Душанбе — пойтахти кишвар рӯз то рӯз обод ва сарсабз мешавад. Он ба садсолагӣ, ки соли 2024 фаро мерасад, дар авҷи рушду камол ва созандагию навшавӣ қадам мегузорад.
Душанбе охирҳои асри XIX-аввалҳои асри XX тафреҳгоҳи тобистонаи беки Ҳисор буд. Дар он рӯзҳои душанбе бозор барпо мешуд ва номаш аз ҳамон ҷост. Ковишҳои археологӣ собит кардаанд, ки пойтахти кишвар таърихи қадимтар низ дорад. Дар даврони Юнону Бохтар ва Кушониён ин ҷо шаҳри на чандон калоне мавҷуд будааст, ки то ба истилои муғул арзи ҳастӣ кардааст.
Соли 1924 Душанбе деҳаи назарногире буд бо кулбаҳои похсагини болояшон найпӯш. Танҳо як бинои он намуди беҳтар дошт. Он беморхона буд, ки бо ташаббуси зиёиёни пешқадами рус, аскарони руси дар мавзеъ қарордоштаю мардуми маҳаллӣ соли 1911 сохта шудааст ва то давраи бунёди боғи «Рӯдакӣ» дар ҳудуди шифохонаи ҷумҳуриявии бемориҳои рӯҳӣ вуҷуд дошт. Нахустин иншооти ҳозиразамон дар пойтахт бинои Театри ба номи В. Маяковский ба шумор мерафт, ки соли 1928 сохта шуда, дар он мақомоти марказии ҷумҳурӣ қарор дошт. Сипас, соли 1931, бинои Совнаркоми (Ҳукумати) РСС Тоҷикистон дар рӯ ба рӯи шаҳрдории Душанбе қомат афрохт. Солҳои сиюму чилуми асри гузашта дар хиёбони Рӯдакӣ бисёр биноҳои замонавӣ, аз ҷумла, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, донишгоҳҳои омӯзгорию тиббӣ, собиқ Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва ғайра сохта шуданд. Бунёди биноҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоб, чойхонаи «Роҳат», Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷмааи меъмории майдони «800-солагии Москва», Бонки миллии Тоҷикистон, меҳмонхонаҳои «Вахш», «Помир», «Пойтахт», Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн, хонаи хизмати маишии «Садбарг», як қатор биноҳои бисёртабақаи истиқоматӣ, иҷтимоию фарҳангӣ бошад, ба солҳои панҷоҳуму шастуми асри гузашта рост меояд. Солҳои 70-уму 80-ум дар пойтахт биноҳои меҳмонхонаи «Тоҷикистон», Кохи «Борбад», Хонаи нависандагон, Кохи «Ваҳдат», меҳмонхонаи «Авесто», Сирки давлатӣ қомат рост карданд ва шаҳр ободу зебо шуд. Аммо бо ин ҳама, Душанбе як шаҳри дурафтодаи музофотии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Навигариҳою дигаргуниҳо ба он аз ҳама охир мерасиданд. Аз чӣ бошад, ки дар шаҳр солҳои мадид биноҳои аз чортабақаю панҷтабақа боло намесохтанд. Хонаҳои 9-12-табақа танҳо солҳои 80-уми асри гузашта пайдо шуданд. Раванди сохтмон бо кундӣ пеш мерафт. Баъзе сохтмонҳо солҳо тӯл мекашиданд, ки сабабаш, шояд, камбуди маблағ буд.
Марҳилаи ҳалкунандаи рушд барои пойтахт баъди истиқлолёбии кишвар ва қатъи ҷанги шаҳрвандӣ фаро расид. Тоҷикистон давлати мустақил шуд ва Душанбе рисолати воқеии пойтахти давлати соҳибихтиёр буданро ба даст овард. Масъулияти бузурге бар дӯши шаҳр ва соҳибватанон афтид. Душвориҳо кам набуданд. Аҳолии пойтахт ба як миллион нафар дакка зад, манзил намерасид, шабакаҳои барқу гармидиҳӣ ва обрасонӣ куҳнаю фарсуда шуданд… Ҳамаи ин мушкилӣ аз оғози рӯзҳои оромӣ муваффақона ҳал шуда истодаанд. Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» шароити зиндагии сокинони пойтахтро ба маротиб беҳтар кардааст. Парки нақлиёти ҷамъиятӣ пайваста густариш меёбаду нав мешавад.
