Ба таваҷҷуҳи вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳритуз не, Шаҳритӯс!

№48 (4154) 16.04.2020

Бо пешниҳоди аҳли зиё ва мусоидату дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз барои ба «Шаҳритӯс» иваз  кардани номи ноҳия вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва вилояти Хатлон  қарор қабул карданд. Боварии комил дорем, ин иқдом дар сатҳи ҷумҳурӣ низ дастгирӣ меёбад ва шакли дурусти номи мазкур эҳё мегардад.

 Академик Юсуфшоҳ Яъқубов дар як мақола таҳти унвони «Дар тақвият ва пешниҳоди Президент дар бораи барқарор намудани номҳои таърихӣ», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият»(аз 06.08.с.2002, №90) ба табъ расидааст, барқарор намудани номҳои таърихии шаҳру деҳоти кишварро яке аз чорабиниҳои тақвияти худшиносӣ ва эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ донистааст. Муҳаққиқ дар  тақвияти суханони боло нигоштааст: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати 60-солагии вилоят пешниҳод намуданд: «Вақти он расидааст, ки мо номҳои таърихии кишварро барқарор намоем. Аз ҷумла, Ленинобод ба Суғд, Қаротегин ба Рашт  ва Ӯротеппа ба Истаравшан иваз шаванд».

Академик Яъқубов аз амалӣ шудани пешниҳоди Сарвари давлат изҳори қаноатмандӣ ва оид ба номҳои чанд ноҳияи кишвар изҳори назар кардааст. Ӯ таъкид доштааст, ки агар номҳои  деҳаҳои тоҷикнишин вобаста ба мавзеъҳои ҷойгиршавии онҳо номгузорӣ мешуданд, ба мақсад мувофиқ  мебуд. Ҳоло номи ноҳияву деҳа ва мавзеъҳое кам нестанд, ки эҳтиёҷ ба баррасию таҳқиқ доранд. Дар ин радиф ноҳияи Шаҳритуз низ қарор дорад. Алҳол мақсад гузоштем,  дар хусуси номи ноҳияи Шаҳритуз ва таърихи пайдоиши он  то ҳадди имкон равшанӣ андозем.

Вақте  бо сокинони ноҳияҳои Шаҳритузу Қубодиён ва Носири Хусрав, ки қаблан дар ноҳияи Шаҳритуз муттаҳид буданд, ҳамсуҳбат мешавед, оид ба ном ва этимологияи «Шаҳритуз» андешаю нуқтаи назари гуногунро мешунавед. Чунончи, бархе бар ин назаранд, ки қисмати дуюми калимаи «Шаҳритуз» яъне «туз» калимаи ӯзбекӣ буда, ба тоҷикӣ намакро ифода мекунад. Яъне Шаҳритуз маънии «Шаҳри намак»-ро дорад. Гӯё ин ном ба кони намак (туз) доштани ноҳия далолат мекунад. Гурӯҳи дигар бар ин андешаанд, ки «Шаҳритуз» дар асл «Шаҳри диз», яъне «Шаҳри қалъа» ном доштааст ва бо мурури замон дар натиҷаи афзудани сокинони он аз ҳисоби туркзабонҳо  «Шаҳри диз» ба «Шаҳритуз» ивази ном намудааст. Ҷонибдорон ин андешаро бо он тақвият медиҳанд, ки дар ноҳия аз гузаштаи дуру наздик қариб 40 қалъа ё диж боқӣ монда будааст ва аз ин сабаб «Шаҳри диз» ном гирифтааст.

Гурӯҳи сеюм, ки бештарашон зиёӣ мебошанд, «Шаҳритуз»-ро «Шаҳритӯс» ном мебаранд ва барои исбот аз шоҳ Қубод, ки ноҳияи Қубодиён бо номи он номгузорӣ шудааст, ёдовар мешаванд. Гӯё дар замони ҳукмронии шоҳ Қубод, Тӯс-паҳлавон дар ин мавзеъ, яъне, ҳудуди Носири Хусраву Шаҳритуз ва  Қубодиён, барои обёрии водии Бешкент фарҳодвор корнамоию ҷоннисорӣ намудаст. Аз ин лиҳоз, минтақа ба исмаш номгузорӣ шудааст.

Муҳаққиқи тоҷик Олим Ғафуров дар китоби «Тафсири мухтасари номҳои ҷуғрофӣ» (Душанбе, с.1983) номҳои бисёр мавзеъҳоро таҳлилу маънидод намуда, доир ба номи Шаҳритуз чунин маълумот медиҳад: «Шаҳритуз, район дар Тоҷикис­тон. Аҳолии маҳаллии туркзабон онро Шаҳритуз мегӯянд. Шояд дар забонҳои туркӣ, умуман, ба маънои ободӣ, нуқтаи аҳолинишин меояд. Аммо дар таркиби номи Шаҳритуз калимаи туз ба маънои дашти ҳамвор истеъмол шудааст. Бинобар ин, маънии Шаҳритуз шояд шаҳри даштӣ, деҳи миёназамин бошад». (Ҳамон китоб, саҳ. 123-124).

