Шаҳритус. Сохтмони 14 муассисаи таълимӣ

№ 30.10.2024

Шахритус мактабДар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус бунёди 14 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар бунёди муассисаҳои таълимӣ саҳми соҳибкорону шахсони саховатпешша назаррас буда, аз ин шумора аллакай 4 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст.

Суҳробшоҳ Саидраҳмонов, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, иброз намуд, ки муассисаҳои таълимӣ барои ба таҳсил фаро гирифтани аз 240 то 640 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Феълан дар ҳафт муассисаи таълимӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, се адади он дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

- Ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дуошёна буда, бо санъати баланди меъморӣ бунёд шуда истодаанд. Баъди бунёди 14 муаасисаи таълимӣ 3500 ҷойи нишаст дар як баст барои хонандагон муҳайё хоҳад шуд, — гуфт С. Саидраҳмонов.

   С. СУЛТОНОВ,

   «Садои мардум»