Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба номи фарзандони фарзонаи миллат номгузорӣ шудани кӯчаву хиёбонҳо, таълимгоҳу муассисаҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурии азизамон, дубора барқарор намудани номҳои таърихӣ нишонаи дӯст доштани марзу бум, таърих ва обу ҳавои кишвар аст.
Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Душанбе яке аз маҷмааҳои таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва калонтарин беморхонаи ҷумҳуриявӣ, ки бо номи «Қарияи Боло» машҳур аст, дар як мавзеъ ҷойгиранд. Чанде пеш номи ин муассисаро ба шаҳраки «Шифобахш» иваз карданд.
Тавре Абдухолиқ Мирзозода дар мақолаи «Шаҳраки Шифобахш» дуруст аст ё «Шаҳраки Шифокорон», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» нашр шудааст, менигорад: «Аслан ин ибора мантиқан хароб буда, ҳеҷ умумияти маъноӣ надорад ва ба меъёрҳои забони тоҷикӣ ҷавобгӯ нест».
Мо бошем ба паҳлуи дигари масъала таваҷҷуҳи хонанда ва масъулинро ҷалб кардан мехоҳем, ки шояд мантиқӣ ва қобили қабул бошад.
Тавре медонем, бинои сохтмонаш нотамоми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон азнавсозӣ шуда, ба ҳусни ин мавзеъ ҳусни тоза зам кард. Дар паҳлуи бино бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои боҳашамат бунёд мешавад, ки минбаъд маъмурияти донишгоҳ ва дигар сохторҳои он ба ин мавзеъ интиқол дода мешаванд. Дар шаҳрак донишҷӯён таълим мегиранду табибон ба табобат машғул мешаванд. Ибни Сино — фарзанди нобиғаи тоҷик дар Афшана ба дунё омадааст. Мутаассифона, бо гузашти замон он ба Урметану Лақ-Лақа табдили ном кардаву вожаи зебои Афшана ба гӯшаи фаромӯшӣ афтод.
Бо дарназардошти ин гуфта, аҳли кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино хоҳиш менамоянд, ки ба хотири шод намудани рӯҳи Синои бузург шаҳраки «Шифобахш» ба шаҳраки Афшана табдили ном намояд.
А. Саидов, доктори илми тиб, профессор,
А. Саидов, доктори ими фалсафа, профессор,
А. Юсуфов, номзади илмҳои филология,
А. Ворисов, номзади илми тиб,
Э. Файзов, сардори шуъбаи тарбия
ва фарҳанги ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино