Бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз бемории сироятии «Covid-19», ба Кодекси маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардида, баъд аз мавриди амал қарор гирифтан нафароне, ки бе ниқоби тиббӣ дар кӯча ва ё дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштугузор мекунанд, ҷарима мешаванд. Иддае аз тоҷирони бозори марказии шаҳри Турсунзода вабои асрро саҳл шумурда, бо беэҳтиётию беэътиноӣ ҷони худ ва садҳо мизоҷро дар хатар мегузоранд. Ҳангоми боздид намудан аз бозор ҳолатҳои бениқобӣ миёни заноне, ки ба фурӯши хӯришҳо (салатҳо)-и дар шароити хона омодашуда ва дӯғу сабзавот машғуланд, зиёд мушоҳида шуд.
Дар рӯ ба рӯи онҳо дӯконҳои гӯштфурӯшӣ ҷойгир буда, фосилаи байнашон 1,5-2 метрро ташкил медиҳад. Табиист, ки фасли гармо, ҳар куҷое гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ ҳаст, магасҳо он ҷо ҳуҷум мекунанд. Ин ҳашарот, ки барангезандаи бемориҳои сироятӣ дониста мешавад, нуқоти гӯшту хӯришфурӯширо дар бозор ба «хатсайр» табдил додаанд.
Салату дӯғфурӯшон даҳҳо нафар буда, нуқтаҳои савдояшон тахминан 50 метрро фаро мегирад. Аз рафтуомади мунтазами аробаю пиёдагардони зиёд ва аз замин бархостани чангу хок ба осмон ва нишастан болои дӯғу хӯриш мушкили дигари ба ин масъала рабтдошта маҳсуб мешавад.
Раиси Раёсати ҷамъияти матлуботи шаҳри Турсунзода Набиҷон Умаров гуфт, ки дар бозор қариб ҳар рӯз корҳои профилактикию безараргардонӣ гузаронда шуда, вазъи санитарию эпидемиологӣ зери назорати қатъӣ қарор дорад. Қариб 1450 соҳибкор дар бозор савдо мекунанд, ки ягон нафари онҳо бе ниқоби тиббӣ нестанд. Нозирони минтақавии милитсия низ дар ин самт назорати ҷиддӣ мебаранд.
Бо сухани хушку холӣ ва худсафедкунӣ наметавон ин ҳолатро инкор кард, зеро акси бе ниқоби тиббӣ будани чанд соҳибкорро дар даст дорем.
Дар қисмати дигари бозор дӯконҳои фурӯши маводи агрокимиёвӣ, доруҳои зиддиҳашарот ва дорухонаҳои байторӣ фаъолият мекунанд. Мутаассифона, як гурӯҳи тоҷирон дар шафати онҳо ба фурӯши меваҷоту сабзавот ва дигар анвои маҳсулоти ғизоӣ машғуланд. Онҳо ба ин амалашон роҳи бозорро танг кардаю талаботи бозордориро вайрон кардаанд. Илова бар ин, чунин амалҳо зидди қоидаҳои бехатарӣ буда, дар ҳолати сар задани сӯхтор барои фавран ворид шудани мошини сӯхторнишонӣ монеъ мешаванд. Пас мутасаддиёни Қисми 13-уми ҳарбикунонидашудаи оташнишонӣ оид ба шаҳри Турсунзода ба куҷо менигаранд?
Гарчанде роҳи минтақаи оҳангарони бозор сангфарш гардида бошад ҳам, вале ба талабот ҷавобгӯ нест. Айёми боришот роҳ пур аз лойю об асту фасли гармо чангу хок. Ҳайратовар ин аст, ки маъмурияти бозор иҷозат додааст, то дар қатори устоҳои досу бел, каланду табар ва аробасозон он ҷо 3-4 соҳибкор ба фурӯши пистаю бодом, мавизу дигар намуди озуқа машғул шаванд.
Мушкили дигаре, ки моҳҳост аз беназоратию бетарафии масъулон бартараф намешавад, баромадани об рӯи роҳи байни маркази «Савдо» (машҳур ба бозори «яклухтфурӯшӣ») ва бозори марказӣ мебошад. Ба гуфти савдогарон, муддати тӯлонист, ки қубури обгузар дар ин ҷой корношоям шудаасту обаш ба рӯйи роҳи мошингузару пиёдагард меравад.
Турсунзода, шаҳри саноатию аграрӣ буда, бо алюминию ангур машҳур аст. Ҷой доштани чунин бетартибию бенизомӣ дар бозори марказӣ, ки оинаи шаҳр маҳсуб мешавад, боиси таассуф буда, латма ба обрӯи шаҳр мезанад. Тибқи ваъдаи раиси Раёсати ҷамъияти матлуботи шаҳр, баъди ду моҳ камбудиҳо бояд пурра бартараф шаванд. Вақт довар аст. Ба ин мавзӯъ боз бармегардем…
Ёқуби СОДИҚ, «Садои мардум»