19-уми ноябри соли равон раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода ба шаҳрванд Алишер Ҳоҷиматов — истиқоматкунандаи деҳаи Навбаҳори ноҳияи Шаҳринав, ки рӯзи 25 майи соли 2024 бар асари омадани сел хонаи худро аз даст дода буд, калиди манзили нави истиқоматиро супурд.
Маврид ба ёдоварист, ки қаблан хонаводаҳои деҳаи Навбаҳор, ки аз офати табиӣ зарари ҷиддӣ дида буданд, бо масолеҳи зарурии сохтмонӣ таъмин карда шуданд.
Инчунин, пули мошингузари роҳи деҳаҳои Ҳаёти нав ва Бӯстони, ки аз офати табиӣ зарар дида буд, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ сохта ба истифода супорида шуд.
Сайидо НАЗАРОВ,
«Садои мардум»