Бонги изтироб

Шаҳри Турсунзода. чаро чопхона «ҳашаротхона» шуд?

№6 (4268) 16.01.2021

davКорхонаи табъу нашри шаҳри Турсунзода то чанд соли қабл фаъолият мекард. Ҳафтавори «Диёри Турсунзода» нашрияи расмии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар маҷаллаҳои маҳаллӣ маҳз дар он ба табъ мерасиданд. Чопхона феълан чӣ ҳол дорад? Бо мақсади дарёфти посух ба ин савол ҷустуҷӯи муассиса рафтем.

 Вақте ки суроғаи онро пурсидам, бинои харобгаштаи басо фарсударо нишон доданд. Иншоот дар маркази шаҳр, аниқтараш тахминан сад метр дуртар аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷойгир буда, ҳоли табоҳ дорад. Тирезаҳо куҳнаю шикаста, деворҳо фарсудаанд. Дар назди бино замини холӣ ҳаст, ки ба таваққуфгоҳи ғайриқонунии мошинҳо табдил ёфтааст. Аз иншооти ёрирасон ҳамагӣ як хоначаи вайрона боқӣ мондаасту бас. Вазъи дохили бино аз берун бадтар буда, ба ҳашаротхона мубаддал гаштааст. Бовари кас намеояд, ки ин даргоҳ як замон обод буду фаъолияти босамар дошт. Матбааро кӣ ба чунин ҳол овард ва дастгоҳҳои чоп куҷо шуданд?

Норқул Рабиев, собиқ сармуҳаррири ҳафтавори «Диёри Турсунзода» ва роҳбари корхонаи табъу нашр, гуфт, ки «Қаблан дар ҷойи бинои чопхона ҳавлии истиқоматӣ буд. Солҳои 70-ум чопхонаро шахсе бо номи Ғафур Саломов сохтааст. На танҳо ҳафтавору маҷаллаҳо, балки китобу бланкаҳои муассисаю идораҳоро низ дар он чоп мекарданд. Аз соли 1998 то соли 2017 корхона ҳамчун зертобеи ҳафтавори «Диёри Турсунзода» фаъолият кард. Банда чанд сол сармуҳаррири ҳафтавор ва роҳбари чопхона будам. Соли 2016 ихтиёран аз вазифа озод шудам. Дар вақти фаъолияти ман матбаа таҷҳизоту дастгоҳи чопӣ дошт, аммо фарсудаю корношоям буданд.

Баъди аз кор рафтани Рабиев, Фирӯза Мӯъминоваро сармуҳаррири ҳафтавори «Диёри Турсунзода» ва роҳбари корхонаи табъу нашр таъин карданд. Мавсуф зимни суҳбат зикр кард, ки он вақт корхона пурра аз фаъолият монда буд. Ба раиси вақти шаҳр хаттӣ муроҷиат кардам, ки ё корхонаро бо ҷалби соҳибкорон эҳё кунед ё барҳам диҳед. Дастгоҳҳо дар тавозуни Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ буданд. Вақте ки бинои чопхона аз эътибор соқит шуд, масъулони вазорат онҳоро бурданд. Дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ дастгоҳҳоро ба музояда гузошта, фурӯхтанд. Маблағаш ҳам ба суратҳисоби вазорат ворид шуд.dav

Бино ба иттилои расида, ҳоло бинои корхона хусусӣ шудааст. Мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳр Диловар Турсунзода зимни суҳбат чунин иброз намуд:

- Намедонам хусусӣ аст ё давлатӣ. Агар давлатӣ мебуд, дар рӯйхати корхонаҳои давлатӣ номаш дарҷ мешуд. Дар вақти роҳбарии ман, ягон бинои давлатӣ хусусӣ нашудааст. Роҷеъ ба ин масъала маълумоти дақиқ надорам ва намедонам.

Бори дуюм аст, ки иҷрои вазифаи хизматӣ бандаро назди мудири бахши амвол — ҷаноби Д. Турсунзода мебарад. Вақте ки ба ӯ одитарин саволро дар бораи амволи давлатӣ пешниҳод мекунам, «вақт надорам»-у «навкорам» ва «намедонам»-ро «шиор» карда, ба ягон савол ҷавоби дақиқ намедиҳад.

Агар дар вақташ масъулин корхонаи табъу нашрро бо дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мекарданд, ҳоло ҳам шаҳр соҳиби матбаа буду ҳам бино аз даст намерафт. Маҳз саҳлангории мутасаддиён муассисаи давлатиро ба нестӣ бурд. Шарҳу тавзеҳи онҳоро интизорем…

Ёқуби СОДИҚ,

«Садои мардум»