Дар доираи нақша — чорабиниҳои 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти ба номи Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав то моҳи декабри соли 2024 корхонаи хурд барои парвариши 200 ҳазор сар мурғи гӯштӣ бунёд мешавад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав, корхона аз ҷониби соҳибкор Абдуқаҳҳор Шодиев дар масоҳати 0,80 гектар бунёд мегардад.
Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар корхонаи мазкур ба соҳибкор барои иқдоми созандааш дар партави дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ намуд.
Корхонаи мазкур аз чор коргоҳ иборат буда, сехи якуми он барои парвариши 50 ҳазор сар мурғи гӯштӣ дар моҳи марти соли равон омода мегардад.
Сайидо Назаров,
«Садои мардум»