Шаҳре, ки аз дили инсон чароғон аст

№121 (3758) 12.10.2017

IMG«Эҳтимолан, ҳар як аз сокини пойтахт боре ҳам пеши худ фикр кардааст, ки Душанбе дар зиндагии ӯ чӣ маъное дорад ва чӣ нақшеро ифода кардааст. Барои касоне ин шаҳр зодгоҳ ва хонаи падарӣ аст, барои бархе дигар Душанбе мазҳари ишқи аввалин, барои баъзе қонуне, ки илму маърифат омӯхтааст. Онҳое низ ҳастанд, ки Душанбе барояшон беҳтарин макони фароғат ва гардишу тафреҳ мебошад.

Дар кӯчаҳои шаҳр қадам зада, кас дар жарфотарин гӯшаи вуҷуди хеш эҳсос мекунад, ки дар он чӣ ҳама дар атроф аст, порае аз қалби ӯ нуҳуфтааст, зеро ин шаҳри ту, маъвои ту ва мазҳари орзуҳои ту аст».

Ин суханон аз китоби ­Зафар Сайидзода «Тоҷикис­тони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлолияти миллӣ» беихтиёр корҳои ободонию созандагиро пеши назар ­меоранд, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тайи солҳои охир дар Душанбешаҳр анҷом додааст. Аз талоши кормандони корхона дар ободонии пойтахт кас ба хулосае меояд, ки Душанбе дар ҳаёти мо ва роҳиоҳанчиён маънои бузург ва нақши ногусастание дорад. Дар ҳар қадамгоҳ ва гӯшаву канори пойтахти Ватани азизамон, барҳақ, порае аз қалби эшон, сокинони он нуҳуфтааст, зеро ин шаҳри бостонии аҷдодиро барои худ ҳам зодгоҳ, ҳам хонаи падарӣ ва ҳам мазҳари ишқи аввалин медонанд. Ҳамин аст, ки роҳбарону кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳар дафъа бо мақсади саҳмгузорӣ дар ободонии пойтахт ба сохтмони иншоот, навсозии тарҳи гулгашту хиёбонҳо камари ҳиммат баста, онҳоро бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба супоришҳои роҳбарияти ҳукумати кишвар ва пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд. Номгӯйи иншоот хеле ­зиёданд. Корҳои муҳимтарин дар хиёбони Рӯдакӣ оид ба ободонию азнавсозиҳо анҷом дода шудаанд, ки теъдоди онҳо 33-то буда, имрӯз ба ҳусни шаҳр ҷилои тоза мебахшанд.

Мисоли равшан он аст, ки яке аз қадамгоҳҳои пойтахт, аз саҳни истгоҳи роҳи оҳан то шафати муҷассамаи устод Садриддин Айнӣ, симои худро ба куллӣ тағйир дода, имрӯз ба гулбоғи ҳақиқӣ табдил ёфтааст. Бо саҳмгузории роҳиоҳанчиён, аз ҷумла дар масоҳати 6700 метри мураб­баъ роҳравҳо сангфарш, дар 6780 метри мураббаъ гулгаштҳо кабудизор карда шуданд. 10100 адад гули мавсимӣ ва 224 адад дарахту гулу гулбуттаи ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуданд. Роҳиоҳанчиён дар гулгашт 2098 адад чароғаки равшанидиҳандаю ранга, 85 адад чароғаки роҳравҳо, 280 адад чароғаки равшанидиҳандаи ороишии кабудизорҳо, ҷӯйборҳо ва қубурҳои обгузар, обпошакҳо, қуттиҳои партовҳоро насб карданд. Мутаносибан дар масофаҳои 950, 4000, 1050 метр ноқилҳои барқии баландшиддату пастшиддат, ноқилҳои радиошунавонӣ гузаронида шуданд. Ба ҳамин монанд, айвонҳои чӯбин, ҷойи нишаст барои 650 нафар, фаввораҳои мусиқии ранга дар масоҳати 490 метри мураббаъ, гузаргоҳҳои пиёдарав, майдончаи рақс, мутобиқ ба санъати волои меъморӣ ва тарҳу услуби миллии шаҳрсозӣ барои ҷавонон сохта, ба истифода дода шуданд. Корҳои азнавсозии панҷараҳои мунаққаши гулчин дар атрофи гулгашт бо дарозии 800 метр, оҳанпӯш кардани канали обгузар, бо санги мармар рӯйпӯш кардани фаввораҳо, бо сангҳои бетонӣ ороиш додани роҳравҳо ва ғайра анҷом ёфтанд. Ҳаҷми корҳо аз остонаи коргоҳи роҳиоҳанчиён дар қад-қади хиёбони Рӯдакӣ масоҳати зиёда аз 14 ҳазор метри мураббаъро ташкил дод. Иншооти навин бо шиору лавҳаҳои ватандӯстона зебу зинат дода шудаанд. Ин ҳама ба ҳусни пойтахт ҳусни нав зам карданд.

