Шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав аз ҳамкории судманд бо воситаҳои ахбори омма, хусусан, рӯзномаи «Садои мардум», қаноатманд буда, ҷиҳати инъикоси воқеъбинона ва муаррифии дастовардҳои соҳа ба роҳбарият ва ҳайати эҷодии он изҳори сипос менамояд.
Вобаста ба матлаби рӯзноманигор Ёқуби Содиқ «Шаҳринав. 322 омӯзгор тарки пеша карданд» (19.03.2022, №35-36) иттилоъ медиҳем, ки он дар ҷаласаи назди мудири шуъбаи маориф баррасӣ шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар давраи таътили тобистона муваққатан ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани омӯзгорон ба мушоҳида расида, дар оғози соли таҳсили нав мушкилот бартараф мегардад. Омори истифоданамудаи муаллифи мақола ба анҷоми соли таҳсили 2020-2021 рост меояд ва мушкилот, бо дарназардошти захираҳои кадрии соҳа дар ноҳия дар оғози соли таҳсили 2021-2022 бартараф шудааст.
Соли таҳсили нав бо роҳхати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ 33 нафар, аз ҳисоби хатмкардагони макотиби олии омӯзгорӣ — 131, аз ҳисоби омӯзгорони ба соҳа баргашта — 16 ва аз ҳисоби баргаштан аз муҳоҷирати меҳнатии муваққатӣ 18 нафар, дар маҷмӯъ, 198 мутахассис дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба кор таъмин гардида, эҳтиёҷи кадрӣ ба 12 нафар ҷой дораду халос.
Инчунин, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати рушди соҳаи маориф бо ҷалби соҳибкорон ва ашхоси саховатманди маҳаллӣ пайваста ёрӣ мерасонад. Дар давоми ду — се соли охир бинои 15 муассисаи таълимӣ навсозӣ гардида, се мактаби нав ташкил шуд. Айни ҳол дар ноҳия 8 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 10 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 38 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, 2 литсейи хусусӣ, литсейи касбӣ-техникӣ, мактаб — осоишгоҳ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 1550 омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Ҳамчунин, рӯзҳои наздик барои 620 хонандаи лаёқатманд бинои литсейи замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Дар се соли охир 42 омӯзгор бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардида, танҳо соли 2021-ум 14 нафар бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», 3 нафар бо медали Хизмати шоиста» қадрдонӣ ва дараҷаи тахассусии 138 омӯзгор баланд бардошта шуд.
56 омӯзгоре, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм — фурӯғи маърифат» ғолибият ба даст овардаанд ё шогирдонашон ҷойҳои намоёнро ишғол карданд, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. 69 омӯзгор аз имтиёзҳои барояшон муқарраргардида, аз қабили гирифтани қарзи имтиёзнок, бархӯрдоранд.
Шуъбаи маорифи ноҳия минбаъд низ баҳри бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани таълимгоҳҳо аз тамоми имконият самаранок истифода менамояд.
М. ШАРИПОВА,
мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав