Дар ноҳияи Шаҳринав 2 қаср ва 5 хонаи фарҳангӣ фаъолият мекунанд. Тибқи иттилои масъулон, муассисаҳои мазкур аз 2 то 10 нафар корманд дошта, бинои онҳо ба талаботи муосир ҷавобгӯ нестанд.
- Алҳол қасру хонаҳои фарҳанги деҳоти «Шаҳринав», «Чуст», ба номи А. Ҳасанов ва ИИАС ПАПО «Шаҳринав» ба таъмир ниёз доранд. Бархе аз онҳо ҳатто барои гузаронидани чорабиниҳо толор надоранд, — мегӯяд Маҳмадулло Азимов, нозири шуъбаи фарҳанги ноҳия.
Аз соли 2017 дар маркази ноҳия сохтмони қасри фарҳанг идома дорад, ки фармоишгар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ мебошад. Ба гуфти мутасаддиён, дар ҳолати пурра сохта ба истифода додани қаср, чанд муассисаи фарҳангии маркази ноҳия соҳиби утоқҳои нави корӣ хоҳанд шуд. Кай ба итмом расидани сохтмони «гӯшти уштурхӯрда» суоли бепосух аст. Зеро тӯли панҷ сол лоақал 50 дарсади кор дар иншоот иҷро нагардидаанд. Сабаб, ҳамон тавре ки мегӯянд, дар сатҳи зарурӣ набудани маблағгузорӣ аст.
Зимнан, китобхонаҳо низ дар ноҳия комилан ба тақозои замон ҷавобгӯ нестанд. Масъулон иттилоъ доданд, ки ду китобхона, яке дар деҳаи Ҳаёти нави деҳоти ба номи А. Ҳасанов ва дуюм дар шаҳраки Мирзо Турсунзода дар хонаҳои истиқоматӣ иҷоранишинанд. Норасоии китоб ҳам яке аз мушкилоти умдаи соҳа арзёбӣ мегардад.
- Алъон дар ноҳия 19 китобхона — китобхонаи марказӣ, китобхонаи бачагона ва 17 филиал дар деҳот амал мекунад. Дар онҳо 125 ҳазору 573 нусха китоб мавҷуд аст. Аз ин шумора 49 ҳазору 561 нусхаашро китобҳои тоҷикӣ, 66 ҳазору 824 нусха китобҳои русӣ ва 9 ҳазору 188 нусхаро китобҳо ба забонҳои дигар ташкил медиҳанд. Китобҳо бо забони тоҷикӣ намерасанд. Ба китобҳои бачагона эҳтиёҷ дорем, — зикр кард Зӯҳро Тӯсматова, методисти китобхонаи марказии ноҳия. — Имсол барои хариди китоб аз буҷети маҳаллӣ 2 ҳазору 200 сомонӣ ҷудо гардид, ки 128 нусха китоб харидорӣ шуд.
Соли гузашта барои таъмири муассисаҳои тобеи шуъбаи фарҳанг 22 ҳазору 873 сомонӣ пешбинӣ гардид. 22 ҳазору 149 ҳазори он аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ шуд. Тӯли чор моҳи соли равон 2 ҳазору 702 сомонӣ барои тармими муассисаҳои фарҳангӣ сарф гардида, бо ин маблағҳо наметавон нуқси соҳаро бартараф кард. Агар чунин фориғболию бетаваҷҷуҳӣ нисбат ба соҳа идома ёбад, баъд аз чанд сол ҳоли бахши фарҳанг табоҳтар мешавад.
Ёқуби СОДИҚ,
«Садои мардум»