IMGёКорҳои ободонию азнав­созӣ дар гулгаштҳои хиёбони Рӯдакӣ, ки роҳиоҳанчиён ба зимма гирифтаанд, аз дастуру супориш, мақсаду маром ва таъкидҳои пайвастаи раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ бармеоянд.

Расидан ба қадри заҳмати ободгарону бунёдгарон, риояи одоби шаҳрвандӣ, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳо қарзи ватандӯстии ҳар фарди ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Мутаассифона, гоҳо дар рафтори бархе аз шаҳрвандон, қабл аз ҳама, ҷавонон, баръакси ҳолро мушоҳида менамоем. Ашхоси аз фарҳанги шаҳрдорӣ ноогоҳ партовҳоро на дар қуттиҳои махсус, балки дар қадамгоҳҳо афканда, дидаву дониста сабзазору гулҳоро поймол карда, табъи роҳгузаронро хира мегардонанд. Пояҳои устувори одобу ахлоқи шаҳрдориро дар кӯдакистону мактабҳо бояд гузошт. Ибрати шахсии калонсолон шарти муҳими расидан ба ҳадафҳои миллист. Муҳимтар аз ҳама, ватандӯсту ватанпараст, худогоҳу худшинос ва аз таъриху фарҳанги пурғановат бохабар будан, эҳтироми ҳар пора хоку ҳар қатра оби сарзаминамонро пос доштан зарур аст.

Саҳмгузории роҳиоҳанчиён дар ободонию сабзу хуррам гардонидани пойтахт барҳақ, он маъниҳоеро ифода мекунад, ки ба қавли Пешвои миллат «Мо хушбахтем, ки давлати соҳиб­истиқлол дорем ва халқи эҷодгару бунёдгарамон таърихи навини худро бо дасти худ бунёд мекунад. Ватани маҳбубамон пайваста обод мешавад… Кулли фарзандони бонангу номуси халқи Тоҷикистон бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ва ободонии Ватани азизамонро минбаъд низ қарзи инсонӣ ва шаҳрвандии худ мешуморанд ва садоқати хешро ба Тоҷикистони ободу соҳибистиқлол бо кору фаъолияти амалии ҳаррӯзаашон собит месозанд».

Душанберо, бо вуҷуди шаҳри қадимаю куҳанбунёд буданаш, шаҳри ҷавонӣ ном мебаранд. Шоир бо табъи саршор аз меҳру муҳаббату садоқат ба диёри азизамон барҳақ ин мисраъҳои дилпарзирро сурудааст.

 Аз гули инсон шукуфон гаштаӣ,

Аз дили инсон чароғонӣ чунон.

Ҳар дарахти ту дарахти ошиқест,

Ҳар баҳори ту баҳори дилбарон.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки бо сохтмони иморатҳои нав ба нав, бунёди гулгаштҳои дилрабо, кӯчаю хиёбонҳои мунаққаш онро боз ҳам ҷавонтар гардонида, қабл аз ҳама, ба хизмати ҷавонон — фарзандони бонангу номуси сарзаминамон пешкаш намоем.

Давлат САФАР,

шоир