Шаҳристон. Сокинон ба ҷойи ҳаҷ кӯдакистон месозанд

№ 28.04.2025

Сокинони ватандӯсти ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд маблағҳое, ки барои сафари Ҳаҷ ҷамъоварӣ карда буданд, ихтиёран барои бунёди  бинои иловагӣ дар назди кӯдакистони «Ғунча» сарф намуда, саҳми худро дар ободии маҳал гузоштанд.  

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, зимни сафари корӣ ба ин ноҳия дар бинои иловагии кӯдакистони мазкур санги асос гузошта, бо истидол аз ташаббусҳои созандаи сокинон иброз дошт, ки мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурии кӯдакистон аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дастрас хоҳад шуд.

   Ҷ. САБОҲИДДИН,

   «Садои мардум»