Теъдоди омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки рӯ ба муҳоҷират оварданд, зиёд аст. Аз ноҳияи Шаҳринав низ садҳо омӯзгор тарки пеша карда, ба муҳоҷират рафтанд.
Шаҳло Юлдошева, масъули бахши кадрии шуъбаи маорифи ноҳия дар робита ба масъала гуфт:
- Аз моҳҳои апрел ва майи соли 2021 то аввали моҳи феврали соли 2022, дар маҷмӯъ, 322 омӯзгор бо сабабҳои гуногун тарки кор карданд. Аз рӯи таҳлилҳо 214 омӯзгор ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.
Ба гуфти масъулон, бештари омӯзгорон бо ҳадафи соҳиб шудани шаҳрвандии Федератсияи Россия кӯч мебанданд. Ҳатто омӯзгорони ҷавоне, ки баъди хатми донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат бо роҳхати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба кор қабул мешаванд, баъди як-ду моҳи фаъолият, ба муҳоҷират мераванд. Сабаби тарки пеша карданро камии музди меҳнат арзёбӣ мекунанд.
Вобаста ба ин масъала хостем бо мудири шуъбаи маорифи ноҳия Мушаррафа Шарифова суҳбат кунем. Мутаассифона, номбурда дар ҷойи кор набуд. Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2021 мудири шуъба зимни суҳбат гуфта буд, ки асосан нарасидани музди меҳнат боиси тарки кор кардани омӯзгорон мегардад.
- Маоши мансабии омӯзгорони нав ба кор қабулшуда ҳамагӣ 500-600 сомониро ташкил медиҳад. Ин маблағро бояд роҳкиро кунад, ҳар рӯз хӯроки нисфирӯзӣ хӯрад ва ҳам дар зиндагӣ сарф намояд. Ҳатто директорони мактабҳо ихтиёрӣ аз кор рафтанд. Чанд корманди шуъба низ тарки кор карданд. Онҳо мегӯянд, ки бо 700 — 800 сомонӣ моҳона имкони пешбурди зиндагӣ нест. Раиси ноҳия ба қадри имкон омӯзгоронро дастгирӣ карда истодааст, — афзуда буд номбурда.
Масъулон мегӯянд, аксар муаллимони муҳоҷиршуда, кадрҳои хуби соҳа буданд. Солҳо лозим аст, то ба мисли онҳо омӯзгор омода шавад. Агар ин раванд идома ёбад, дар ояндаи наздик соҳа ба буҳрони ҷиддии кадрӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Ёқуби СОДИҚ,
«Садои мардум»