Дар Душанбе «Қасри Миллат», Кохи «Наврӯз»-у «Наврӯзгоҳ, Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллӣ, маҷмааи меъмории «Боғи Ирам» ва даҳҳо коху кушкҳои дигар бунёд шуданду мешаванд. Чашми мардум акнун ба дидани биноҳои 13, 15, 20, 30 — табақа одат мекунад, ки босуръат майдонҳои холиро пур мекунанду ҷойи биноҳои фарсудаи 4-5-табақаро мегиранд.
Душанбе ҳамеша чун «шаҳри сабз» шуҳрат дошт. Аммо бунёди боғу гулгашт, майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдакон, ки ҳоло назди манзилгоҳҳо ҷараён доранд, бо ҳеҷ давре қобили қиёс нест. Беихтиёр шаҳрҳои бузург ба ёд мерасанд, ки одамон аз гарду чанг ва бӯи тааффуномези бензин роҳат нафас намегиранд. Калонтарин бозорҳои Душанбе акнун дар биноҳои муҳташаму зебои болопӯшида ҷой гирифтаанд ва растаҳои ифлосу бадбӯйро дар кам ҷое метавон пайдо кард.
Ёд меояд он айёме, ки мамлакат соҳибихтиёр гардиду бо соири кишварҳои дунё робитаи мустақими дипломатӣ барқарор намуд. Маъмулан, он айём низ сафару ташрифҳои давлативу расмии роҳбарони кишварҳо сурат мегирифт. Вале имконияту зарфияти қабулро кам доштем. Имрӯз Душанбе метавонад дар як вақт даҳҳо сарвари кишварро ба оғӯши пурмеҳру навозиш бигирад. Ё дар ҳамон солҳо намедонистем меҳмонони воломақомро бо кадом ёдгории таърихиву фарҳангӣ, ё арзишҳои фарҳангии халқ ошно созем. Имрӯз ҳар як бинанда ба Кохи «Наврӯз», Осорхонаи миллӣ, Қалъаи Ҳисор «Наврӯзгоҳ», Парчами милливу Нишони давлатӣ, маҷлисгоҳу толорҳои бошукӯҳ, боғу гулгаштҳои зебо бо намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои эҳёгардидаи халқ бо эҳтиром менигарад.
Имрӯз шаҳри сулҳ — Душанбе ба унвони боамнтарин, беҳтарин ва зеботарин пойтахтҳои минтақа ва Осиёи Миёна ба ҷаҳониён муаррифӣ гардида, ба маркази баргузории конгрессу симпозиум, конференсияву ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ҳамчунин, намояндагони кишварҳои дунё аз Осиёву Аврупо, Амрикову Африқо бо назофату тозагӣ, умрону ободӣ, беҳдошту гулкории пойтахт шинос гардида, лаб ба ситоишу аҳсант мекушоянд.
Хулоса, Душанбе рӯз то рӯз дар чанд самт-ҳам ба паҳно, ҳам ба боло ва ҳам ба дохил густариш меёбаду таҷдид мешавад, ҳашамату ҷалол касб карда, босуръат ба як шаҳри модерну замонавӣ мубаддал мегардад. Инро на фақат худамон мегӯем. Он аз назари хориҷиён низ пинҳон нест. Яке аз шабакаҳои телевизионии хориҷӣ чанде пеш мусоҳибаеро бо Масъуди Сипанд — шоири маъруфи эронии муқими Амрико пахш кард. Шоир таассуроти неки хешро аз дидани манзараҳои пойтахти кишвар, биноҳои муҳташам ва нақлиёти ҳозиразамон баён дошта, Душанберо яке аз беҳтарин шаҳрҳои Ховари Миёна номид, ки боиси ифтихор аст.
Шаҳрҳо худ аз худ ба вуҷуд намеоянд. Онҳоро одамон бунёд мекунанд. Аз ин рӯ, набояд фаромӯш кард, ки дар пушти ободиҳои Душанбе заҳмати шабонарӯзии садҳо нафар бинокор, муҳандис, барқчию нақлиётчӣ, одамони касбу кори дигар ва аз ҳама муҳим, ҷаҳду талоши роҳбарони пешину ҳозира ниҳон аст.
Мирзошоҳрух Асрорӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон