Шамсиддин Шоҳин. Маориф дар ҳоли рушд аст

№12 (4908) 27.01.2025

20250109_102625Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, зери таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Ин соҳаи басо муҳим дар даврони соҳиб­истиқлолии мамлакат рӯ ба тараққӣ ниҳода, ҳамасола бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мактабҳои замонавӣ бо шароитҳои муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Cоли 2024 барои аҳли маориф ва муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миё­наи умумии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин соли нек буд. Теъдоди зиёди хонандагони ноҳия дар озмуну олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Дар робита ба ин ва вазъи кунунии соҳаи маорифи ноҳия мудири шуъбаи маориф Баҳодур Давлатзода чунин изҳори андеша кард: «Дар ин сол бо дастгирии роҳбарияти олии мамлакат шуъбаи маориф соҳиби бинои нав гардид. Бинои шуъбаи маориф аз 3 ошёна иборат буда, дорои 9 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳи барҳаво ва хобгоҳ барои кормандон мебошад. Дастоварди дигар иштироки хонандагони ноҳия дар озмунҳои фаннии сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ аст. Сазовори 25 ҷой дар вилоят, аз ҷумла мутаносибан 5 ҷойи якуму дуюм, 15 ҷойи сеюм ва роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ маҳсуб мешавад. Дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори 8 ҷой гардиданд. Инчунин, дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» хонандагони ноҳия иштироки фаъолона намуданд.

Феълан дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 48 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 44 муассисаи миёнаи умумӣ, 3 муассисаи асосӣ ва муассисаи ибтидоӣ амал карда, шумораи омӯзгорон 1202 нафарро ташкил медиҳанд. Барои фарогирии кӯдакони синни томактабӣ дар назди ҳар як муассисаи таълимии ноҳия марказҳои инкишофи кӯдак фаъолият менамоянд. Ҳоло дар ноҳия мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор, маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, маркази таҳсилоти иловагӣ ва коммуникатсионӣ, инчунин, технологияи информатсионӣ амал мекунанд. Дар ноҳия ҳамагӣ як муассисаи томактабӣ фаъолият дорад, ки 40 кӯдак дар ду баст ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Айни замон барои 80 кӯдак сохтмони кӯдакистони замонавӣ иборат аз ду ошёна идома дорад. Соли гузашта тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм 48 хатмкардаи мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ ба кор омаданд. Дар асосӣ ариза ба 3 омӯзгори ҷавон замини наздиҳавлигӣ ва ба 9 нафар ба ҳар кадом 6 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.

Соли гузашта бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои муассисаҳои таълимии ноҳия 132 компютеру 4 принтер харидорӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон 40 компютер ва 17 тахтаи электронӣ дастрас шуд.

Ба саволи вазъи зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия чӣ гуна аст? Баҳодур Давлатзода иттилоъ дод, ки барои пушти сар намудани зимистони солҳои 2024 — 2025 барои муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 200 тонна ангишт, 2199 куб ҳезуми хушк ва 2125 литр сӯзишвории дизелӣ харидорӣ шудааст.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»