Олим ва пажӯҳишгари маъруф шодравон Алиқул Девонақулов, ки зодгоҳаш ноҳияи Шаҳритуз аст, дар китоби «Асрори номҳои кишвар» (Душанбе, с.1989) бо такя ба луғатҳои «Бурҳони қотеъ», Фарҳанги Онандроҷ» ва ғайра калимаи «туз»-ро мавриди таҳқиқ қарор дода, онро «ҷамъкунанда, бороваранда, кашанда, ҳосилкунанда, пӯсти дарахти хаданг, асл, тибиъат» маънидод намудааст. Ва илова кардааст, ки «калимаи «туз-и тоҷикӣ ба «туз»-и ӯзбекӣ ҳеҷ қаробати маънавӣ надорад, магар ин ки шаклан (саҳ.26.). Дар фароварди матлаб А. Девонақулов оид ба маънии номи Шаҳритуз чунин ибрози андеша кардааст: «Аҷаб нест, ки Шаҳритуз на ба калимаи «туз»-и паҳлавии фавқуззикр, балки бо номи паҳлавони номии «Шоҳнома», яъне Тӯс пайваст бошад» (Ҳамон китоб ,саҳ.29).

Муаллифи китоби ӯзбекии «Шаҳритуз биласиз-мӣ?» (Душанбе, с.1996) — собиқ раиси ноҳияи Шаҳритуз шодравон Эргаш Бобоқулов дар хусуси номи ноҳия ибрози назар ва бештар ба «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ такя намудааст. Ӯ дар китобаш қайд намудааст, ки чун Тӯс-паҳлавон дар Шаҳритузу Қубодиёну Носири Хусрав корномаю қаҳрамониҳои бемисл нишон додааст, баъди фавт мардум минтақаро ба номи ӯ-Шаҳри Тӯс номгузорӣ кардаанд.

Шаҳри Тӯс ном доштани мавзеи номбурдаро адиби маъруфи тоҷик, барандаи ҷоизаи давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Юсуф Акобиров ҳам дар романи  «Водии муҳаббат»  ба воситаи қиссаи фоҷиавии «Паҳлавон Тӯс, малика Рашкиқамар» бо обуранги бадеӣ басо хотирмону таъсирбахш манзури хонандагон намудааст.

Якчанд сол пеш нависанда, тарҷумон ва рӯзноманигори  соҳибноми тоҷик, зодаи ноҳияи Қубодиён  устод Бахтиёр Муртазоев зимни як нишаст бо муаллифи ин сатрҳо иброз дошт, ки қиссаи дар боло зикршуда қаблан аз ҷониби ӯ пайдо ва  манзур гардидааст ва баъдан ба китоби «Водии муҳаббат»-и Ю. Акобиров роҳ ёфтааст.

Воқеан, ба номи паҳлавони эрониасл — Тӯс номгузорӣ шудани Шаҳритузро дар баробари адибони маъруф, донишмандону пажӯҳишгарон, аз қабили А. Девонақулов, Раҳими Мусулмониён, Шоҳзамон Раҳмонов, Саид Нуриддин Саид ва Қиёмиддин Сатторӣ  дар матлабҳояшон ба табъ расонидаву зимни суҳбату мулоқотҳо таъкид намудаанд.

Чунончӣ,  рӯзноманигору муҳаққиқи варзида Қиёмиддин Сатторӣ дар матлабаш бо номи «Ҳасрати Дижи Тӯс»  (дар маҷаллаи «Фарҳанг», №6, с.1991) аз дидаю шунидаҳояш дар ноҳияи Шаҳритуз  ёдовар шуда, баъди пурсуҷӯ ва суҳбат бо шахсони куҳансолу таърихдон бора ё Диж (қалъа)-и Тӯсро дар қафои бинои ҷамъияти матлубот ва канори бозори харидуфурӯши молу гови ноҳияи Шаҳритуз  дар ҳолати харобу вайрон пайдо менамояд. Инчунин, бо овардани рубоии зерини олиму адиби бузурги тоҷику форс Умари Хайём дижи паҳлавону сарлашкар Тӯс  будани бораи мазкурро тасдиқ мекунад:

 Мурғе дидам нишаста дар бораи Тӯс,

Дар пеш ниҳода каллаи Кайковус.

