Шаҳринав. Иншооте, ки тӯли 22 сол сохтмонаш анҷом наёфт

№90 (4352) 06.07.2021

sdrҲангоми гузаштан аз шафати варзишгоҳи марказии ноҳия хостам вазъи онро омӯзам. Он, ки тақрибан 300 — 350 метр дуртар аз бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қомат афрохтааст, ҳоли табоҳ дорад.

Масоҳати иншоот қариб 65-70 садякро ташкил дода, шароиташ ба тақозои замон ҷавобгӯ нест. Барои тамошобинон нишастгоҳ аз бетон сохта, болояш тахтаҳои борик гузошта шудааст. Қисме аз тахтаҳои насбшуда аз таъсири борон каҷу фарсуда гашта, сутунҳо рангпаридаю зангхӯрда шудаанд.

- Барои қиёс як маротиба аз варзишгоҳҳои шаҳрҳои Турсунзодаю Ҳисор ва умуман, навоҳии тобеи марказ дидан кунед. Барои ҳаводорон шароити хуби нишастану тамошо кардан фароҳам аст. Мутаассифона, дар варзишгоҳи ноҳияи мо чунин шароит нест. Вақте ба тамошои футбол меоӣ, ҳатман бояд ягон ашё барои нишастан биёрӣ, — гила кард Аҳтам Самадов, сокини ноҳия.

Муҳаммадалӣ Нозимов, директори Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия зимни суҳбат гуфт, ки «варзишгоҳ дорои 2 ҳазор ҷойи нишаст буда, ҳоло пурра ба истифода дода нашудааст. Тибқи нақша, бояд дар қисмати поёнаш низ барои 3 ҳазор одам нишастгоҳ созанд. Мусобиқаҳои футболи шаҳрию минтақавӣ дар ҳамин макон баргузор мешаванд. Варзишгоҳ дар тавозуни мактаби варзишӣ қарор надорад. Азбаски дар утоқҳояш иҷоранишинем, аз рӯи имкон рангубор намуда, тозагиашро таъмин мекунем.

 davСохтмони варзишгоҳ соли 1999 оғоз шуда, соли 2005 соябонашро сохтаанд. Ба иттилои директори Корхонаи воҳиди давлатии «Сохтмони асосӣ» дар ноҳияи Шаҳринав Раҳматулло Маматалиев, ­иншооти зикршуда нотамом буда, дар тавозуни корхонаи «Сохт­мони асосӣ» қарор дорад. Корҳои сохтмонӣ бояд аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ сармоягузорӣ шаванд. Мутасаддиён бо баҳонаи харобии буҷети ноҳия ба таъмири варзишгоҳ бетаваҷҷуҳанд.

Фаридун Давлатов, мудири бахши ҷавонон ва варзиш дар ноҳия, зимни суҳбати телефонӣ гуфт:

- Ноҳия се варзишгоҳ дошта, танҳо марказиаш давлатӣ мебошад. Дар маҷмӯъ, 38 майдончаи варзишӣ дар ноҳия амал карда, сокинон ва дастаҳои футболи маҳаллӣ аз онҳо истифода мекунанд. Нишастгоҳҳои варзишгоҳи зикршуда бетонӣ ҳам бошанд, аммо тахта доранд. Мо имконияти молиявии таъмири пурраи онро надорем.

Роҳбарони ноҳия дар тӯли 22 сол натавонис­танд сохтмонро ба итмом расонанд. Суол ба миён меояд, ки наход то он ҳад буҷети маҳаллӣ касод бошад, ки ақаллан варзишгоҳи марказиро бо курсӣ таъмин карда натавонанд?

Ёқуби СОДИҚ,

 «Садои мардум»