Ба хотири огоҳӣ пайдо кардан аз раванди омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем, зеро айёми боришот ва сардиҳо бештар мушкилоти рафтуомади шаҳрвандон ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба назар мерасад. Аз ин рӯ, бештар аз ҳама бояд ин соҳаи муҳим омодагии ҷиддӣ бинад.
Муовини вазири нақлиёти кишвар Шамсмуҳаммад Назрӣ, ки раиси Ситод оид ба зимистонгузаронии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки ба мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 таҳти №289 ва фармони вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 майи соли 2014 таҳти № 78 ва нақшаву чорабиниҳое, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистон ба ҳамаи муассисаҳои зертобеъ пешниҳод шудааст, корхонаҳои зертобеи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳаматарафа диданд. Дар минтақаи Рашт, шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, ноҳияи Ҳисор ва ВМКБ ситодҳои сайёр ва 16 сентябри соли 2014 ситоди умумӣ бо иштироки вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида, тайёрии муассисаҳои зертобеъ пурра баррасӣ карда шуд.
Сохторҳои марбута бо маводи зиддилағжиш, ангиштсанг, ҳезум ва либосҳои гарм барои коргарон пурра таъминанд. Бо ҳисоби фоиз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 101 фоиз ба тирамоҳу зимистонгузаронӣ омодагӣ дидааст ва ин раванд ҳоло ҳам идома дорад. То имрӯз барои хариди резинаҳои автомобилҳо 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Барои харидорӣ ва захираи 100 тонна сӯзишворӣ низ ҳуҷҷатҳо пешниҳод ва музояда доир шуд.
Тавре маълум аст, вақтҳои охир дар баъзе соҳаҳо мувофиқат накардани рақамҳои оморӣ бо корҳои анҷомдодашуда ба назар мерасад. Аз муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсмуҳаммад Назрӣ оид ба ин масъала пурсон шудем. Номбурда гуфт, ки изофанависӣ дар захираи маводи барои зимистонгузаронӣ зарур ба чашм намерасад, яъне ҳисоботи пешниҳодгардида бо захираи мавҷуда мувофиқат менамояд.
Доир ба омода будани техникаи соҳаи нигоҳдории роҳҳо мавсуф иброз дошт, ки ба ҳолати 16 сентябри соли ҷорӣ 90,1 фоизи техникаҳо таъмир шуда, таъмири боқимонда низ то охири моҳ ба анҷом мерасад. Ҳамсуҳбатам дар идома афзуд, ки имсол аз тарафи Ҳукумати Ҷопон барои минтақаҳои Ҳисору Қӯрғонтеппа 40 адад механизми пуриқтидор, аз қабили «Грейдер», техникаҳои боркаш ва мошинҳои барфтозакунӣ дар заминаи маблағҳои грантӣ дастрас гардид.
Аз соли 2003 инҷониб, бо харидорӣ намудани техникаҳои замонавие, ки аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаҳо амалӣ шудааст, дар маҷмӯъ 50 фоизи механизмҳои соҳа нав карда шудаанд.
-Қисме аз техникаҳои даврони шӯравиро низ таъмир карда, истифода бурда истодаем, — афзуд дар идома мавсуф.
Шамсмуҳаммад Назрӣ мушкилоти асосии зимистонро дар ҷавобгӯй набудани резинаҳои чархҳои автомобилҳои шахсӣ ба талаботи меъёрӣ медонад. Онҳо зимни ҳаракат дар роҳ мемонанд ва дигар мошинҳо низ аз пайи ин нақлиёт ҷамъ шуда, дар натиҷа, тамбашавӣ ба вуҷуд меояд. Аҳолӣ низ бояд барои зимистонгузаронӣ омода шаванд ва пеш аз мавсим резинҳои чархҳои автомобилҳояшонро бо резинҳои барои фасли сармо пешбинишуда иваз намоянд, — гуфт дар фарҷом ҳамсуҳбатам.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»