Дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ноҳияи Шаҳринав ҷиҳати бунёдкорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Ин ибтикор асосан бунёди мактабу синфхонаҳои иловагӣ, роҳу пулҳои мошингузар, марказҳои тиҷоратӣ, варзишгоҳҳо ва дигар иншооти ҳаётан муҳимро дар бар мегирад, ки ба беҳбудии зиндагии мардуми деҳот равона мегардад.
Аз шумораи умумии иншооти варзишии бунёдшаванда дар ноҳия сохтмони 13 адади он дар деҳоти «Чуст» ҷараён дорад. Дар бунёди майдончаҳои варзишӣ, ки як ҷузъи корҳои ободонӣ дар деҳот ба шумор меравад, сокинон дастаҷамъона саҳм гузошта истодаанд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»