақозои замон номид.

- Мутаассифона, дар ин намуди журналис­тика риояи меъёрҳои касбӣ ҷавобгӯи талабот нест, — афзуд ӯ.

Муҷригии қисмати дуюми ҳамоиш — «Васоити ахбори омма ва эътимоди ҷомеа» ба зиммаи раиси Шӯрои ВАО Ҳ. Ализода вогузор шуду нотиқон Е. Черниавска – мушовири калони САҲА оид ба масоили озодии ВАО, С. Карпов — намояндаи ЮНЕСКО (аз тариқи маҷозӣ), Раҷаби Мирзо, Неъмат Мирсаидов, Нуриддин Қаршибоев ва Ёқуб Ҳалимов буданд.

На танҳо дар ин қисмат, балки дар дигар бахшҳо низ хориҷиҳо барои ибрози андеша, ки аксари дар толорбудагон ба он таваҷҷуҳ зоҳир намекарданд, ба маънии суханронӣ чандон сарфаҳм намерафтанд (агар шубҳа дош­та бошанд, метавонанд ба навори чорабинӣ мутаваҷҷеҳ шаванд), вақти бебаркаш доштанд.

Баръакси меҳмонони болонишин, нотиқони маҳаллиро ҳар замон бо ишораҳои «хос» ҳушдор медоданд, ки зудтар ба суханрониашон хотима бахшанд.

Ба ҳар сурат, ин қисмати ҳамоиш нуктаҳои ҷолиб ва дар сурати амалӣ гардидан манфиат­овар дошт.

Барои мисол, журналист Раҷаби Мирзо бо сароҳат гуфт, ки айни замон коҳишёбии эътимоди мардум ба журналистон тамоюли афзоишро касб намуда, ҷангандози асосӣ арзёбӣ шудани журналистон аз ин омил маншаъ гирифтааст. Аз ин лиҳоз, зарур ва ногузир аст, ки ин раванд дар заминаи риоя шудани эҳтироми байниҳамдигарии аҳли қалам бетаъхир пешгирӣ шавад. Барои тақвияти андеша зикр шуд, ки ҳоло вобаста ба қазияи Украина мардум на ба радиои «Озодӣ» боварии комил доранд, на ба «Спутник».

Дар идома нотиқ зарурати баргузории назарсанҷиро дар бобати он ки «мо — журналистон ва онҳое, ки ба ин соҳа қаробат доранд оё рӯзнома мехонем, телевизион тамошо мекунем ва радио гӯш мекунем?» бамаврид донист.

Бино ба гуфти ӯ, қисмати зиёди масъалаҳо ба коҳишёбии эътимоди аҳолӣ маҳз ба ин омил рабт дорад, зеро аксарият намехонем, тамошо ва гӯш намекунем.

 Н. Қаршибоев аз мушкилот вобаста ба даст­расии иттилоъ ҳарф зада, аз вуҷуд надоштани марказҳои матбуотии баъзе аз сохторҳо, аз ҷумла Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.

Номбурда як сирро ошкор кард, ки то ҳол шояд аксарият огоҳ набуданд. Бино ба гуфти ӯ, журналистони тоҷик айни замон барои таъриф низ пул мегиранду барои танқид ҳам, инчунин, барои нашр кардани матолиб ва барои худдорӣ кардан аз нашри онҳо. Ҳарчанд ба ин нукта нисбатан кам таваҷҷуҳ зоҳир шуд, вале чунин изҳорот моҳиятан «раъду барқ дар рӯзи офтобӣ» маҳсуб мешавад.

Бо дарназардошти касбият, бозгӯйӣ шудани таҷриба аз ҷониби Н. Мирсаидов барои аҳли толор, хоса журналистони ҷавон, аз манфиат холӣ набуд. Хоса, шарҳу тавзеҳ додани омилу сабабҳои бештар ба расонаҳои хориҷӣ барои кор майл намудани журналистон ва дар ин замина ба норасоии кадрҳо мувоҷеҳ гардидани расонаҳои маҳаллӣ муҳим ва муфид мебошад.

Бо қисмати аъзами андешаҳои нотиқи дигар Ё. Ҳалимов розӣ нестам, вале  вобаста ба истифода шудани муқаррароти қонунгузорӣ – ба суд кашидани ашхоси зиддахл барои худдорӣ аз пешниҳоди иттилоъ ба журналист, бо ӯ комилан ҳамфикрам.

Дар қисмати сеюм «Устувории иттилоъ: шурӯъ аз дониши тиббию далелсанҷӣ то таъсири COVID — 19» муҷрӣ ва нотиқон бештар умумгӯиро меҳвар қарор доданд, ки ҷолибияти мавзӯъро зери суол бурд.

Ҳарчанд қисмати чоруми ҳамоиш «Нақши ҷавонон дар муқовимат бо чолишҳои нави рақамӣ — тавҳин дар интернет, таҳоҷуми киберӣ» номгузорӣ шуд, вале ба шарофати саволи пешниҳодкардаи коршинос М. Киромова, ки сарфи назар кардани мутолиаи шарҳҳои дар зери матлабҳояш коштаро замина барои хубтар роҳандозӣ намудани фаъолият арзёбӣ кард, аз мавзӯъ хеле дур рафтанд.

Саволи ин коршинос ба тадбирандешии ташкилотҳои журналистӣ дар робита ба амалҳои бино ба гуфти ӯ, созмонёфтаи мақомот алайҳи як идда журналистон рабт дошт.

И. Сулаймонӣ минҳайси узви Раёсати Шӯрои ВАО ба ин савол мушаххас ва бо далелу арқоми асоснок посух дод, ки аҳли толорро ба қавле бедор кард. Бо мадди назар қарор додани ҳамраъйии журналистӣ 1қисмате аз андешаҳои нотиқи дигар — А. Ғурбатиро ҷонибдорӣ ва ногузир будани хотима бахшидан ба чунин аъмолро дастгирӣ мекунам.

РАСОНАҲОИ ДАВЛАТӢ ЧАРО «БАЧАИ ӮГАЙ» БУДАаНД?

Вобаста ба интихоби муҷрӣ ва нотиқон низ инҷониб эрод дорам. Магар бадӣ дошт, агар ҳамрадиф бо меҳмонҳои хориҷии бо харҷи зиёд ба ин маҳфил кашонидашуда намояндагони ВАО-и мустақил ва ҷомеаи шаҳрвандӣ намояндагони расонаҳои давлатӣ ба ҳайси муҷрӣ ё нотиқ баргузида мешуданд?

Бо чунин тарзи кор, ки моҳиятан тафриқаандозӣ аст, чӣ гуна ҳамраъйии журналистонро умедвор шавем?

Бо итминони комил мегӯям, ки дар чунин расонаҳо журналистоне фаъолият доранд, ки агар аз муҷриву нотиқони ин ҳамоиш беҳтар масъа­ларо матраҳ карда натавонанд, бадтар низ нестанд. Бигзор ба онҳо низ минбар дода мешуд, то назару мавқеашонро баён мекарданд.

Дар он сурат, тавозун, ки донорҳо ва ташаб­бускорон доимо аз зарурату сарфи назар шуданаш вазъ мегӯянд, риоя мегардид.

«ЭЪТИМОД» БЕЭЪТИМОД МЕШУД, АГАР…

Дар фарҷом ҷоизаҳои дар робита ба ин сана аз ҷониби ташкилотҳои журналистӣ эълонгардида ба ғолибон супурда шуд. Ҷоизаи Шӯрои ВАО «Эътимод»-ро Далери Имомалӣ сазовор гардид.

Узви раёсати Шӯрои ВАО Иршод Сулаймонӣ муътақид аст, ки ӯ бо чанд далел ба ин ҷоиза арзанда аст. Аввалан, дар шароити кунунӣ ба сатҳи баланди эътимоди аҳолӣ ноил шудан мушкил аст ва заҳмат мехоҳад, ҷасорат ва ҷаҳду талоши номбурда қобили қадр аст.  Сониян, ҳарчанд матолиби ӯ дар қолаби блогерӣ таҳия мешавад, вале стандарту меъёр­ҳои касбиву ахлоқиро риоя менамояд ва тавозунро мадди назар дорад.

ВАО ба насли нави журналистон ангеза дод, то баҳри ҳалли мушкилоти мардум саҳим бошанд.

Ба гуфти узви раёсати Шӯрои ВАО Раҷаби Мирзо, журналистикаи шаҳрвандӣ, ки шакл гирифта истодааст ва баъзеҳо ба он мухолифат доранд, ба журналистикаи классикӣ ҳадди ақал баробар ва дар баъзе маврид ҳатто пешсаф аст. Бахусус, дар масъалаи фаврият, ҷасорат ва касбият.

- Назари ман ва аксар аъзои раёсати Шӯрои ВАО ин буд, ки агар ҷоизаи «Эътимод» ба Д. Имомалӣ дода нашавад, он беэътимод мешавад, — афзуд номбурда.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҷоизаи «Беҳтарин сухангӯ» ба номи Иқбол Илёсзодаро имсол ба сухангӯёни вазорату кумитаҳои ҷумҳуриявӣ ва сухангӯён дар минтақаҳо ҷудо кард. Афшини Муқим — сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиби озмуни «Беҳтарин сухангӯ» миёни вазорат ва кумитаҳои кишвар, Далер Шарипов — сухангӯи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ғолиби озмуни мазкур миёни сухангӯён дар минтақаҳои кишвар эълон гардиданд.

Сироҷиддин Шакурӣ, сухангӯи РВКД Душанбе — ғолиби бахши «Эътиқод», Умеда Юсуфӣ, сухангӯи КҲФ — ғолиби бахши «Фаврият», Мӯҳсинҷон Муҳаммадӣ, ёвари сардори РВКД дар Бадахшон — ғолиби бахши «Ҷасорат» шуданд.

Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» низ барои беҳтарин гузориши аксӣ ба Аминҷон Раҳматзода, Шералӣ Давлат, Дилшоди Раҳматулло, Умед Набиев, Давлатҷон Абдуллозода, Муҳаммадсолеҳ Хӯҷамирзода ва Талабшо Ҳалимов ҷоиза тақдим кард.

Хулоса, шаҳомату ҷанбаҳои мусбати ҳамоиш бахшида ба Рӯзи озодии баёнро наметавон нодида гирифт, вале чашм пӯшидан аз камбудиҳои он низ нодуруст аст.

Умед дорем, ки масъулин моро дуруст дарк менамоянд ва барои дар оянда зудудани доғҳо камари ҳиммат мебанданд.

Далер АБДУЛЛО,

 «Садои мардум»