Бо калла ҳамегуфт, ки: «Афсӯс, афсӯс,

Ку бонги ҷарасҳову куҷо нолаи кӯс»

 

Доктори илми филология, профессор Шоҳзамон Раҳмонов дар китоби илмӣ-пуб­литсистиаш таҳти унвони «Қубодиён. Сарзамини Тӯс ва Рашкиқамар» (Душанбе, с.2011) навиштааст: «Шаҳритӯс …баъд аз Қубодиёну Бешканд савумин шаҳрест, ки ба номи паҳлавону сипаҳсолор Тӯс номгузорӣ шудааст. Тибқи ривоятҳо шоҳ Қубод барои фазилатҳои зиёд, ахлоқи поку ҳамида ва махсусан, аз дарё бо роҳи корез ба Бешканд об баровардану  дӯстдори духтараш Рашкиқамар будан, он қасабаро ба вай ҳадя менамояд. Дар натиҷа, он шаҳри бузурггурд, шаҳри паҳлавон Тӯс мешавад».  (ҳамон китоб, саҳ.33)

Ба саволи «Тӯс кисту зиндагиномааш аз чӣ иборат аст?» дар навиштаҳои муҳаққиқи тоҷик  М. Диловаров дар саҳ. 468-и ҷилди 7-и Энсиклопедияи Советии Тоҷик, ки соли 1978 таълиф шудааст, чунин посух пайдо кардем: «Тӯс қаҳрамони хамосаҳои халқҳои эронинажод, яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсист. Номаш дар «Артвисура-Яшт»-и Авесто — «Тӯса» омадааст. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Тӯс писари Нузар аст. Пас аз марги падараш вай мебоист ба тахт менишаст, вале барои шоҳи золим будани падараш паҳлавонони Эрон ба тахти шоҳӣ Кайқубодро шинонданд. Тӯс дар аҳди чандин шоҳ сарлашкари Эрониён буд».

Қобили қайд аст, ки муҳақкиқ ва адабиётшинос Шоҳзамон Раҳмонов дар саҳифаҳои 36-37-и китобаш «Қубодиён. Сарзамини Тӯс ва Рашкиқамар» қиссаи Паҳлавон Тӯс ва малика Рашкиқамар»-ро ба таври фишурда ҷой додааст. Бовар дорем, ки барои шинохти бештари шахсияту корнамоиҳои паҳлавон Тӯс ба хонандагон манзур намудани он қисса аз манфиат холӣ нест.

Инак, таваҷҷуҳ намоед ба муҳтавои он: «Ба духтари зебои қадрас Рашкиқамар шоҳзодагон, одамони бою бадавлат аз ҳар гӯшаи ҷаҳон хостгорӣ меомаданд, вале ин духтари бофаҳму андеша ҳар дафъа шарт мегузошт, ки фақат арӯси касе шуда метавонад, ки ба шимоли Бешканд, ба он ҷое ки хушку бесамар ҳаст, об бароварда тавонад.

Шоҳ Қубод ноилоҷ ба ин шарти духтараш розӣ мешавад. Паҳлавонони тануманд аз ҳар кишвар, ҳунарҳои зиёд нишон медиҳанд, аммо муваффақ намешаванд. Ниҳоят, шоҳзода Тӯс аз лаби дарёи Кофарниҳон ба Панҷрӯдак (Бешариқ) бо усули корез об мебарорад, вале рӯзи кушодани он об якбора фаввора зада, корезро вайрон ва шоҳзодаро ҳалок менамояд. Ин ривояти ҷонсӯз аз воқеият дур нест. Дар ҳақиқат, барои ба қисми болои  шимоли Бешканд об баровардан паҳлавонони зиёд ҷонсупорӣ кардаанд».

Муҳаққиқ ва олим Юсуфшоҳ Яъқубов дар матлаби таҳлилиаш таҳти унвони «Дар тақвият ва пешниҳоди Президент дар бораи барқарор намудани номҳои таърихӣ» нигоштааст: «Мақсад аз навиштани мақола ин аст, ки мо бояд номҳои таърихии қадимаро барқарор намоем. Агар номи таърихӣ фаромӯш шуда бошад, пас номе гузорем, ки абадӣ монад». Бешак, ин андешаҳои олими варзида бо нуқтаи назари мо оид ба табдил додани номи ноҳия аз «Шаҳритуз»  ба «Шаҳритӯс» мувофиқат мекунад.

Бешак, номи «Шаҳритӯс»-ро гирифтани ноҳия имкон медиҳад, ки оянда ҷавонон дар пайравӣ ба кору пайкор ва роҳи тайнамудаи Тӯс — паҳлавон дар арсаи меҳнат ва иҷрои корҳои созандаю бунёдкорона ба нафъи халқу Ватан ва баҳри ҳифзи марзу буми аждодӣ ҷасорату диловарӣ зоҳир намуда, ному нишони нек боқӣ гузоранд.   

Азизи ФАТТОҲ,

сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Субҳи Шаҳритуз»