Чанде пеш Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси тамғаи «Акиа НЕРУ» ширкат намуданд. Электробусҳои мазкур истеҳсоли Корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо як маротиба неруи барқ пур кардан 300 км ҳаракат мекунанд. Кафолати аккумулятор ва дигар қисмҳои барқии электробус 600 ҳазор километр ё 8 солро ташкил медиҳад.
Як сол қабл Раиси шаҳри Душнабе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастур дода буданд, ки ширкатҳои мусофирбарии пойтахт пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузаронда шаванд. Дар ҷаласаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» баррасӣ гардид. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъулонро вазифадор намуданд, ки барои беҳтар намудани хизматрасонии ширкатҳои кироякаши таксӣ, пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузарондани паркҳои нақлиётии ширкатҳо, бунёд намудани нуқтаҳои барқгирӣ ва дигар масъалаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Моҳи августи соли 2023 дар доираи сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин байни ҶДММ «Авесто Гурӯҳ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Ҷинчуен»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин. Ёддошти тафоҳум оид ба ташкил, бунёд ва идоракунии корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли электромобилҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори истеҳсоли 1500 мошин дар як сол ба имзо расид. Маблағи лоиҳаи мазкур 25 миллион доллари амрикоӣ буда, амалишавии он боиси таъсиси садҳо ҷои нави корӣ мегардад.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади кам кардани истифодаи сӯзишвории карбондор, пок нигоҳ доштани муҳити зист ва тарғиби «энергияи сабз» барои воридкунандагони нақлиёти барқӣ як қатор сабукиҳо, аз ҷумла озод будан аз пардохти андоз ва боҷи гумрукиро муқаррар намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфта буданд: «Бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, тролейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд.
Вобаста ба ин Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки ҷиҳати тадриҷан муҳайё сохтани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави кишвар чораҷӯӣ намояд».
Иқдоми гузариш ба «нақлиёти сабз» дар пойтахти мамлакат шоёни дастгирист. Роҳбари Департаменти робитаҳои байналмилалии Барномаи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист (ЮНЕП) дар шаҳри Ню-Йорк Ҷамил Аҳмад моҳи октябри соли 2023 зимни мулоқот бо аъзои маҳфили экожурналистони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хусуси гузаштан ба «нақлиёти сабз» боиси таҳсин буда, аз он ба ҳама нафъ мерасад, зеро зиёд шудани нақлиёти барқӣ ихроҷи газҳои гулхонаиро кам намуда, боиси покиза шудани ҳавои шаҳри Душанбе мегардад. Дар навбати худ ҳавои тоза кафили солимии аҳолӣ аст.
Электробус ба монанди троллейбус, трамвай ва метро нақлиёти аз лиҳози экологӣ тоза буда, дар Британияи Кабир, Шветсия, Дания, Норвегия, Нидерландия, Беларус, Чин, Чехия ва кишварҳои дигар маъмул аст. Ҳарчанд Федератсияи Россия кишвари дорои захираҳои бузурги нефт аст, солҳои охир дар ин мамлакат ҷойи нақлиёти мусофиркаши дизелиро электробусҳои истеҳсоли ватанӣ гирифта истодаанд. Барои мисол, дар шаҳри Москва теъдоди электробусҳо қариб ба 1500 адад мерасад.
Бартарии электробусҳо дар он аст, ки онҳо зимни хизматрасонӣ газҳои гулхонаӣ хориҷ намекунанд, садои баланд надоранд, суръати ҳаракаташон беҳтар буда, хароҷоти хизматрасониашон нисбат ба автобусу троллейбус камтар аст. Масалан, троллейбус низ бо неруи барқ ҳаракат намуда, газҳои гулхонаӣ ихроҷ намекунад, вале барои ҳаракати он дар ду тарафи роҳ симчӯб кашида, хатҳои барқ (бо сими қиматбаҳои мисин) насб кардан лозим меояд. Аз ин рӯ, дар хатсайрҳое, ки сими троллейбус кашида нашудааст, ҳаракати электробусро ба роҳ мондан айни муддаост.
Коршиносон ҳисоб карданд, ки аз соли 2018 то соли 2022 ивазкунии автобусҳои дизелӣ бо электробусҳо дар шаҳри Москва боиси 80 000 тонна камтар ихроҷ шудани гази карбонат гардид. Танҳо дар соли 2022 ихроҷи гази карбонат 36000 тонна ва моддаҳои дигари ифлоскунандаи ҳаво 280 тонна кам шудааст.
Фақат соли 2022 электробусҳои шаҳри Москва 117 миллион мусофирро ба манзил расонданд. Аз рӯи ҳисоби коршиносон, хароҷоти хизматрасонии электробус нисбат ба троллейбус 10 дарсад камтар (арзонтар) будааст. Бартарии ин намуди нақлиётро ба назар гирифта, маъмурияти корхонаи маъруфи КамАЗ мақсад гузоштааст, ки дар корхонаи вагонсозии Соколникии шаҳри Москва истеҳсоли электробусро ба роҳ монад. Дар ин корхона соле 500 электробус истеҳсол хоҳад шуд.
Бартарии дигаре, ки коршиносон ба қайд гирифтанд, ин ҷалби бештари мусофирон ба электробус мебошад. Яъне, мусофирон дизайни зебо, шароити мусоид (кондитсионер), медиаэкрани иттилоотӣ ва ройгон будани Wi-Fi- ро ба назар гирифта, барои ба ҷои кору таҳсил рафтан электробусро интихоб мекунанд.
Ҳоло дар роҳҳои пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе бисёр мошинҳои сабукравро мебинем, ки саҳару бегоҳ танҳо бо як нафар (худи ронанда) ҳаракат мекунанд. Яъне, ҳамагӣ ду ё се мошини сабукрав дар роҳ ҷои як электробусро мегирад, аммо электробус ҷойи 2-3 мошини сабукравро ишғол намуда, 60-70 мусофирро ба манзил мерасонад. Агар шаҳрвандон ба ҷои мошини сабукрави шахсиашон ҳар чӣ бештар аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд, танбашавии роҳҳо хеле кам мешавад.
Нақлиёти ҷамъиятӣ низ симои шаҳр аст. Боварӣ дорем, ки ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро дар дигар шаҳрҳои мамлакат низ ҷонибдорӣ менамоянд ва дар маҷмӯъ, Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои «энергияи сабз», «нақлиёти сабз» ва «иқтисодиёти сабз» дар арсаи ҷаҳон маъруф мегардад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»