Мутобиқи моддаи 27-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», ба шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ тибқи даъват аз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мураххас мешаванд, барои бекорӣ дар ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақали муқарраршуда кумакпулӣ пардохт карда мешавад. Оё ин моддаи қонун дар ноҳияи Шаҳринав мунсифона татбиқ мегардад?
Аз идораи рӯзнома ба унвони сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар мавриди пешниҳод намудани маълумоти зарурӣ роҷеъ ба мавзӯъ 11-уми феврали соли 2022 таҳти №57 дархост ирсол шуд. Сардори он Асомиддин Исломзода ба дархост хаттӣ иттилоъ додааст, ки соли 2021 ба 75 хизматчии ҳарбӣ 38 ҳазору 960 сомонӣ ёрдампулӣ пардохт шудааст. Дар ин бобат бо иддае аз сарбозони соли гузашта аз хизмати ҳарбӣ мураххасшуда телефонӣ суҳбат намудам. Маълум гардид, ки бархе аз онҳо қисман кумакпулӣ гирифта, баъзеҳо нагирифтаанд.
Хуррамбек Одинаев, ки тирамоҳи соли 2021 аз Артиши миллӣ рухсат шудааст, зимни суҳбати телефонӣ гуфт:
- Моҳи октябри соли гузашта, баробари омадан аз хизмати ҳарбӣ барои гирифтани кумакпулӣ ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия муроҷиат намудам. Ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кардам. Масъулон гуфтанд, ки ҳоло пул надоранд. Дар ҳолати пайдо шудани имконият даъватам мекунанд. Борҳо ба ин идора рафтам, аммо «пул нест» гуфтанд. Ҳамхизматонам, ки сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳастанд, сари вақт пулашонро гирифтанд.
Наҷмиддин Бобоҷонов моҳи апрели соли 2021 хизмати ҳарбиро бо сари баланд адо кардааст. Мутасаддиёни шуъбаи агентӣ сеюми майи ҳамон сол ӯро мақоми бекорӣ дода, 1200 сомонӣ кумакпулӣ муқаррар кардаанд. Яке аз наздикони Н. Бобоҷонов мегӯяд, ки чанд маротиба барои гирифтани маблағи зикршуда ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия рафтанд, аммо бо ваъдаҳои «фардою пасфардо», ҳаққи ӯро надоданд.
- Моҳи апрели соли 2021 писарам аз хидмати аскарӣ рухсат шуд. Барои гирифтани ёрдампулӣ ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия муроҷиат кардем. Пул надоданд. Ба мақомоти дахлдор — комиссариати ҳарбӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия шикоят кардам. Баъд аз ин 200 сомонӣ пули писарамро доданд. 1000 сомонии боқимондаро то ҳол пардохт накарданд. Писарам ба муҳоҷират — Федератсияи Россия сафар кард, — зикр кард модари собиқ сарбоз Одилҷон Қурбонов.
Модари Ҷонмаҳмад Шукуров, сарбози дигар низ аз пардохт нашудани кумакпулии писараш шиква кард. Аз рӯи нақли модар, Ҷонмаҳмад, бо вуҷуди паст будани биноӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат рафта, моҳи апрели соли 2021 хизмати Ватан — Модарро ба анҷом расонидааст. Барои гирифтани ёрдампулӣ ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия муроҷиат намудааст. Кормандони шуъба 23-юми апрели соли гузашта ба ӯ мақоми бекорӣ дода, 1200 сомонӣ кумакпулӣ таъин карданд, аммо ягон сомонӣ надоданд. Борҳо барои талаби ҳаққаш дари муассисаро кӯфта бошад ҳам, вале бенатиҷа.
Аз рӯи феҳристи пешниҳоднамудаи А. Исломзода маълум гардид, ки соли 2021 дар пардохти кумакпулӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ баробарҳуқуқӣ риоя нашудааст. Масалан, аз 19-ум то 30 — юми апрели соли 2021 масъулони шуъбаи агентӣ ба 24 сарбози аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда мақоми бекорӣ додаанд. Мутаассифона, ба баъзеҳо пули кам ва ба бархе аз онҳо зиёд пардохт намудаанд. Аз ҷумла, ба Раҳимов Билол 1200 сомонӣ, Муҳаммадназар Аюбов — 1200, Юнусҷон Акрамов — 1200, Парвиз Асадуллоев — 1000, Маъруфҷон Улчаев — 800 ва Ҳакимҷон Шукуров 800 сомонӣ пардохт шудааст. Инчунин, ба Парвиз Асадуллоев 100 сомонӣ, Раҳматулло Кенҷаев — 100, Меҳроҷиддин Астонаев — 150, Муҳаммад Олимов — 150, Шукрулло Каримов — 200, Хуршед Ҳасанов — 200, Одилҷон Қурбонов — 200, Қобилҷон Гулов — 350, Шаҳрон Кокулов — 350 ва Фариддун Сироҷев 350 сомонӣ додаанд.
А. Исломзода мегӯяд, ки мутобиқи қонунгузории мамлакат, онҳое, ки мақоми бекорӣ гирифтанду дар ин раванд ҷойи будубошашонро иваз карданд, аз дастрасӣ ба кумакпулӣ маҳрум мегарданд. Дар хусуси нобаробарӣ гуфт, ки он ҳисоботи соли 2021-ум аст ва ӯ имсол ба ин вазифа таъин гардидаасту ба давраи кориаш рабт надорад.
Дар дархости идораи нашрия аз А. Исломзода феҳристи умумии дар соли 2021 ба кор таъминшудагон тақозо шуд. Мутаассифона, аз пешниҳоди он саркашӣ намуда, гуфт, ки ба унвони роҳбарияти болоӣ расман мактуб мефиристад. Дар ҳолати розигӣ додан, рӯйхатро пешниҳод мекунад. Вале аз санг садо ҳасту аз Исломзода то ҳол не. Ва мо мавзӯъро пайгирӣ мекунем.
Ёқуби СОДИҚ,
«Садои мардум»