ШАМСИДДИН ШОҲИН. НАҚШАИ АНДОЗ 134 ФОИЗ ИҶРО ГАРДИД

№ 01.11.2024

Дар нуҳ моҳи соли 2024 дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин нақшаи андоз бо назардошти андозҳои иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 134 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 25 013 ҳазор сомонӣ ворид шуд.

Тавре сардори нозироти андози ноҳия Хоҷавалӣ Сафаралиев изҳор дошт, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба буҷет 25 миллиону 013 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки он нисбати нақша 6 миллиону 353 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Мавсуф, ҳамчунин, иттилоъ дод, ки то 1-уми январи соли 2024 бақияпулиҳои қарзи андоз дар ноҳия беш аз ду миллион сомониро ташкил медод. Ҷиҳати кам  кардани бақияпулиҳои андоз ва пешгирии зиёдшавии он аз тарафи мутахассисони андози ноҳия чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар нуҳ моҳ беш аз якуним миллион сомонӣ қарзи андоз нисбати аввали сол кам гардид.

Дар давраи зикршуда ҷиҳати маҷбуран ситонидани бақияпулиҳои қарзи андоз аз тарафи мутахассисони нозироти андози ноҳия чораҳои таъсирбахш амалӣ гардида, ба суроғаи 647 андозсупоранда ба маблағи 2 миллиону 591 ҳазор сомонӣ огоҳӣ ирсол шуд, ки дар натиҷа беш аз 489 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардид.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 99 субъекти хоҷагидор, аз ҷумла 5 шахси ҳуқуқӣ, 24 соҳибкори инфиродӣ бо шаҳодатномаи махсус, 46 хоҷагии деҳқонӣ, 4 шаҳодатномаи соҳибкорӣ ва 20 соҳибкор бо патент ҳамчун андозсупоранда дар нозироти андози ноҳия ба қайд гирифта шуданд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»