ШАҲРИНАВ. ҲАМОИШИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ БАРГУЗОР ШУД

№ 01.11.2024

Р-я2- Занони деҳот беш аз чоряки аҳолии сайёраро ташкил намуда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ нақши арзанда доранд, — гуфт зимни баргузории ҳамоиши занони ноҳияи Шаҳринав мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Робия Абдуҷалил.

Р. Абдуҷалил иттилоъ дод, ки танҳо дар сатҳи ноҳияи Шаҳринав 196 зан ба ҳайси сарвар вазифаҳои роҳбарикунандаро ишғол мекунанд. Дарвоқеъ, истиқлоли давлатӣ ба занони тоҷик имкониятҳои зиёд фароҳам оварда, мақому мартабаи онҳоро дар ҷомеа боз ҳам афзуд. Ин аст, ки ҳоло занон дар соҳаҳои маориф, тардурустӣ ва дигар самтҳои иҷтимоӣ аксари кормандонро ташкил медиҳанд.

Занону духтарони деҳоти ноҳияи Шаҳринав бо узвияти худ дар сафи ҳизби ҳоким — ҲХДТ низ аксариятро ташкил дода, аз 5716 нафар 3447 нафарашон  бонувон ҳастанд.

Дар фарҷоми ҳамоиш изҳор гардид, ки занон минбаъд низ дар баробари мардон баҳри таъмини ободию гулгулшукуфии  кишвар ва бунёди ҷомеаи пешрафтаю тавоно талош хоҳанд кард.

Сайидо НАЗАРОВ,

 «Садои мардум»