Шаҳрҳои Бохтару Левакант соҳиби техникаҳои нав шуданд

№12 (4908) 27.01.2025

ТЕХНИКА СУЛ 200125 (3)Дар партави дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба шаҳрҳои Бохтару Левакант 6 техникаи махсуси партовкашию борбардорӣ ва обпошию ҳамворкунанда туҳфа шуд.

Дастрас гардидани чунин техникаҳои махсуси коммуналӣ имкон медиҳад, ки аз ин баъд кӯчаю хиёбонҳои шаҳрҳои Бохтару Левакант тозаю озода нигоҳ дошта шуда, сатҳу сифати хизматрасонии коммуналӣ ба аҳолӣ беҳтар гардад.

Ин ибтикор нишонаи таваҷҷуҳи хос ба хизматрасонии коммуналӣ ва фароҳам овардани шароити созгори муҳити зист мебошад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни супоридани техникаҳо таъкид намуд, ки масъулон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар тозаву озода намудани шаҳрҳо бояд бештар саҳм гузоранд.

С. СУЛТОНОВ,

 «Садои мардум»