Шаҳри Турсунзода. Бехатарии озуқаворӣ таъмин аст

№71 (4333) 29.05.2021

davКормандони Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Турсунзода ҳар рӯз баҳри иҷрои уҳдадориҳои хеш талош меварзанд.

Сардори маркази зикр­шуда Шарифбек Раҳимов зимни суҳбат гуфт, ки тайи се моҳи аввали соли ҷорӣ мутасаддиён 4518 сар чорвои калонро аз ташхиси брутселёз гузарониданд. Хушбахтона, ин ­навъи маризӣ ва дигар намуди бемориҳои хавфнок ба қайд гирифта нашуд. Бо мақсади пешгирии касалиҳои сироятӣ, аз ҷумла, сӯхтанӣ, «ШТ-82», сумдард, қарасон, тайлериоз, ротавирус ва дигар намуди бемориҳо ба 25 ҳазору 318 сар чорвои калон ва 6 ҳазору 555 сар чорвои майда низ эмгузаронӣ шуд. Илова бар ин, мутахассисони марказ 393 сар модаговро тариқи сунъӣ бордор намуда, аз онҳо 102 сар гӯсолаи хушзоти симентал ва сиёҳало гирифта шуд.

Иттилоъ гирифтем, ки барои содироти 9 ҳазору 337 тонна ангур 31 сертификати фитосанитарӣ дода шуда, 9 иншоот дезинфексия гардидааст.

Бо ҳадафи таъмини бехатарӣ дар самти маҳсулоти ғизоӣ дар нуқтаҳои савдо 3 ҳазору 789 ташхис гузаронида, алайҳи 21 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳоро 3 ҳазору 358 сомонӣ ҷарима бастаанд. Тайи муддати зикршуда аз ҳисоби хизмат­расониҳои байторӣ 42 ҳазору 227 сомонӣ ва фитосанитарӣ — карантини рустаниҳо 5 ҳазору 211 сомонӣ ба суратҳисоби Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ворид шуданд.

dav- Ягона мушкили марказ дар шаҳр ба талаботи замон ҷавобгӯ набудани иморат буд. Роҳҳои ҷалби сармояи хориҷиро пайдо карда, дар кӯтоҳтарин муддат тавонис­тем ин мушкилиро бартараф созем. Бо маб­лағгузории ташкилоти хориҷии Ҷамъияти хайриявии «Тавҳид» сохт­мони бинои марказ иборат аз 3 ошёна ва 6 ҳуҷра идома дошта, азм дорем, ки онро дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба истифода супорем, — гуфт дар фарҷоми суҳбат Ш. Раҳимов.

Ёқуби СОДИҚ,

«Садои мардум»